Аз нашри китоби "Тоҷикон" ҷайби кӣ пур шуд? Таҳқиқи Радиои Озодӣ

Китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров

Ҷустуҷӯҳои Радиои Озодӣ нишон дод, ки аз чопи китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров барои тақсим кардан ба ҳар оила дар Тоҷикистон "Нашриёти муосир" 136 миллион сомонӣ (зиёда аз 13,5 миллион доллар) даромад кард, ки қаблан ба ширкати "Фароз" тааллуқ дошт.

Аз "Нашриёти муосир", бо вуҷуди эълони барҳам хӯрдани ширкати "Фароз"*, то ҳоло ҳамчун "Чопхонаи Фароз" ном мебаранд.

Ширкатҳои дигар бо вуҷуди он ки харҷи камтари чопро пешниҳод ва бо ин шарти асосии тендер (музояда)-ро иҷро карданд, дар музоядаи давлатӣ баранда нашуданд. Чопи китоб барои тақдим ба ҳар хонавода ташаббуси раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд.

Дар Тоҷикистон 1 миллиону 600 ҳазор нусха китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров нашр шудааст ва қарор аст рӯзҳои наздик якнусхаӣ ба ҳар хонавода дар кишвар тақдим шавад. Барои чопи китоб 136 миллион сомонӣ ҷудо шуд. Дар шароити Тоҷикистон бо назардошти иқтисоди хурди кишвар ва таъсири пандемия, чунин супориши давлатӣ бо чунин маблағ як тарҳи калон ба ҳисоб меравад.

"ТАШАББУСИ ВАТАНДӮСТОНА" ВА СЕРДАРОМАД

Дафтари матбуоти президент Эмомалӣ Раҳмон нашри китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро яке аз ташаббусҳои “ватандӯстонаи” раисҷумҳур номида, таъкид кардааст, ки дастрас кардани китоб ба ҳар як хонаводи тоҷик дар “дарки худогоҳиву худшиносии наврасону ҷавонон нақши босазо” мегузорад.

Табъан фикре пеш меояд, ки чунин иқдоми умумимиллӣ ва марбут ба номи сардори давлат поку озода анҷом дода хоҳад шуд, вале як кандукови Радиои Озодӣ нишон дод, ки он ба “супориши адреснок” барои ба ширкати муайян тақдим кардани даромади осоне баробар бо зиёда аз 13,5 миллион доллар табдил ёфтааст.

Моҳи декабри соли 2019 президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба порлумон дастур дод, ки китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аз нав нашр шуда, ба ҳар хонавода дар Тоҷикистон бепул дода шавад.

Ба хотири нашри ин китоб Оҷонси хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии Тоҷикистон рӯзи 21-уми феврали 2020 озмун ва ё тендери кушода эълон кард. Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон фармоишгари тарҳ эълон ва барои иҷрои тарҳ аз буҷаи давлат 136 миллион сомонӣ пул ҷудо карда шуд.

Китоби "Тоҷикон" дар замони Шӯравӣ нашру паҳн шудааст

ОЗМУНИ ЧОПИ “ТОҶИКОН”: ХАРҶИ БЕШТАР -- ХУБТАР?

Мурод аз ташкили озмун ё тендер барои иҷрои кор, хадамот бо пули давлат, дарёфти нархи аз ҳама арзонтар ва сифати беҳтар аст. Ба ташкили чунин тендерҳои давлатӣ дар Тоҷикистон Оҷонси хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ машғул аст. Роҳбарии онро айни замон Зайнулло Шарифзода, бародари Шамсулло Соҳибов -- домоди президент ва молики собиқ ширкати “Фароз” ба уҳда дорад. Ширкати ҳамакора ва фарогире, ки ҳоло ба иддаои масъулонаш барҳам дода шудааст.

