Ҳамла ба дафтари Save the Сhildren дар Ҷалолобод. ВИДЕО

Ҳамла ба дафтари Save the Сhildren дар Ҷалолобод. Рӯзи 24-уми январи 2018

Дар шаҳри Ҷалолобод -- маркази вилояти Нангарҳор, воқеъ дар шарқи Афғонистон, дафтари созмони байналмилалии Ҳимоят аз кӯдакон (Save the Children) ҳадафи ҳамлаи интиҳорӣ қарор гирифт. Атоуллоҳ Хугиёнӣ, сухангӯи ҳукумати Нангарҳор, ба бахшии дарии Радиои Озодӣ гуфт, ҳамла соати 9-и субҳи 24-юми январ дар баробари дафтари созмони байналмилалии "Save the Children" сурат гирифтааст.

Мақомоти афғон мегӯянд, ки дар ин ҳамла ҳадди ақал ду нафар кушта ва 20 тани дигар захмӣ шудаанд. Доктор Наҷибуллоҳ Комавол, раиси бахши тандурустии вилояти Нангарҳор ба расонаҳо гуфтааст, аз ҷои ҳодиса 12 захмӣ ба бемористони марказии ин вилоят интиқол ёфтаанд.

Созмони Save the Children яке аз бузургтарарин созмонҳои кӯмакрасон дар Афғонистон мебошанд ва ба ироаи хадамоти таълимӣ, тиббӣ ва ҳамчунин ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон машғул аст.

Атоуллоҳ Хугиёнӣ, сухангӯи раиси вилояти Нангарҳор гуфт, ки ҳамлаварон як мошини пур аз маводи таркандаро дар рӯбарӯи дафтари созмони байналмилалии Save the Children инфиҷор доданд ва баъдан гурӯҳи аз мардони мусаллаҳ ба бино дохил шуда ва бо нерӯҳои амниятӣ даргир шуданд.

Фармондеҳи пулиси Нангарҳор Абдураҳмон Раҳимӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки амалиёти низомӣ барои поксозии бино аз ҳамлаварон идома дорад. Тибқи гузоришҳо, се ҳамлавар ба бинои ин созмони хайриявӣ юриш бурданд. Манбаъҳои маҳаллӣ ба расонаҳо гуфтаанд, ки дар замони ҳамла тақрибан 50 корманд дар дохили ин бино будаанд.

Масъулияти ин ҳамлаи интиҳориро гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба дӯш гирифтааст. Аммо гурӯҳи Толибон даст доштан дар ин ҳамлаи интиҳориро рад кард. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи ин гурӯҳ дар паёми хаттӣ, ки ба расонаҳо фиристод, гуфтааст, ин гурӯҳ дар ҳамлаи рӯзи чаҳоршанбеи Ҷалолобод даст надорад. Ин дар ҳолест, ки рӯзи 20-уми январ ин гурӯҳ ба меҳмонхонаи "Интерконтинентал" ҳамла бурд ва беш аз 30 нафарро кушт, ки 14 тани онҳо хориҷиҳо буданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳамла ба дафтари "Save the Сhildren" дар Ҷалолобод

Сухангӯи созмони хайриявии Save the Children рӯзи 24-уми январ бо нашри як баёния гуфтааст, ки аз шунидани ин хабар дар ҳолати "шок" қарор гирифтанд ва ҳоло нигаронии аслии онҳо саломатӣ ва амнияти кормандонашон мебошад. Сафири Бритониё дар Кобул дар сафҳаи "Твиттер"-и худ ин ҳамларо маҳкум намуда, гуфтааст, ки "ҳар гуна ҳамла ба кӯдакон ва имдодрасонҳо ҷиноят алайҳи инсоният аст.

Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон дар "Твиттер"-и худ навишт, ки "ҳамла ба ғайринизомиён ва созмонҳои кӯмакрасон ба таври возеҳ ва ошкор нақзи қонунҳои байналмилалӣ ва шояд шомили ҷароими ҷангӣ бошад."

Одамон дар ҳоли фирор аз маҳалли ҳодиса.

Шаҳри Ҷалолобод -- маркази вилояти Нангарҳор дар чандкилометрии марз бо Покистон қарор дорад. Гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар ин вилоят ҳузури густурда дорад ва Толибон низ дар ин вилоят фаъол мебошанд.

Созмони Save the Children яке аз бузургтарарин созмонҳои кӯмакрасон дар Афғонистон мебошанд ва ба ироаи хадамоти омӯзишӣ, тиббӣ ва ҳамчунин ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон машғул аст.

Аз ин қабл низ гурӯҳҳои имдодрасони хориҷӣ дар Афғонистон мавриди ҳамла қарор гирифта буданд. Дар моҳи октябри соли гузашта Салиби Сурхи байналмилал эълон кард, ки бинобар таҳдидҳои амниятӣ, шумораи кормандони худро коҳиш додааст. Соли гузашта дар як ҳамла, ҳафт корманди ин созмон ҷони худро аз даст дода буданд.​