Муаллифони китоби "Ҷаҳонбинии оянда" дар як изҳороти расмӣ гуфтаанд, баҳсҳои бархоста дар атрофи ин китоб ба таҳқир печидаааст, метавонад "сабаби нофаҳмиҳо ва тавтиаҳо (дасисаҳо)‑и сиёсию мазҳабӣ ва нооромии кишвар" шавад.
Дар изҳороти муаллифони китоби "Ҷаҳонбинии оянда", ки аз тарафи донишманд Ҳафиз Бобоёров, яке дигар аз аъзои маҳфили илмии "Ҷаҳони андеша" аз мақомоти Тоҷикистон гуфта мешавад, ки дар баҳси мавзӯъ дар матбуот дар беш аз 300 маврид алайҳи онҳо аз калимаҳои таҳқиромез истифода шудааст, ки "ин сабаби нофаҳмиҳо ва тавтиаҳо (дасисаҳо)‑и сиёсию мазҳабӣ ва нооромии кишвар гардиданаш мумкин аст." Муаллифони китоб дар идомаи изҳорот менависанд, "аз ин хотир, барои ба вуҷуд наомадани нооромиҳо ва халалдор нагардидани амнияти кишвар ба мақсад мувофиқ медонем, ки ниҳодҳои қудратӣ ва амниятӣ аз чунин амалҳои ғаразнок пайгирӣ ва ҷилавгирӣ намоянд."
Китоби "Ҷаҳонбинии оянда (Ҷаҳонбинии алтернативӣ)”, ба гуфтаи муассиси маҳфили "Ҷаҳони андеша" Комил Бекзода натиҷаи баҳсҳои илмиест, ки дар ин маҳфил дар Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи улуми Тоҷикистон тайи 20 сол аз соли 1993 то 2013 идома доштааст.
Нашри матлаби "Баҳси инкори Худо дар китоби "Ҷаҳонбинии оянда"- и файласуфони тоҷик", дар сомонаи Озодӣ аз таърихи 5 март, бахусус он қисмати баҳсҳои илмиаш, ки дар бораи вуҷуди Худованд сӯҳбат мекард, низ сели назарҳои хонандагонро дар пай дошт.
http://www.ozodi.org/content/controversial-book--denied-god-published-in-dushanbe/25286385.html
Матни пурраи изҳороти муаллифони китоби "Ҷаҳонбинии оянда"-ро инҷо нашр мекунем.
Изҳороти муаллифони китоби “Ҷаҳонбинии оянда”
Маҳфили “Ҷаҳони андеша” аз соли 1993 то 2013 давом кард. Ба муносибати 20‑солагии Маҳфил мо китоби “Ҷаҳонбинии оянда (Ҷаҳонбинии алтернативӣ)”‑ро таълиф намудем. Дар муддати 20 сол принсипи асосии Маҳфил ин буд: фарҳанг бидуни сиёсат. Ин принсипро мо дар тӯли 20 сол риоя кардем. Ҳарчанд ки ин Маҳфил тобеи маъмурияти Институти фалсафа буд, вале андешаҳои дар ин китоб омада назарҳои фард‑фарди муаллифони ин китоб мебошанд. Яъне андешаҳои китоб ҳисобаш аз ҳисоби Институти фалсафа ва Академияи илмҳо ҷудо аст.
Рӯи сухани муаллифони ин китоб ба сад соли ояндаи ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳон нигаронида шудааст. Бо ҳамин сабаб, номи китобро “Ҷаҳонбинии оянда” гузоштем.
Аз нашри китоб як сол гузашт. Касе аз фарҳангиёни тоҷик ба он таваҷҷӯҳ накард. Вале моҳҳои феврал ва марти соли 2014 ба сабаби ҳодисаҳои Украина якуякбора ҳаёҳуе дар атрофи яке аз мавзӯъҳои ин китоб (мавзӯи вуҷуди Худо) барпо намуданд. Мо чунин муносибатро дар нисбат ба як китоби фарҳангӣ мунсифона ҳисоб намекунем ва ғаразнок медонем. Мо муаллифон ҳеч гоҳ дар тӯли 20 сол ба масъалаҳои сиёсӣ ва мазҳабии ҷомеаи Тоҷикистон дахолате накардаем. Чаро ки чунин дахолатро мухолифи принсипи асосии китоб, ки фарҳанг бидуни сиёсат ном дорад, мешуморем. Ва то ба имрӯз побанди ин принсип ҳастем.
Маҳфили мо дар муддати 20 сол танҳо дар доираи шунавандагони маҳдуд, ки ба илм сару кор доштанд, мегузашт. Баҳсҳои мо дар пояи методологияи илми муосир баргузор мешуданд. Мо барои намуна ва мисол дар охири китоб рӯйхати 17 сарчашмаи илмиро зикр намудаем, ки дарбаргирандаи навтарин тадқиқоти илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ ҳастанд.
Мо, шаҳрвандони давлати демократӣ, фаъолияти худро ҳамеша дар партави Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекардем ва принсипе, ки ба фаъолияти мо дахл дошт, ин аст, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳуқуқу озодии интихоб ва виҷдон дорад. Мо дар фаъолияти худ аз ин талаботи Сарқонун истифода намудем. Ба ин маъно ки ҳар шаҳрванде ҳақ дорад, ки дар нисбати ҷаҳонбиниҳо андешаи шахсии худро дошта бошад. Ва мо муаллифон ҳамин талаботро дар китоби мазкур татбиқ намудем.
Касоне, ки ин китобро мутолиа кардаанд, медонанд, ки мо доир ба ягон шахс, ақида, ҷаҳонбинӣ, арзишҳо ва ё ҳизбу ҳаракатҳо ягон сухани ноҷо ва таҳқиромез истифода накардем. Дар ҳоле ки дар расонаҳои ҷумҳурӣ дар нисбати мо зиёда аз 300 калимаи таҳқиромез истифода карда шудааст. Ин сабаби нофаҳмиҳо ва тавтиаҳо (дасисаҳо)‑и сиёсию мазҳабӣ ва нооромии кишвар гардиданаш мумкин аст. Аз ин хотир, барои ба вуҷуд наомадани нооромиҳо ва халалдор нагардидани амнияти кишвар ба мақсад мувофиқ медонем, ки ниҳодҳои қудратӣ ва амниятӣ аз чунин амалҳои ғаразнок пайгирӣ ва ҷилавгирӣ намоянд.
7 марти соли 2014
шаҳри Душанбе"