Аз рӯйи санадҳое, ки дастраси Радио Озодӣ шудаанд, ба озмуни чопи китоби “Тоҷикон” се нашриёт:

"Ганҷ нашриёт"
"Эр- граф"
"Нашриёти муосир"

довталаб шуда, ариза додаанд, ки омодаанд, 1 миллиону 600 ҳазор нусха китоби “Тоҷикон”-ро бо харҷҳои зерин чоп кунанд:

  • 149 миллиону 920 ҳазор сомонӣ (Ганҷ нашриёт)
  • 133 миллиону 280 ҳазор сомонӣ (Нашриёти муосир)
  • 4 миллиону 500 ҳазор сомонӣ (Эр-Граф).
Бино ба як қарордоде, ки имсол миёни нашриёти "Ирфон"-и Вазорати фарҳанг ва "Нашриёти муосир” баста шудааст, арзиши чопи як нусха китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров бо забони русӣ андаке беш аз 61 сомонӣ ҳисоб шудааст (бо фоидааш аз фурӯш 75 сомонӣ). Бо такя ба ин харҷнома, мешавад гуфт, ки арзиши як нусха "Тоҷикон" бо забони тоҷикӣ низ ҳамин миқдор хароҷот дорад. Яъне, бо такя ба ин ҳисоб, "Нашриёти муосир" аз чопи ҳар нусха китоб ҳудуди 22 сомонӣ фоида мебинад. 

Тавре дар протоколи "Кушоиши пешниҳодҳо ба тендер" зикр шудааст, пешниҳоди "Ганҷ нашриёт" бинобар гарон буданаш рад шуда, “Нашриёти муосир” ва “Эр граф” ба даври дувуми озмун роҳ ёфтанд.

Дар ин давр бо вуҷуди ба маротиб арзон будани пешниҳоди “Эр-Граф”, тавре аз хабари дафтари матбуоти президент бармеояд, “Нашриёти муосир” дар озмун ғолиб интихоб шуд.

Яъне, нашри як нусхаи китоб бино бар пешниҳоди “Нашриёти муосир” 83 сомониву 30 дирам ва “Эр-Граф” 2 сомониву 81 дирам арзиш доранд. Пешниҳоди аз ҳама арзони чопи “Тоҷикон” тавре ба назар мерасад аз “Эр-граф” аст.

Ҳадаф аз ташкили озмун барои иҷрои ин ва ё он кор ҳам ин аст, ки ширкатҳо дар рақобати солим нархи аз ҳама арзонтар бо сифати хубтарро пешкаш кунанд. Нозирони Оҷонсӣ бояд бо назардошти сарфаи пулҳои буҷа пешниҳоди нисбатан арзон бо сифати хубро интихоб ва он ширкатро ғолиби озмун интихоб кунанд. Яъне, агар ин меъёрҳо ба кор бурда мешуд, буҷаи давлати Тоҷикистон 128 миллиону 780 ҳазор сомонӣ сарфа мекард, ки ин пулҳо метавонистанд, ба кори дигаре равона карда шаванд.

Чаро дар тендер нархи арзон интихоб нашуд. Наметавон сифатро баҳона кард, чун маҳсулоти нашриёти “Эр-Граф” сифати баланд дошта, дар озмунҳои байнулмилалӣ ҷоизаҳо гирифтааст.

Менеҷери ин нашриёт, ки худро Бунафша муаррифӣ кард, дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ сабаби нокомии ин ширкатро дар музоядаи нашри китоби “Тоҷикон” шарҳ дода, гуфт: “Тендер ба таври электронӣ доир мешавад, касе коре карда наметавонад. Ба фикрам, нархе, ки мо пешниҳод карда будем, қиматар буд”.

Ҳол он ки бино бар санадҳо, нархи пешниҳодии “Эр-Граф” аз ҳама арзонтар буд, ҳатто чанд баробар. Рӯшан нест, тендер чӣ гуна гузаштааст, ки намояндаи ширкат далели ғалабаи ширкати рақибро намедонад. Ин масъули “Эр-Граф” ба суоли он ки нархи пешниҳодкардаи онҳо чанд буд, гуфт, “ин сирри тиҷоратӣ аст ва танҳо бо ҳар муштарӣ алоҳида баррасӣ мешавад.”

“НАШРИЁТИ МУОСИР” ПИРӮЗ ШУД, Ё ҒОЛИБ КАРДАНД?

