Аз фурӯши билети ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон кӣ фоида мегирад? ВИДЕО, САНАДҲО

Дар Тоҷикистон ҳаққи фурӯши билетҳои парвози мунтазами "Сомон Эйр"-ро дар хатсайри Душанбе - Маскав - Душанбе танҳо ба ширкати "Агентии алоқаи ҳавоӣ" додаанд. Мақомоти Оҷонси ҳавонавардӣ дар мавриди он ки чаро фурӯши билет ба ихтиёри ин ширкат гузошта шуд, дар тамосҳои телефонӣ посух надода, номаи расмӣ хостанд. Масъулони "Агентии алоқаи ҳавоӣ" дар сомонаи расмиашон худро "Агенти генералии "Тоҷик Эйр" муаррифӣ карда, вале дар бораи моликон иттилое надодаанд. Санадҳо аз манобеи расмӣ ва ҷустуҷӯи Радиои Озодӣ нишон дод, ки ин ширкат ба аъзои оилаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистону Русия пас аз як соли танаффуси маҷбурии вобаста ба пандемияи коронавирус дар моҳи апрел аз сар гирифта шуд. Ба навиштаи сомонаи Your.tj, ба ҳар як билети ҳавопаймо дар ин хатсайр 1000 нафар (!) талабгор ҳастанд.

Бино ба баъзе маълумот, то 1 миллион нафар аз Тоҷикистон ба муҳоҷират мераванд. Фарз кунем, агар ҳар нафар соле як билет харад, ин ширкат аз ҳар билет 10 доллар фоида бинад, даромадаш соле ба 10 миллион доллар мерасад.
Аюб Эгамов

Як намояндаи ширкат дар суҳбати бидуни микрофон рӯзи 5-уми апрел гуфт, ба он хотир фурӯши билетҳои пурхаридорро ба "Агентии алоқаи ҳавоӣ" додаанд, ки ҳукумат мехоҳад, нархи онро назорат кунад. Сокинон ҳамоно аз гаронии нарху шеваи мушкили дастрас кардани билет шикоят доранд.

Мақомот дар оғоз нархи билетро аз Душанбе ба Маскав 349 доллар (3955 сомонӣ) таъин карда буданд. Шоми 7-уми апрел масъулони "Сомон Эйр" эълон карданд, ки арзшии билети парвоз аз Душанбе ба Маскав 300 евро (4051 сомонӣ) аст.

Барои кишваре, ки дар соли 2020 маоши миёна 1406 сомонӣ (136 доллари амрикоӣ) муқаррар шуда буд, билети парвоз аз Душанбе ба Маскав ба маблағи 349 доллар ва ё 300 евро гарон шумурда мешавад. Эҳтимол гаронии қимати билет ба имтиёзе бастагӣ дорад, ки танҳо ба як ширкат дода шудааст.

Имтиёз ба як ширкат. Чаро?

Беш аз як ҳафта боз садҳо нафар аз гӯшаву канори Тоҷикистон барои харидани билети сафар аз Душанбе ба Маскав дар паси дари ҶСК "Агентии алоқаи ҳавоӣ" дар пойтахт навбат мепоянд. Ин ширкат асосан билетҳои ширкати "Сомон Эйр" (Somon Air)-ро мефурӯшад.

Дар Интернету нуқтаҳои дигар имкони харидани чиптаи "Сомон Эйр" вуҷуд надорад ва, бино бар ин, сокинони вилоятҳои Хатлону Бадахшон ва Суғду ноҳияҳои тобеи марказ низ дар ҳамин ҷо, дар наздикии бозори собиқи "Шоҳмансур", гирд меоянд.

Як зан дар навори видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ иддао кард, ки ба онҳо билетро бо нархи аз 6 то 8 ҳазор сомонӣ (600-700 доллар) мефурӯшанд. Чанд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ низ айни гапро гуфтанд. Баъзеи дигар таъкид карданд, қимати билет 4051 сомонӣ аст, аммо ҳанӯз чипта нагирифтанд.

Мақомот намегӯянд, ки таъини қимати билет дар ин ҳаҷм бар кадом асос аст ва чаро арзиши он наметавонад поинтар бурда шавад. Вале рӯзи 5-уми апрел дар як ҷаласаи вижа Икром Субҳонзода, раиси Оҷонсии ҳавонавардӣ, аз роҳбарону намояндагони ширкатҳо ва нуқтаҳои фурӯши билет хостааст, "чиптаҳоро аз нархҳои муайянкардашуда гаронтар нафурӯшанд".

