Тими шашнафараи мубоҳисони ҷавони Тоҷикистон барои сафар ба шаҳри Остона пойтахти Қазоқистон ва ширкат дар Форуми ҷавонони Осиё-2014 омодагӣ мебинад.
Тими мубоҳисони ҷавони Тоҷикистон, дар даври аввали Форуми ҷавонони Осиё-2014, ки дар Тоҷикистон баргузор шуд, ғолибият ба даст оварда, барои ширкат ба даври ниҳоии ин озмун, ки аввалҳои моҳи май дар Остонаи Қазоқистон баргузор хоҳад шуд, роҳхат гирифтанд.
Соли гузашта Форуми ҷавонони Осиё-2013 дар Исиқкӯли Қирғизистон миёни 120 толибилм аз 13 давлати Осиё баргузор шуда буд. Аврангзеб Асрориён, яке аз онҳое буд, ки дар соли гузашта барои ширкаташ дар Қирғизистон ба Форуми ҷаҳонии ҷавонон дар Ирландия роҳхат гирифта ва ширкат кард.
Аврангзеб Асрориён, яке аз аъзои тими мубоҳисони Тоҷикистон ва хонандаи синфи 11-и литсейи иқтисодии тоҷикӣ-туркии шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, даври аввали форуми ҷавонон миёни 40 нафар донишҷӯёну толибилмони тоҷик, давоми ду рӯз дар намояндагии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон доир шуд ва дар натиҷа 6 нафар - сенафарӣ аз 2 тим - ба давраи ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Аврангзеб Асрориён: «Аввал шарт он буд, ки кадом тиме ғолиб мебарояд ба шаҳри Остона меравад. Аммо пас аз он ки дар финал ду тим вохӯрдем, худро хуб нишон додем, доварон тасмим гирифтанд, ки аз Тоҷикистон зиёдтар яъне шаш нафар аз ду тим ширкат кунанд. Чаҳор нафар донишҷӯ ва ду нафар толибилм ҳастем. Насиби ман ҳам будаст, ки ман низ яке аз узви ҷавононе ҳастам, ки дар ин озмун дар Остона иштирок хоҳам кард.»
Озодӣ: Озмун ба кадом шакл гузашт ва шартҳо чӣ буд?
Аврангзеб Асрориён: «Ин як бозии интелектуалӣ аст. Ягон мавзуъ дар миёни ду гурӯҳ гузошта мешавад ва сари он баҳсҳо сурат мегирад. Аъзои доварон, ба инобат гирифтани далелу арқом ва суханрониву донистани сатҳи забондонӣ, онро баҳогузорӣ мекунанд. Бештар мавзуъҳо сиёсӣву ҳуқуқӣ ҳастанд. Мисли дебат аст. Ҳамагон медонанд, ки дебат ин як усуле аст, ки тариқи баҳсу мунозираҳо ҷавонон ҳуқуқи худро ва дар маҷмӯъ ҳуқуқи инсонро меомӯзанд. Онҷо чор давр буд ва баъдан гурӯҳҳое, ки дар нимфинал ғолиб меоянд бо баҳогузории доварон ба сабқати ниҳоӣ роҳ меёбанд. Баъдан дар Остона бо ҳамсолону ҷавонони кишвраҳои дигар дар Форуми ҷавонони Осиё-2014 роҳ ёфтаанд, ширкат мекунанд.»
Озодӣ: Дар форуми мазкур ки дар Остона баргузор мешавад, ғайр аз толибилмони давлатҳои Осиё Марказӣ, ҷавонони кишварҳои дигар низ даъват мешаванд?
Аврангзеб Асрориён: Шояд ҷавонон аз 47 кишвари ҷаҳон ширкат кунанд. Чун сарпарастии форум аз суи Бонки Осиёии Рушд (БОР) аст ва ин бонк бо 47 давлат ҳамкорӣ дорад. Аз эҳтимол дур нест, ки ба ғайр аз ҷавонони давлатҳои Осиё, ҳамчунин аз кишварҳои дигар низ даъват шаванд.»
Озодӣ: Аз ҳамаи кишварҳои шашнафарӣ даъват мешаванд ё...?
Аврангзеб Асрориён: «Ин вобаста ба ҳар як давлат аст. Барои мисол бубинед аҳолии Қазоқистон аз Тоҷикситон зиёдтар аст. Шояд аз ин онҷо теъдоди ҷавонҳо бисёртар бошанд. Чун сарпарасти ин форум Бонки Осиёии Рушд (БОР) ҳаст, ин бонк тамоми харҷро ба ӯҳда мегирад ва вобаста ба меъёр ва имкони молӣ шояд теъдоди ҷавонон аз ҳар кишвар гуногун бошад.Тими Тоҷикистон ба Форуми ҷавонони Осиё-2014 бо омодагии хуб хоҳад рафт. Ҷавонони тоҷик аз ягон кишвари дигар дар сабқатҳои интелектуалӣ ҳарос надоранд.»