Нахуст гуфта шавад, ки ду муддаии супориши давлатӣ ба ин ё он шакл бо ширкати машҳури “Фароз” пайвандҳое доранд. Аз ҷумла, “Нашриёти муосир”, ғолиби озмун, аз ҷониби бисёриҳо “Нашриёти Фароз” номида шуда, айнан дар ҳамон маконе сабти ном шудааст, ки “Ганҷ нашриёт” – корхонаи марбут ба “Фароз” воқеъ аст ва дар соли 2014 дар расми ифтитоҳи он президент Эмомалӣ Раҳмон ширкат карда буд. (Ин сафҳа баъдан пок карда шудааст)

Ҳангоми ба истифода додани "Ганҷ нашриёт"

Дар санадҳое, ки “Нашриёти муосир” пешниҳод кардааст, суроғаи нашриёт ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Обходная 3, зикр шудааст. Номи пурраи ин кӯча қаблан Южно обходная буд ва соли 2016 бо қарори шаҳрдорӣ исми кӯча ба Зарнисор иваз шудааст.

Дар айни чунин суроға ширкати “Ганҷ нашриёт” ҷойгир буд, ки мувофиқи асноди Феҳристи ягонаи шахсони ҳуқуқӣ аз они ширкати “Фароз” аст.

Акс аз саҳифаи "Нашриёти Муосир" дар Фейсбук

Зоҳиран, “Нашриёти муосир” дар ҷойи “Ганҷ нашриёт” ва дар заминаи нав шудани дастгоҳу таҷҳизоти он таъсис дода шуд. “Ганҷ нашриёт” ҳангоми эълони тендер дар моҳи феврали имсол фаъол буд, аммо ҳоло дар Феҳрасти ягонаи шахсони ҳуқуқӣ чун ширкати барҳамхӯрда зикр шудааст. Аммо таҷҳизоти нав мантиқан мебоист ба арзонтар шудани маҳсулот сабаб мегашт, на гаронтар шудани он.

Шаҳобиддини Шуҷоъ, ношири пуртаҷриба ва роҳбари пешини нашриёти “Бухоро” бо такя ба акси китоби тозанашри “Тоҷикон” дар сомонаи расмии раисҷумҳур мегӯяд, “арзиши нашри як нусхаи чунин китоб дар шароити Тоҷикистон аз 45 то 50 сомонӣ буда метавонад”.

Ба гуфтаи Шуҷоъ, “Нашриёти муосир”, ки ҳарчанд як ширкат ва ё шахси ҳуқуқии алоҳида аст, аслан дар ҳамон ҷо ва бо дастгоҳҳое, ки ба “Ганҷ нашриёт” тааллуқ дорад, кор мекунад. “Онҳо назар ба дигар нашриёт дастгоҳҳои замонавӣ ва пешрафта доранд. Яъне, коғазро аз як сӯ мемонед, аз сӯи дигар китоб омода мешавад. Зарурат ба банду баст ва меҳнати дастӣ нест ва ин омил хароҷоти нашри китобро боз ҳам кам мекунад”.

Шаҳобуддини Шуҷоъ

Шаҳобиддини Шуҷоъ бо такя ба таҷрибаи кори худ дар Тоҷикистон афзуд, бо дастури мақомот ҳоло аксари тендер ва ё музоядаҳои давлатӣ нашриёти марбут ба моликони собиқ ширкати “Фароз” дода мешаванд. “Аз ҷумла бланку санадҳои рақамдор то дигар фармоишҳои давлатӣ ба ҳамин нашриёт дода мешавад”, -- афзуд ӯ.

Соли 2020 “Нашриёти муосир” дар се тендери давлатӣ ширкат карда, ғолиб омадааст. Мувофиқи асноди Оҷонси хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии Тоҷикистон дар соли 2020 “Нашриёти муосир” дар озмуни Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (БДА) барои нашри “Талони муоинаи техникии воситаи нақлиёт барои соли 2020”, “Талони иҷозати махсус барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳ бо шишаҳои сиёҳу хира барои соли 2020”, “Шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёт” бо маблағи 1 миллиону 444 ҳазор сомонӣ ғолиб омадааст.