Нуқтаи билетфурӯшии "Агентии алоқаи ҳавоӣ" дар Душанбе

Мақомоти Оҷонсӣ ҳозир нашуданд, ба ин саволи Радиои Озодӣ посух диҳанд, ки чаро фурӯши билет озод нест ва он дар ихтиёри як ширкат гузошта шудааст? Аз мо хостанд, барои посух гирифтан ба суолҳои худ хаттӣ муроҷиат кунем.

Як намояндаи ширкати "Агентии алоқаи ҳавоӣ" рӯзи 5-уми апрел дар суҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфт, "сабаби асосии дар як ҷо фурӯхтани билет ин танзим кардани нарх аст. Агар ин корро намекардем, бо истифода аз талаботи зиёд нуқтаҳои билетфурӯшӣ метавонанд, нархҳоро бо хости худ боло баранд."

Ҳоло, ки билетҳои "Сомон-Эйр" дар хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе дар як ҷо ва он ҳам "Агентии алоқаи ҳавоӣ" фурӯхта мешавад, чаро сокинон аз гаронии нарх шикоят доранд? Намояндаи ширкат гуфт, "ҳоло тибқи рӯйхат билетро бо арзиши 4051 сомонӣ фурӯхта истодаем" ва тавзеҳи дигар надод.

Томас Ҳаллам, мудири кулли ширкати "Сомон Эйр", моҳи январи имсол дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ ва дар шарҳи гаронии нархи билет гуфт, "парвозҳо яктарафа" сурат мегиранд ва "хароҷоти парвоз хеле гарон аст". Ҳоло парвозҳои маъмулӣ оғоз шудааст.

Санадҳо: Агентии алоқаи ҳавоӣ аз кист?

"Агентии алоқаи ҳавоӣ", ки дар соли 2012 "беҳтарин андозсупоранда" эътироф шуда, ҳоло дар Тоҷикистон ба ягона манбаи фурӯши чиптаи сафар ба Маскав табдил ёфтааст, аз кист?

Бино бар санадҳое, ки дар манобеи боз ҳастанд ва дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор доранд, Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Агентии алоқаи ҳавоӣ"-ро 3-юми июли соли 2009 дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Нисор Муҳаммад 5, таъсис додаанд. Ҷое, ки ҳоло фурӯши билети сафар ба Маскав дар авҷ аст.

Ин ширкат то соли 2009 ҷузъи ширкати давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" буд. Пас аз таҷдиди сохтор ё реструктуризатсияи "Тоҷик Эйр", ки бо тавсияи созмонҳои байналмилалӣ сурат гирифт, молики ин фурӯшгоҳи азими давлатӣ Таҳмина Раҳмонова ва шавҳараш Зарифбек Давлатов шуданд.

Нархи фурӯши ширкати давлатӣ, молу амволи он ва дар кадом музоядаву чӣ гуна хусусӣ шудани он маълум нест. Мақомот дар ин бора иттилоъ намедиҳанд ва раванд пинҳон аз чашми ҷомеа ва матбуот сурат гирифтааст.

НАВОРРО ДАР ИН ҶО БИНЕД:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Аз фурӯши билети Душанбе - Маскав кӣ фоида мегирад?

Масъулони Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Агентии алоқаи ҳавоӣ" ҳарчанд бо матбуот суҳбат намекунанд, дар сомонаи расмии худ навиштаанд, ки ин сохтор "Агенти генералии "Тоҷик Эйр" мебошад." Ба қавли онҳо, "стратегияи ширкат аз тарғибу дастгирии имиҷи "Тоҷик Эйр" ҳамчун ҳамлу нақли миллӣ, тавсеаи ҳузури ширкат дар бозор ва ҷалби шарикони стратегӣ иборат аст."

Ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати "Тоҷик Эйр"

Ин дар ҳолест, ки "Тоҷик Эйр" ягона ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон солҳои дароз мушкилоти молӣ дорад ва дар як соли гузашта ба истиснои чанд маврид, аз иҷрои парвозҳои чартерӣ низ маҳрум буда, кормандонашро ба рухсатии бемузд фиристодааст.

"Агентии алоқаи ҳавоӣ" расман ба фурӯши билети ҳавопаймоҳо машғул аст. Ба иловаи зикри ин фаъолият, дар сомонаи он омадааст, ки ин сохтор инчунин бо фаъолияти "ба иҷора додани амволи ғайриманқули офисӣ" машғул аст.

Сармояи ибтидоии ширкатро 1 миллиону 831 ҳазору 710 сомонӣ ҳисоб кардаанд. Маълум нест, оё ин ширкат соли 2019 дар остонаи пандемияи коронавирус ба давлат чӣ қадар андоз супурдааст.

