Ба 10 паҳлавони тоҷик раводиди Амрико надодаанд

Акс аз бойгонӣ

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни собиқадорон, ки рӯзҳои 4-7-уми ноябр дар шаҳри Лас-Вегаси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор мешавад, иштирок мекунанд.

Барои иштирок дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 14 паҳлавони собиқадори тоҷик номнавис шуда буд, аммо танҳо ба чаҳор нафар барои сафар ба ИМА раводид (виза) дода шуд. Инҳо Аҳрор Холиқов 48-сола (-73 кг), Ҳабибулло Маҷидови 71 сола (-81 кг), Мирзо Абдуллоеви 52-сола (-90 кг) ва Бозоралӣ Маҳмудови 59-сола (-100 кг) мебошанд, ки дар сабқати мардон Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.

Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Las Vegas World Championships veterans 2024” беш аз 1300 гуштигири собиқадор (мардону занон) аз 67 кишвар мувофиқи синнашон (аз 35-сола боло) ба гурӯҳҳо тақсим шуда, дар ҳафт вазн рақобат менамоянд.

Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни собиқадорон аз соли 2012-ум ширкат карда, бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шудаанд.

Соли 2012 дар чунин мусобиқа, ки дар Майамии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуда буд, Хайрулло Назриев дар гурӯҳи варзишгарони синашон 50-54-сола дар вазни мутлақ медали тилло ба даст овардааст.

Баъдан Саламшо Муҳаббатов соли 2013-ум дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар гурӯҳи паҳлавонони аз 50 то 54-сола дар вазни зери 90 кило бо медали тилло сарфароз гаштааст.

Ҳашт сол муқаддам дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни собиқадорон (Veterans World Judo Championships 2016) дар шаҳри Форт-Лодердейли иёлати Флоридаи ИМА Парвиз Собиров дар рақобатҳо дар вазни то 100 кило дар гурӯҳи М2 ғолиб шуда, медали тилло ба даст овард. Он замон вай 36-сола буд.