Ҳамин гуна, “Нашриёти муосир” дар озмуни нашри маводи чопии Доситонии кул ва Вазорати молия 1 миллиону 64 ҳазору 540 сомонӣ ва 767 ҳазор сомонӣ ғолиб омадааст.

Дар матни созишнома миёни БДА ва “Нашриёти мусоир” суроғаи нашрия Южно обходная 3 (Зарнисор) зикр шудааст.

Дар ин ҷо чанде аз ширкатҳои дигар марбут ба собиқ ширкати “Фароз” амал мекунанд: Мактаби ронандагӣ, маркази муоинаи техникии автомобилӣ, ширкати “Тоҷиквнештранс”, толори варзишӣ ва нуқтаи фурӯши сӯзишоврӣ.

Ҳамчунон дар ин мавзеъ терминали гумрукӣ, нуқтаи “Тоҷикстандарт” ва Вазорати нақлиёт қарор дорад. Дар моҳи сентябри соли 2014 президент Эмомалӣ Раҳмон шахсан дар ин ҷо нашриёти “Фароз”-ро кушода, онро намунаи барҷастаи “шарикии давлат ва бахши хусусӣ номида“ буд.

Чанде аз мусоҳибони Радиои Озодӣ аз шумори масъулони идораҳои давлатӣ, ки нахостанд номашон бурда шавад, аз “Нашриёти муосир” бо номи чопхонаи “Фароз” ном мебаранд.

Дар як сафари хабарнигорони Радиои Озодӣ ба суроғаи Южно обходная 3, посбони бинои бисёрсоҳа, ки бо таҳвилгоҳи гумрукӣ ва дигар иншооти маъмурӣ ҳамроҳ аст, аз “Нашриёти муосир” чун чопхонаи “Фароз” ном бурд. Маъмурияти корхона нахост, бо хабарнигори Радиои Озодӣ суҳбат кунад ва ба суолҳо дар ин робита посух гӯяд.

Сокинон ва онҳое, ки боре ба соҳаи табъу нашр сари кор доштаанд, номи расмии ин нашриётро намегиранд ва ё намедонанд. Аксарият онро нашриёти “Фароз” мегӯянд.

Ҳамчунон Оҷонси хариди давлатии, мол, кор ва хизматрасионии Тоҷикистон ба суолҳои Радиои Озодӣ, ки рӯзи 21-уми сентябр ба шакли хаттӣ фиристода шуда буданд, то кунун посух нагуфтааст.

Суолҳо чунин буданд:

  • Рӯзи 21-уми феврал озмуни хариди давлатӣ барои нашри 1 миллиону 600 ҳазор нусха китоби Бобоҷон Ғафуров "Тоҷикон" нашр шуд. Мувофиқи санадҳо, дар ниҳоят ду ширкат "Эр граф" ва "Нашриёти муоссир" ба озмун роҳ ёфтанд. Маълум шуд, ки ширкати "Нашриёти муосир" дар ин озмун ғолиб омадааст. Сабаби интихоби ширкат чӣ буд?
  • Пешниҳоди "Нашриёти муосир" чӣ бартариҳо дошт? Чаро ин ширкат ғолиби озмун шуд?
  • Тавре дар санадҳо дида мешавад, "Эр-граф" барои нашри китоб нархи арзонтар пешниҳод кард, аммо дар озмун ғолиб нашуд. Сабаби ноком шудани нашриёт дар чӣ буд?
  • Барои нашри "Тоҷикон" беш аз 133 миллион сомонӣ ҷудо шуд. Дар ниҳоят, нархи нашри як нусха китоб чанд пул шуд?

Ҳар вақте посух ба ин суолҳо дастрас шуд, Радиои Озодӣ омодааст, ки онро нашр кунад.

Хайрулло Мирсаидов, хабарнигор ва таҳлилгари тоҷик мегӯяд, система ё низоми хариди давлатӣ, озмуну тендерҳо барои интихоби ширкатҳо саросар олудаи фасод ва ҳамроҳ бо коррупсия ҳастанд:

“Озмунҳо ҳамагӣ ба коррупсия ҳамроҳ ҳастанд. Фарз кардем, агар дар озмуне ширкатҳои марбут ба хонаводаи президент неву ширкати дигар ғолиб омада бошад, масъулон аз маблағи ҷудошуда ҳадди ақал 10 дарсади пулро меситонанд (откат). Дар натиҷа, сифати бино ва ё ягон кору хадамоте, ки ширкат иҷро бояд кунад, хеле паст мешавад, чунки пул барои иҷрои кори босифат намемонад”.