Дар Феҳристи ягонаи шахсони ҳуқуқӣ, ки нусхае он ба дасти Радиои Озодӣ расид, номи муассиси ширкатро Раҳмонова Тахмина Эмомалиевна ва номи раисашро Давлатов Зарифбек Шарифбекович навиштаанд. Вале дар сомонаи расмии ширкат ин маълумот вуҷуд надорад ва дар бораи ҳама бахшҳои фаъолият суҳбат карда, номи муассис ва раисро нанавиштаанд.

Таҳмина Раҳмонова яке аз нӯҳ фарзанди президенти Тоҷикистон буда, мисли аксар хоҳарону додаронаш шахсияти пинҳон аз ҷомеа мебошад ва зиндагиву кор ва машғулиятҳои ӯву вазъи оилавиаш дастраси ҷомеа ва матбуот нест.

Баъзе аз сомонаҳои марбут ба мухолифини ҳукумати Тоҷикистон дар чанд матлаб зикр кардаанд, ки Таҳмина Раҳмонова духтари севуми раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст ва Зарифбек Давлатов - шавҳари Таҳмина Раҳмонова.

Сомонаи "Паём", минбари мухолифони тоҷик дар Аврупо, дар як матлаб навишт, "Зарифбек Давлатов дар Тоҷикистон бозори фурӯши билетҳои ҳавопаймоиро инҳисорӣ кардааст. Барои зарар надидани ӯ, ширкатҳои маҳаллии "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" билетҳои худро тавассути сомонаашон намефурӯшанд."

Мақомот ҳанӯз дар ин маврид посух надодаанд.

Феҳристи соҳибони коғазҳои гаронбаҳо

Дар "Феҳристи соҳибони коғазҳои қиматнок", ки маълумотро то моҳи декабри соли 2015 дар бар мегирад, навишта шудааст, ки Раҳмонова Таҳмина Эмомалиевна 100% саҳмияҳои ширкати "Агентии алоқаи ҳавоӣ"-ро дар ихтиёр дорад.

Дар он феҳрист шаҳрвандони Тоҷикистон Давлатов Зарифбек Шарифбекович ва Шукурова Гулчеҳра Абдуҷалоловна ҳамчун "шахсони бонуфузи ширкат" номбар шудаанд. Маълумоти панҷ соли охир дастрас нест. Рӯшан нест, дар ин муддат дар ширкат чӣ гузаштааст.

Номи "Агентии алоқаи ҳавоӣ" дар баробари ширкати "Сомон Эйр" як соли охир дар замони парвозҳои чартерӣ такрор ба такрор дар эълонҳои расмӣ зикр шудааст.

  • Моҳи декабри соли 2020 "Садои мардум",нашрияи порлумони Тоҷикистон, навишт, ки ширкати "Сомон Эйр" ба нақша гирифтааст (ҳамон моҳ), бо хатсайри Душанбе-Минск-Душанбе 10 парвози махсус ташкил кунад ва аз муштариён хостааст, "барои харидани чипта ва гирифтани маълумоти иловагӣ ба маркази маълумотдиҳии "Сомон Эйр" ва Агентии алоқаи ҳавоӣ" муроҷиат кунанд.
  • Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Дубай моҳи июли соли 2020 эълон кард, ки рӯзи 9-уми июл хатсайри махсуси ширкати "Сомон Эйр" ба самти Дубай-Душанбе ба нақша гирифта шудааст ва "шаҳрвандон билетро аз ширкати "Сомон Эйр" ва ҶСК "Агентии алоқаи ҳавоӣ" ш. Душанбе, к. Н.Муҳаммад 5, бигиранд."
  • Фурӯши билети парвозҳои дохилӣ низ ба Агентии алоқаи ҳавоӣ марбут будааст. Хабаргузории "Азия-Плюс" навишт, ширкати "Сомон Эйр" парвозҳои дохилиро аз Душанбе ба Хуҷанд ва Хуҷанд-Душанбе аз 29-уми ноябр шуруъ мекунад ва "маълумоти муфассалро дар бораи ҷадвали парвоз ва нархи чиптаҳо аз маркази иттилоотии ҳавопаймо ва Агентии алоқаи ҳавоӣ дастрас кардан мумкин аст."

Рӯшан нест, ки ширкат аз фурӯши билетҳо чӣ қадар фоида мебинад ва даромадаш дар як соли гузашта чӣ қадар будааст. Аюб Эгамов, коршиноси тоҷики муқими Аврупо, мегӯяд, "бино ба баъзе маълумот, то 1 миллион нафар аз Тоҷикистон ба муҳоҷират мераванд. Фарз кунем, агар ҳар нафар соле як билет харад ва ширкат аз ҳар билет 10 доллар фоида бинад, даромадаш соле ба 10 миллион доллар мерасад."

