Саидҷоновро дар арафаи мурофиаи полиси ҳамлагар аз Русия ихроҷ мекунанд

Саид Саидҷонов

Мақомоти додситонӣ дар Ханти-Мансийск мехоҳанд муҳоҷири тоҷики аз дасти полиси роҳ латукӯбшударо рӯзи 11 ноябр аз қаламрави Русия ихроҷ кунанд.

Муфаттишон баррасии парвандаи ҷиноии полиси роҳ, лейтенант Евгений Нарушевро аз рӯи ҳодисаи латукӯби шадиди шаҳрванди Тоҷикистон Саид Саидҷонов дар таърихи 1 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Ханти-Мансийск анҷом дода, онро барои тасдиқ ба раҳбарияти додситонии ин шаҳр ирсол кардаанд. Ин парвнада рӯзи 4 марти соли ҷорӣ ва бар асоси моддаи 286-и қонуни ҷиноии Русия итифтоҳ шуда, Нарушев барои "суистифода аз мақом" ва "расондани осеби ҷиддӣ ба саломатии Саид Саидҷонов" айбдор мешавад. Дар натиҷаи латукӯби шадиди ходими полис, Саидҷонов дар ноҳияи шикат ҷароҳатҳои сангин бардоштааст.

Михаил Кокорев, хабарнигори телевизиони ҷамъиятии Югра, ки ин қазияро аз оғоз пайгирӣ кардааст, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, баъди анҷоми тафтишот ҳоло мақомот мехоҳанд ҷабрдида – Саидҷоновро ба Тоҷикистон ихроҷ кунанд. Ин дар ҳолест, ки ӯ бояд аз ин шаҳр истода, дар мурофиаҳои судӣ иштирок кунад ва дар муҳокимаҳои полиси ҳамлагар баёнот диҳад. Худи Саидҷонов аз замони боздошт шуданаш дар маркази нигаҳдории муваққати муҳоҷирон дар

Ҷои захми бадани Саидҷонов баъди берун шудан аз бемористон

шарҳи Сургут нигаҳдорӣ мешавад ва аз он вақт то имрӯз ду дафъа дар ҷараёни бозпурсиҳо шахсан иштирок кардааст. Михаил Кокорев гуфт, ҳоло ҷониби гумонбар мехоҳад, ки бо кӯмаки ҳимоятгаронаш корро ба ҷое бубарад, ки дар шароити набуди худи ҷабрдида, ин қазия бекор шавад ва полиси ҳамлагар, ба қавле, аз об хушк берун шавад. “Мо ҳоло мехоҳем, ки ба ин қазия таваҷҷӯҳи Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия, ки қазияро зери назорати шахсии худ гирифта буд, инчунин вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва сафорати ин кишвар дар Маскавро ҷалб кунем, ки пеши роҳи ихроҷи Саидҷонов гирифта шавад ва қазия пурра, аз рӯи тамоми меъёрҳои қонун муҳокима шавад ва нафари гунаҳгор ҷазои худро бигирад”, мегӯяд ин журналист.

Дардисарҳои Саид Саидҷонов рӯзи 30 январи имсол оғоз ёфт. Саидҷонови савори мошинро ду ходими пулиси роҳи шаҳри Ханти-Мансийск бо иттиҳоми нодуруст парк кардани худраваш нигоҳ дошта, ҳуҷҷатҳои ронандагиашро мусодира карданд. Ӯ мегӯяд, корти ронандагии навъи байнулмилалии Тоҷикистонро дар даст дошт, ки навиштаҷоте ба забони англисӣ ҳам дорад. Аммо кормандони пулис ин ҳуҷҷатро напазируфтанд. Пулиси роҳ Анатолий Макаров ва як ҳамкораш ҳуҷҷатҳоро гирифта, аввал гуфтаанд, ки фардо ба идораи пулис омада бигирад. Фардо, рӯзи 1 феврал ҳам Саидҷонов ҳуҷҷатҳоро ба даст нагирифт ва ба иловаи ин, аз ҷониби Евгений Нарушев, як ходими дигари полиси роҳ шадидан латту кӯб шуд.

Амалиёти наҷоти Саид Саидҷонов 7 соат идома кард ва ӯ баъди ин 35 рӯз дар бемористор таҳти муолиҷа қарор дошт. Баъди бемористон ӯ бо шиками сӯрох ва халтаи пластикие дар зери бағал ва пайваст бо кӯррӯдааш аз бемористон рухсат шуд. Вале дар ин муддат мақомот ӯро

дар нақзи муқаррароти муҳоҷират гунаҳгор карда, қарори аз қаламрави Русия ихроҷ шуданашро содир карданд. Бо талоши журналистон ва ҳимоятгарон, Саидҷонов дар марҳилаи тафтишот дар Сургут дар маркази нигаҳдории муваққатии муҳоҷирон нигаҳдорӣ шуд. То имрӯз журналистон тавонистанд, ки як дафъа аз талоши ихроҷи Саидҷонов ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунанд. Ва ҳоло мақомот мехоҳанд ӯро дар остонаи шурӯи додгоҳ ба ватанаш маҷбуран ихроҷ кунанд. Худи Саидҷонов ҳамоно дар боздошт мемонад.

Масъалаи бадарафтории полис дар нисбати муҳоҷирон дар ҷомеаи Русия нав нест. Қазияи Умаралӣ Назарови панҷмоҳа, ки ахиран дар шароити машкук баъди аз модар ҷудо шуданаш даргузашт, яке аз ин намунаҳост. Светлана Ганнушкина, раҳбари созмони ҷамъиятии “Кумитаи мусоидати шаҳрвандӣ” ва як узви Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия мегӯяд, аксари муҳоҷироне, ки ба онҳо муроҷиат мекунанд, шикоят аз бадрафториҳои пулисро дар навбати охир матраҳ менамоянд.

"Ба мо се ҳазор муроҷиат ворид шудааст ва шояд танҳо сеяки онҳо аз рафтори ношоями ходимони ҳифзи ҳуқуқ бошад. Чаро? Чунки онҳо ба бадрафториҳои пулиси Русия одат кардаанд ва аслан бовар надоранд, ки шикояти онҳо натиҷа хоҳад дод," -- мегӯяд ин фаъоли ҳуқуқи башар. Бо дархости журналистони телевизиони ЮГРА, ба қазияи Саидҷонов таваҷҷӯҳи сафорати Тоҷикистон ҷалб шуд ва намояндагии дипломатии ин кишвар дар Маскав ба унвонии Вазорати корҳои хориҷии Русия нота фиристода, аз онҳо бархӯрди одилонаро ба қазияи Саидҷонов тақозо карда буд.

Маълум нест, ки қазияи Саид Саидҷонов, ки таваҷҷӯҳи матбуотро ба худ кашидааст, бо чӣ меанҷомад. Тавре ҳомиёни ӯ мегӯянд, масъала ин аст, ки полис ҳеҷ гоҳ намехоҳад даст ба иштибоҳ ё ҳатто ҷиноят задани худро эътироф кунад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Кто ответит за избиение Саидджонова в России?