Насими рӯди Нил ба Русия хоҳад расид?

Мардуми рус ба таҳаввулоти мамолики араб менигарад ва ҳадс мезанад, ки оё чунин коре дар ватанаш мумкин аст.
Дар ҳоле, ки режимҳои худкомаи Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ пушти сари ҳам суқут мекунанд ва гуфта мешавад, ки давлатҳои сарватманде ҳамчун Либия, Баҳрайн ва Умон низ аз ин мавҷ ҷон ба саломат нахоҳанд бурд, суоле пеши таҳлилгарони рус халқ шудааст, ки “бо Русия чӣ хоҳад шуд?”

“Русияи воҳид”, ҳизби ҳокими ин кишвар, ки даҳ соли пеш, аз шурӯи даврони ҳукмронии Владимир Путин тамоми мақомҳои калидиро дар сохторҳои идораи давлат таҳти назорат гирифтааст, мутмаин аст, ки суботи кишвар бехалал боқӣ хоҳад монд.

Андрей Исоев, намояндаи “Русияи воҳид” дар Думаи давлатӣ муътақид аст, ки барои инқилоб дар Русия ҳеҷ асосу заминае вуҷуд надорад. Ӯ меафзояд: “Мардуми Русия диданд, ки инқилобҳои ранга дар Украина, Қирғизистон ва Гурҷистон ҳеҷ беҳбудие наоварданд.”

Аммо худи ин ки намояндагони ҳизби ҳукмрон дар ин бора изҳорот пахш мекунанд, аз нигаронии густардаи онҳо шаҳодат медиҳад. Ахиран 38 дар сади пурсидашудаҳо зимни иштирок дар назарсанҷии Маркази пурсиши афкори умуми “Левада” такрори таҳаввуллоти Миср дар Русияро имконпазир шумурдаанд. 43%-и дигар вуқӯи ин гуна ҳаводис дар ватани худро соқит кардаанд. Маркази пурсиши афкори умум мегӯяд, ки 49 % гуфтаанд, ки ба ширкат дар намоишҳои эътирозӣ омодаанд ва ин рақам дар муқоиса бо моҳе пеш 9 дар сад бештар будааст.

Олег Шеин, намояндаи мардумӣ аз ҳизби “Русияи одил” аст. Ин ҳизб якҷо бо Ҳизби коммунист ва Ҳизби либерал-демократ аз “мухолифон”-и дӯстонаи Кремлин унвон мешаванд. Шеин ба Радиои Озодӣ гуфт, ки кишвар ба хатар рӯ ба рӯ шудааст, зеро “Русияи воҳид” тамоми роҳҳои қонунӣ ва пуртаъсири ибрози ақидаро бастааст.
Вай меафзояд: “Мушкил дар он аст, ки ҳизби “Русияи воҳид” тамоми ниҳодҳои муҳимро хароб кардааст. Ман як намуна меорам: коршиканӣ. Соли гузашта 200 мавриди коршиканӣ дар Русия ҷараён гирифт, ки ҳеҷ яки онҳо қонунӣ набуд. Зеро дар кишвари мо коршиканӣ манъ аст. Ин танҳо ними масъала аст. Аз 200 мавриди коршиканӣ, танҳо 20 ҳолат бо дастгирии иттифоқҳои касаба сурат гирифт, боқӣ ҳама ҳаракатҳои худҷӯш буд. “

Шеин афзуд, Русия бо давлатҳои гирифтори нооромиҳо як муштаракот дорад, ки он ҳам набуди машрӯъияти интихоботӣ аст.

Ӯ мегӯяд: “Кулли кишвар наметавонад барои як гурӯҳи дуздҳо кор кунад. Дер ё зуд чунин сохтор аз ҳам мепошад. Танҳо як роҳи эътидол вуҷуд дорад -- интихоботи одилона, озод ва шаффоф. Мардум бояд бифаҳмад тавассути ин механизм метавонад, ба мақомот таъсир гузорад.”

Намояндаи Ҳизби коммунист, Сергей Обухов, низ интихоботи озоду одилонаро роҳи ҷилавгирӣ аз нооромиҳо медонад. Вале ӯ мегӯяд, Кремлин ба ҷойи баргузор кардани интихоботи озоду демократӣ аз бозиҳои касиф истифода мебарад ва ҳизби ӯро ба сенарияи Ховари Миёна пайванд медиҳад.

Ба гуфти ӯ ҳизби “Русияи воҳид” дар Тамбов бо пахши варақаҳои ҷаълӣ Ҳизби коммунистро ба маблағгузории шӯришгарони Миср муттаҳам кардааст.

Агар пешгӯиҳои сиёсатмадорони рус дар бораи имкони нооромиҳоро як сӯ гузорем, ба сурати умум нооромиҳо дар дунёи араб ва боло рафтани нархи нафт ба фоидаи Русия анҷом мешавад. Вазири молияи ин кишвар, Алексей Кудрин бо ишора ба пайомади бӯҳрони молии солҳои гузашта гуфт, ки болоравии нафт ба Русия имкон медиҳад, ки тавозунро дар буҷаи соли 2014 барқарор кунад.

Аммо Кудрин ҳамзамон ҳушдор дод, ки адами интихоботи одилона ҳукуматро аз пуштибонӣ ва қонунмандии зарур барои идомаи татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ маҳрум мекунад. “Интихобот бояд озоду одилона баргузор шавад ва тамоми нирӯҳои сиёсии ҷомеаро фаро бигирад, танҳо ин метавонад замонати эътимод ба идомаи ислоҳоти зарурӣ бошад,” – гуфт Кудрин моҳи гузашта дар Красноярск.

Таҳлилгари Пажӯҳишгоҳи мутолиоти Аврупо дар назди Фарҳангистони улуми Русия, Дмитрий Фурман бо нигаронӣ аз маҳдудияти ибрози дигарандешӣ дар Русия гуфтааст, ”ман ҳеҷ шубҳае надорам, ки агар кор бо ин шева ҷараён бигирад, яъне мухолифон саркӯб ва даҳони мардум баста шавад, як таҳаввулоти монанд ба ҳодисаҳои дунёи араб домани Русияро ба нооромиҳо хоҳад кашид.”