Мирсаидов мегӯяд, солҳои ахир дар аксар озмунҳои бузурги давлатӣ ширкатҳои марбут ба хонаводаи президент ғолиб меоянд, ширкатҳои рақиби онҳо аз озмун канор мемонанд ва ё мавриди ғасби рейдерӣ қарор мегиранд. Матубот дар Тоҷикистон аз чанде чунин ҳодисаҳои ғасби рейдерӣ гузориш дода буд.

“Дар бисёр озмунҳо, ки аз чашми ҷомеаи пинҳон баргузор мешаванд, ширкатҳои марбут ба хонаводаи президент ғолиб меоянд. Баъзе аз ин ширкатҳои якрӯза ҳастанд, ки собиқаи кор надоранд, то дида шавад ба чӣ коре қодир ҳастанд. Мисли IRS, ки гуфта мешуд, ширкати байналмилалӣ аст. Ман таҳқиқ карда будам ва маълум шуд, ки собиқаи кор надорад, аммо омаду якбора дар тендери муҳими давлатӣ ғолиб шуд ва ҳоло аз роҳи муҳиме пул мечинад”, -- шарҳ дод ӯ.

Хайрулло Мирсаидов гуфт, пайвандони президент аз рӯи инсоф дар чопи “Тоҷикон”, ки як иқдоми вантанпарварона гуфта мешуд, бояд суд намеҷустанд ва мегузоштанд, ширкатҳои дигар дар ин озмун ширкат варзанд.

Хайрулло Мирсаидов, хабарнигор ва таҳлилгари тоҷик

Дар Тоҷикистон расонаҳо ба ҷараёни тенедерҳои хариди кор ва хидматрасонӣ аз пули буҷа кам таваҷҷуҳ мекунанд ва дахлу харҷи ин арса аз чашми ҷомеа пинҳон мемонад.

Баръакси таҷрибаи Тоҷикистон дар кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Аврупо тендерҳои хариди давлатӣ ҳамаеша зери заррабини хабарнигорону матбуот қарор дорад. Камтарин шубҳа дар дурустии баргузории тендерҳо боиси моҷаро ва ҳатто роҳпаймоиҳо мешавад.

Барои мисол, моҳи январи соли 2019 як гуруҳ аз барномасозони Чех бинобар гарон будани нархи як озмуни давлатӣ ба нишони эътироз гирди ҳам омада, барои ҳукумат як барномаи вежаеро сохта ва туҳфа карданд. Қабл аз он ҳукумат ба 400 миллион крон (ба қурби он замон 15 миллион доллар) тендер эълон карда, ширкатеро барои таҳияи ин барнома киро кард.

Эътирози барномасозон боис шуд, натиҷаҳои тендер бекор гардад ва Андрей Бабиш, раиси ҳукумат ба назди барномасозон равад. Дар поёни ин ҳамоиш Томаш Вандрачек, барномасоз ва аз ташаббускорони иқдом гуфт, “мехоҳам, аз ин ба баъд, ҳеч кас ба пули умумии мову шумо он гунае, ки ҳоло ҳукумат муносибат мекунад, бархӯрд накунад”.

*"Фароз" ширкати бисёрсоҳаест, ки мувофиқи санадҳо ба Шамсулло Соҳибов, домоди президент Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад. Аммо Исматулло Зияев, ки худро намояндаи собиқи саҳмдорони “Фароз” муаррифӣ кард, бо фиристодани нома ба Радиои Озодӣ иддао карда буд, ки ҷамъият “11-уми марти 2020” расман барҳам хӯрдааст. Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз дар нишасти хабарии моҳи июл дар Душанбе гуфт, “Фароз” дигар нест, ширкат аз моҳи апрел барҳам хӯрдааст”.