Таҳмина Раҳмонова

Таҳмина Раҳмонова

Таҳмина Раҳмонова (Раҳмон) духтари севуми раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, аст. Дар бораи ӯ иттилои зиёд дар даст нест.

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" соли 2014 бар пояи хулосаи коршиносони тоҷик феҳристи 20 шахси бонуфузро дар Тоҷикистон нашр кард. Дар ин назарпурсӣ президент Эмомалӣ Раҳмон, се фарзанду як домоди ӯ ва мансабдорони дигари давлатӣ ҷой гирифтанд.

Рустами Эмомалӣ, писари президент (он вақт раиси Хадамоти гумрук), дар ҷои 5-ум, домоди президент Ҷамолиддин Нуралиев (он замон муовини аввали вазири молия) дар ҷои 13-ум, духтаронаш Таҳмина Раҳмонова ва Озода Раҳмон (он замон муовини вазири корҳои хориҷӣ) дар ҷойҳои 15 ва 16-ум ҷой гирифтаанд. Дар шарҳи мақоми 15-уми Таҳмина Раҳмонова манбаъ навиштааст, ӯ аз дидгоҳи коршиносони байналмилалӣ "ба рӯйхати занони бисёр бонуфузи Осиёи Марказӣ" ворид мешавад ва "Таҳмина ба бисёр бахшҳои соҳибкорӣ таваҷҷӯҳи корӣ нишон медиҳад."

Ба маълумоти вебсайти "Ислоҳ.нет", Таҳмина Раҳмонова ду бор оиладор шудааст.

Аз ҳамсари аввалаш Зубайдулло Гулов – писари раиси пешини Коропоратсияи давлатии "Хӯрокворӣ" Ёрмаҳмад Гулов – ду фарзанд дорад ва як сол пеш, ба иттилои сомонаи "Ахбор", духтарашро аз ин издивоҷ ба писари Қурбони Алимардон, мудири кулли фурудгоҳи Хуҷанд, хонадор кардааст.

Зарифбек Давлатов

Пойгоҳи интернетии "Ислоҳ.нет" дар матлабе навишт, Зарифбек Давлатов, шавҳари Таҳмина Раҳмонова, "дар деҳаи Учқул, ҳоло Меҳрободи ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Он солҳо дар ҳамин деҳа зиндагӣ мекардаанд. Вай дар гумруки фурудгоҳ ба кор медарояд ва баъд аз он ки домоди Ҷаноб шуд, чанд сол намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Дубай ҳам буд. Ҳамин ки ба Раҳмонов домод шуд, дигар ба як бизнесмени муваффақ ва серпул табдил шуд. Бародараш Шерзод ба тиҷорати ӯ кумак мекунад ва корхонаи нӯшобаи "Red Bull" дар Душанбе аз они ӯст."

Номи Зарифбек Давлатов (Zarifbek Daulatov) дар "Авроқи Панама" ҳам ҳаст, ки соли 2015 санадҳои махфиро дар бораи моликони ширкатҳои оффшорӣ дар ҷаҳон нашр кард.

Ӯро молики ширкати "Пенкриҷ Глобал Лимитед" навиштаанд, ки гуё соли 2012 муфлис шудааст. Ширкат дар ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё сабт шудааст ва суроғаашро дар Тоҷикистон кӯчаи Фарҳод 36 дар Душанбе (36 Farkhod St; Dushanbe; Tajikistan) навиштаанд.

Сомонаи "Паём", марбут ба мухолифони тоҷик дар Аврупо, менависад, "Зарифбек Давлатов ҳамчунин ба сохтмони хонаҳо, воридоти мошинҳои гаронбаҳо ва маснуоти тиллоӣ машғул аст. Давлатов ғайрирасмӣ воридоти гумрукии Тоҷикистонро назорат мекунад. Терминали гумрукии "Дӯстӣ", воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ба ӯ тааллуқ дорад."

Зарифбек Давлатов ҳамзамон молики "Амирӣ", яке аз ширкатҳои азими тавлиди шоколаду конфетҳо дар Тоҷикистон аст. Ду сол пеш ҳукумати Тоҷикистон бо ризоияти порлумон ин ширкатро аз пардохти андоз (молиёт) ва боҷи гумрукӣ озод кард. Мақомот он замон тасмими худро ба он тавҷеҳ карда буданд, ки ширкати "Амирӣ" таҷҳизоту фанновариҳои нав ба кишвар оварда, коргоҳҳои ҷадидро фаъол мекунад.

