Кумитаи давлатии марзбонии Қирғизистон хабар дод, ки як шаҳрванди Австрия ҳангоми наворбардории марзи Тоҷикистону Қирғизистон тавассути чархболи бесарнишини наворбардор дастгир шудааст.
Гулмира Борубаева, раҳбари маркази матбуоти Кумитаи марзбонии Қирғизистон рӯзи 8 сентябр ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ин шаҳрванди Австрия аз Тоҷикистон ба таври расмӣ аз тариқи гузаргоҳи марзӣ вориди Қирғизистон шуда буд: "Вале ӯро замоне дастгир карданд, ки бо квадрокоптер – ҳавопаймои бесарнишини наворбардор – манотиқи марз дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистонро ба навор мегирифт. Ӯ барои чунин наворбардорӣ иҷозати махсус надошт ва ҳоло ба вайрон кардани режими марзи давлатӣ айбдор мешавад."
Гулмира Борубаева гуфт, ин шаҳрванди Австрия дар минтақаи Саритоши ноҳияи Олойи вилояти Ӯш дар наздикии марз бо Тоҷикистон дастгир шудааст. Ба гуфтаи сухангӯи марзбонони қирғиз, ин шаҳрванди Австрия дар пайи боздошт ба мақомоти амниятии Қирғизистон супурда шуд ва таҳқиқи парвандаи ӯро аз ин ба баъд Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон пеш хоҳад бурд. Ӯ гуфт, баъди таҳқиқ маълум хоҳад шуд, ки ҳадафи ин шаҳрванди хориҷӣ аз наворбардории марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ буд: "Барои наворбардорӣ дар манотиқи марзӣ иҷозатномаи махсус лозим аст. Вале ин шаҳрванди Австрия ягон санади расмӣ барои наворбардорӣ надошт."
Ноҳияи Олойи Қирғизистон бо ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшони Тоҷикистон ҳаммарз аст.
Боздошти ин шаҳрванди Австрия ҳангоми наворбардории марзи Қирғизистону Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки нерӯҳои марзбонии Қирғизистон аз рӯзи 7 сентябр ба далели нооромиҳо дар Тоҷикистон дар тӯли беш аз 970 километр марзи ин ду кишвар ба ҳолати омодабош оварда шуда, режими ҳифозати ин марз тақвият дода шудааст.
То имрӯз танҳо 506 километр аз марзи Тоҷикистону Қирғизистон пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст. Аммо ин раванд чанд сол боз дучори рукуд шуда, Душанбеву Бишкек дар дастикам 6 соли охир дар амри таъин ва аломатгузории марзҳояшон дигар ягон километр пеш нарафтаанд. Аксари минтақаҳои баҳсии марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон дар байни ноҳияҳои Исфараву Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон бо ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканд ҷойгир шудаанд ва ҳар сари чанд вақт сабаби муноқишаҳо байни сокинони ду тарафи марз ва сарҳадбонони тоҷику қирғиз мешавад.
Таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ дар марзи вилояти Ӯши Қирғизистон бо вилояти Бадахшони Тоҷикистон асосан анҷом ёфтааст, вале дастикам ду минтақаи баҳсӣ дар ин қисмати марзи ду кишвари Осиёи Марказӣ то ҳол боқӣ мондааст.
Квадрокоптер, ё чархболи бесарнишин, тақрибан аз 1 то 4 кило вазн дошта, асосан барои аксу наворбардорӣ истифода мешавад. Ин васоили парвозкунанда дар бозор аз 200 то 5000 доллар нарх доранд ва озодона фурӯхта мешаванд.