Як мақоми Оҷонсии зидди коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 12 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, барои ҳайати кормандони оҷонсӣ аттестатсия шурӯъ шуд ва ҳамакнун идома дорад. Вай гуфт, ба ин муносибат аз ҳайати раҳбарии Оҷонсӣ ва Дастгоҳи президенти кишвар як комиссия таъсис дода шудааст ва санҷиши кормандонро анҷом хоҳад дод. Ин манбаъ гуфт, тасмими гузаронидани аттестатсияи кормандони Оҷонсӣ баъди он гирифта шуд, ки дар охирҳои моҳи май 38 корманди он бинобар ба синни бознишастагӣ расидан, аз кор озод шуданд.
Ин афрод, ки “мувофиқи Низомномаи адои хизмат ба синни ниҳоии хизмат расидаанд, ҷиҳати иҷрои талаботи банди 25 Протаколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди бо иззату эҳтиром ба нафақа гусел кардани хизматчиёни давлатӣ ва кормандоне, ки ба синни нафақа расидаанд” аз идомаи хидмат дар ин ниҳод маоф шудаанд.
Пас аз ба вазифаи раиси Оҷонсии зиддифасод таъин шудани генерал-майори адлия Рустами Эмомалӣ, ин бори аввал аст, ки дар ин ниҳод аттестатсия сурат мегирад. Як намояндаи Оҷонсии зиддифасод қаблан ба Озодӣ гуфта буд, ки як ҳадафи Оҷонсӣ аз ба нафақа фиристодани кадрҳои калонсол, ҷавонсозии кадрҳо дар ин ниҳод аст: “Мудири Оҷонсӣ Рустами Эмомалӣ, ки худаш ҷавон аст, айни ҳамин кор – ҷавонсозии кадрҳоро дар Хадамоти гумрук анҷом дод. Дар Оҷонсӣ низ ӯ бештар ба ҷалби чунин кадрҳои ҷавон такя хоҳад кард.”
Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон бо фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз 10 январи соли 2007 таъсис ёфтааст. Ин ниҳод мегӯяд, танҳо дар 5 соли аввали фаъолияташ (2007-2012) 4465 ҷинояти марбут ба фасод ба маблағи 514,8 миллион сомонӣ зарари расондашуда ба хазинаи давлатро ошкор карда ва 251,2 миллион сомонӣ аз ин маблағҳоро ба давлат баргардондааст.
Дар ин 5 соли аввали кор ин Оҷонсӣ, бино ба гузориши худаш, алайҳи 1826 нафар бо иттиҳоми даст доштан дар фасоду ришва парвандаҳои ҷиноӣ кушода ва аз ин шумор 447 парвандаро ба додгоҳ супурдааст.
Аммо мунтақидон мегӯянд, Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар инак, 8 сол аз оғози фаъолияташ бештар ба шикори “моҳича”-ҳои хурди дарёи бузурги фасоди ин кишвар маҳдуд шудааст ва “наҳанг”-ҳои бузурги ин дарё, бо шумули мансабдорони баландпоя ва наздикони онҳоро кор намегирад.
Раҳбарии Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистонро аз рӯзи таъсисаш дар таърихи 10 январи соли 2007 то моҳи июни соли 2009 Шерхон Салимзода (ҳоло – раиси Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон) ва аз соли 2009 то соли ҷорӣ Абдулфаттоҳи Ғоиб бар ӯҳда дошт.
Аммо дар моҳи марти соли 2015 раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон писари 27-солааш Рустами Эмомалиро, ки беш аз як сол боз раҳбарии Хадамоти гумруки Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, ба ҷои Абдулфаттоҳи Ғоиб раиси Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод таъин кард.
Як моҳ аз ин пеш Эмомалӣ Раҳмон баъди интиқодаш аз фаъолияти ниҳодҳои интизомӣ, аз ҷумлаи Оҷонсии зиддифасод тамоми муовинони мудири ин Оҷонсиро иваз карда буд. Абдулфаттоҳи Ғоиб билофосила баъди тарки мақом ба ҷои Рустами Эмомалӣ раиси Хадамоти гумрук таъин шуд.