Меҳрубон Алиева дар як сафараш ба Париж маҷбур шуд ба саволҳои нороҳаткунандаи хабарнигори фаронсавӣ посух диҳад. Ҳамсари президенти Озарбойҷон Меҳрубон Алиева, ки ҳафтаи гузашта дар ҷараёни сафараш ба Париж бо раҳбарияти баландпоя, аз ҷумла президенти Фаронса Франсуа Оллан дидору мулоқот кард, лаҳзае чанд дар ҳолати ногувор монд. Дар як гузориши таҳқиқотӣ гуфта мешавад, ки гурӯҳи журналистони фаронсавӣ дар долони як намоишгоҳе Алиеваро пешвоз гирифта, барояш саволҳое доданд, ки зоҳиран нороҳаткунанда буд.
Барномаи телевизионии Cash Investigation, ки дар телевизиони миллии Фаронса пахш мешавад, рӯзи 7 сентябр гузоришеро намоиш дод, ки дар он хабарнигори маъруф Элиз Люсе дар як намоишгоҳи акс бо номи “Сарзамини таҳаммулпазир”, ки дар маркази Париж баргузор шудааст, ба ҳамсари президенти Озарбойҷон наздик мешавад. Журналист ба ҳамсари Илҳом Алиев муроҷиат карда мепурсад: “Воқеан ҳам кишвари шумо таҳаммулпазир аст?”. “Бале, бешубҳа”, мегӯяд Алиева. Баъди ин журналист ба Меҳрубон Алиева мегӯяд, ки “пас чӣ тавр мешавад, кишваре, ки ҳуқуқи башарро поймол карда, сиёсатмадори зиёдро пушти панҷара андохтааст, чунин бошад?”
Меҳрубон Алиева, ки бо кӯмаки муҳофизонаш талош мекунад аз хабарнигор дур шавад, дар посух мегӯяд: “Чаро шумо ин тавр мегӯед? Ин дуруст нест” ва баъдан ба хабарнигор машварат медиҳад, ки рафта маълумоти саҳҳеҳро дастрас кунад. Хабарнигор дар посух ба Алиева аз сарнавишти фаъоли ҳуқуқи башар Лайло Юнус ва хабарнигор Хадиҷа Исмоилова ёдовар мешавад, ки ахиран ҳукми зиндони онҳо боиси интиқоди шадиди ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст. Меҳрубон Алиева аз маҳалли гуфтугӯ рад шуда дигар посухе намедиҳад, вале муҳофизонаш талош мекунанд, ки журналистро хомӯш кунанд. Дар посух Элиз Люсе мегӯяд, “Мо дар Фаронса ҳастем ва дар Фаронса журналистон ҳақ доранд савол бидиҳанд”.
Намоишгоҳи акс дар Париж аз ҷониби Бунёди Ҳайдар Алиев ташкил шудааст, ки раҳбарии онро писараш – президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба ӯҳда дорад. Ҳайдар Алиев, собиқ мақоми баландпоя дар ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ баъди касби истиқлолияти ҷумҳурии Озарбойҷон, давоми 10 сол, то дами маргаш дар соли 2003 ин кишварро раҳбарӣ карда, баъдан қудрат ба танҳо писари ӯ гузашт. Илҳом Алиев дар тамоми ин муддат фишорро болои ҷомеаи шаҳрвандӣ афзоиш дода, озодиҳои сиёсиро маҳдуд кард, шумори зиёди фаъолони ҳуқуқи башар ва сиёсатмадорони мунаққиди ҳукуматро ба зиндон андохт.
Моҳи августи имсол додгоҳе дар Боку Лайло Юнусро бо иттиҳоми тақаллуб, фирор аз молиёт ва ҳамчунин, тиҷорати ғайриқонунӣ ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Вале мунаққидон ба ин боваранд, ки ин ҳукм қассоси ҳукумат барои фаъолиятҳои ӯ дар амри ҳимоят аз ҳуқуқи инсон будааст. Ҳамсари ӯ Ориф Юнуси 60-сола бо ҳамин гуноҳҳо ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Хадиҷа Исмоилова, ки барои Радиои Аврупо Озод/Радиои Озодӣ ҳам кор мекард, бо иттиҳомоти ҳамсон ахиран ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуд.