Пинҳонӣ аз Толибон: Зиндагии як австралиягӣ дар Кобул
Падару писар дар рустои Салҳад Бреухел дар дараи Вахон барои киштукор замин нарм мекунанд.
Килти хабарнигори мустақил аст ва аз ин рӯ ҳарҷо ки худаш хост меравад, баръакси хабарнигорони қарордодӣ ӯ замонати амният надорад. Суръат барояш ҳифзи амният аст барои ҳамин ӯ дар якҷо бештар аз ним соат намемонад.
Дар акс ӯ дар роҳ ба сӯи вилояти Тахор аст.
Либосҳои мардуми вилоятҳои Афғонистон гуногун аст ва аксбардор ҳам мувофиқ ба онҳо либос мепушад. "Ман ҳеҷ гоҳ ингуна либоси зиёд надоштам" мегӯяд аксбардори ҷавон.
Дар акс "қаиқрон" дар шимолу шарқи Афғонистон. Ӯ барои гузарондани шумо аз рӯдхонаи Кукча тақрибан 40 сент мегирад.
Офтоби нарми Афғонистон ба аксбардори австралиягӣ хуш омадааст, вале ҳодисаҳое, ки инъикос мекунад, бисёр дилрешкунанда аст.
Дар акс: Саги ҷангӣ бо мураббиаш дар Кобул
Баъди зарбаи ҳавопаймои амрикоӣ ба шифохонаи "Табибони бидуни марз" дар Кобул, аксбардори австралиягӣ ба шифохона ворид шуд. Бо вуҷуде, ки садои тир меомад, ӯ харобаҳоро акс мегирифт ва ҷасади Бойназар Муҳаммад Назарро дар рӯи мизи ҷарроҳӣ пайдо кард. "Барои ман ин як ҳодисаи ваҳшатангез буд." Килти аъзои хонаводаи мақтулро ёфт ва барои онҳо 12 ҳазор доллар кӯмак ҷамъ кард.
"Ман фикр мекунам, ба шарофати ҳамин кор одами беҳтар шудам. Ҳоло ба ҷаҳон бо баландҳимматии зиёд нигоҳ мекунам. Ман инҷо худро хушбахт эҳсос намекунам, вале хушбахтии ман инҷо муҳим нест. "
Дар акс: Духтараке баъди бомборони шифохонаи "Табибони бидуни марз" дар Кундуз
Ин духтарак дар бухорӣ сӯхта ва ҷароҳатҳои зиёд бардоштааст. Вале бо вуҷуди ин ҷароҳатҳои амиқ нагирифтааст ва батадриҷ шифо меёбад.
Сокинони як рустои вилояти Бадахшон. Онҳо дар ҷое истодаанд, ки ярчи бузург дар соли 2014 як русторо зери хок кард ва 350 нафарро кушт.
Килти мегӯяд, ягона чизе ки дар Афғонистон надорад, уқёнус аст.
Дар акс. Соҳили уқёнус дар Сидней
Хатари сафар дар Афғонистон, мисли хатари шино дар уқёнуси пур аз наҳанг аст. "Толибон либоси ягона надоранд, дар уқёнус агар як наҳангро дидӣ пас бидон, ки чанд наҳанг ҳамроҳ дорад. Дар инҷо ҳамингуна аст" -мегӯяд, аксбардор.
Килти мегӯяд, ки зиндагиаш дар Афғонистон "назар ба ончӣ ки тасаввур мекунед, осонтар аст". Вале бояд ҳамеша эҳтиёт кард.
Дар акс. Барфи Кобул
Мунтазири нашри рӯзнома.
Аксҳои дигаре аз Кобул
Ҳар гӯшаи Афғонистон таърих дорад. Баъзе аз ин човандозони афғон дар сар кулоҳҳои танкистҳои русро доранд, ки артиши он даҳ сол дар Афғонистон буд.
"Ҳар куҷо ки нигоҳ накунед, қиссаи ҷолиберо мебинед. Ман фикр мекардам, беҳтарин корро дар Австралия дорам. Вале Афғонистон бароям кашфиёт шуд. Ман дар ниҳоят ба Австралия бармегардам. Вале ҳоло инҷо зиндагӣ бароям беҳтар аст. мегӯяд Эндрю Китли, ки яке аз либосҳои афғониашро ба бар кардааст.