Наворро дар Ютуб бинед:

Наздикони раисҷумҳур ва тиҷоратҳои пурдаромад

Баъзе аз мунтақидон тахмин мезананд, ки ширкатҳои маҳаллӣ дар давраи пандемия бедаромад мондаанд ва бо афзоиши нархи билет талош мекунанд, фоидаҳои аздастрафтаро "ҷуброн кунанд". Вале айни замон мегӯянд, нархи билети ҳавопаймоҳо дар замони пеш аз пандемия низ дар муқоиса ба кишварҳои дигар нисбатан гарон буд.

Аюб Эгамов, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, аксар тиҷоратҳои пурдаромади Тоҷикистон аз сӯйи аъзои оилаи раисҷумҳур монополия ё инҳисорӣ шудаанд.

Ӯ гуфт: "Пӯшида нест, ки қариб ҳамаи тиҷоратҳои калидӣ дар Тоҷикистон дар дасти наздикони президент Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Масалан, тиҷоратҳое ба мисли воридоти сӯзишворӣ, дору ва таҷҳизоти тиббӣ, маҳсулоти ниёзи умум, ки талаботи зиёд дорад. Фурӯши билетҳо низ аз тиҷоратҳои пурдаромад аст."

Ба қавли Эгамов, ба назар мерасад, дар Тоҷикистон ҳоло "танҳо миёни наздикони раисҷумҳур рақобат вуҷуд дорад ва ҳар кадоме талош меварзад, даромади бештар бигирад." Айни чунин ҳолат, ба гуфтаи ӯ, дар баъзе аз кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Қирғизистону Украина чанд сол қабл ба вуҷуд омад, аммо пас аз инқилоб наздикони президентони вақт Қурмонбек Боқиев дар Қирғизистон ва Виктор Янукович дар Украина, ки аксари бизнесҳои пурдаромадро монополия карда буданд, маҷбур шуданд, аз кишвар фирор кунанд.

Аз соли 1992 то ҳоло

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 ба ин тараф ҷилави қудратро дар Тоҷикистон дар даст дорад. Мухолифон ва созмону кишварҳои ғарбӣ ӯро барои саркӯби дигарандешон, маҳдуд кардани озодии баёну эътиқод ва додани мансабу имкониятҳои истисноӣ ба пайвандон ва аъзои оила танқид мекунанд. Ҷонибдоронаш хатми ҷанги дохилӣ, сохтмони роҳҳо ва нирӯгоҳҳоро аз комёбиҳои ӯ медонанд.

  • Рустами Эмомалӣ, писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз моҳи апрели соли 2017 вакили маҷлис ва раиси шаҳри Душанбе аст. Аз соли 2020 раиси Маҷлиси Миллист. Аз ин қабл дар чанд вазифаҳои калидии дигар, аз ҷумла раҳбари Оҷонси мубориза бо фасод ва Хадамоти гумрук кор кардааст. Дар соли 2012 баъд аз генерал Сӯҳроб Қосимов раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд ва то ба ҳол дар ин мақом кор мекунад.
  • Озода Раҳмон, фарзанди дигари президент Эмомалӣ Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи президент аст. Ӯ дар гузашта узви Маҷлиси Миллӣ буд ва дар мансаби муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ низ кор кардааст.
  • Домодаш Ҷамолиддин Нурализода муовини аввали раиси Бонки Миллӣ аст.
  • Додарарӯсаш Ҳасан Асадуллозода раиси "Ориёнбонк" мебошад.
  • Зарина Раҳмон, яке аз духтарони Эмомалӣ Раҳмон, муовини раиси "Ориёнбонк" аст.
  • Духтари дигараш Рухшона Раҳмонова - сардори раёсати кор бо созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аст.
  • Ашрафҷон Гулов, домоди раиси ҷумҳур, сардори раёсати кадрҳо дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аст. Дар гузашта консули генералии Тоҷикистон дар Маскав буд.
  • Шамсулло Соҳибов, домоди дигари раиси ҷумҳур, муовини президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аст. Дар феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқии Кумитаи андоз номи ӯ ба ҳайси муассиси Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи "Фароз" сабт шуда буд. Ҳарчанд масъулони ширкат ва раиси Кумитаи андоз гуфтанд, ширкат барҳам хӯрдааст, ба иттилои дарёфтӣ, ширкатҳои зертобеи он ҳанӯз фаъоланд.
  • Бег Сабур, қудои президент, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст.

Оҷонси хидмати давлатии Тоҷикистон ба суоли он ки дар як сохтор кор кардани пайвандони наздик оё қонуншиканӣ нест, посух додааст, ки дар ин ҳол қонун халалдор нагаштааст.