Пас аз Атомуҳаммади Нур, ки мегӯяд, президент Ашраф Ғанӣ ҳаққи барканории ӯро надорад, ҳоло генерал Абдурозиқ, фармондеҳи пулиси вилояти Қандаҳор низ гуфтааст, ки ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон ҳукумати интихобӣ набуда, як ҳукумати эътилофист ва ҳаққ надорад ӯро аз мақомаш сабукдӯш кунад.
Ин фармондеҳи қудратманд дар ҷануби Афғонистон ҳамзамон гуфтааст, ки ӯ Атомуҳаммади Нурро волии амалкунандаи вилояти Балх медонад. Президент Ашраф Ғанӣ рӯзи 18-уми декабр тайи як фармон Атомуҳаммади Нурро аз мақомаш барканор ва муҳандис Довудро ба ҷои ӯ таъйин карда буд. Ин қазия ҳамакнун Афғонистонро ба як бунбасти дигари сиёсӣ рӯбарӯ кардааст.
Ҳукумати Афғонистон гуфтааст, ки дастури барканории Атомуҳаммади Нур бар асоси аризаи вай сурат гирифтааст ва доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллӣ низ ба ин мувофиқат кардааст.
Атомуҳаммади Нур ҳам дар охирин изҳороти худ гуфтааст, ки аз генерал Абдурозиқ пуштибонӣ мекунад. Атомуҳаммади Нур пас аз он, ки раёсати ҷумҳури Афғонистон хабари барканоришро эълон кард, гуфт, ки Ашраф Ғанӣ баъд аз вай мехоҳад генерал Абдурозиқро аз мақомаш сабукдӯш кунад.
Генерал Абдурозиқ рӯзи сешанбеи 2-юми январ дар шаҳри Қандаҳор дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфтааст, ки бо хости мардуми Қандаҳор омада ва бо хоҳиши онҳо мақомашро тарк хоҳад кард. Генерал Абдурозиқ гуфт, "маро ин ҳукумат наёвардааст ва на ҳам барканор карда метавонад. Ман ба хости мардуми Қандаҳор омадаам ва ба тақозои онҳо хоҳам рафт. Ин ҳукумат интихобӣ нест, ки ба мардум мактубҳо бифиристад. Ин ҳукумат бар асоси як эътилоф ба вуҷуд омадааст."
Генерал Абдурозиқ гуфтааст, "аввал ман бароятон бигӯям, ки шумо Атомуҳаммади Нурро волии пешин мегӯед, аммо ман вайро волии амалкунанда мегӯям. Баъдаш ҳам ин дуруст аст, ки тағйир ва табдил дар ҳукуматҳо як асл аст, аммо дар сурате аст, ки як ҳукумат хуб ва қонунӣ бошад, фард-фарди Афғонистон ба он раъй дода бошад, шаст, 75 то 80 дарсад раъй гирифта бошад ва танҳо дар ҳудуди 25 дарсад раъйро мухолифин гирифта бошад. Пас агар ин ҳукумат аз оғоз аз ду тараф ташкил шуда бошад ва ҳоло як тараф бихоҳад дар сонияе дигарро ҳазф кунад, ин имкон надорад ва чунин масоиле ватанро ба харобӣ мебарад."
Ин дар ҳолест, ки танишҳо дар мавриди дастури барканории Атомуҳаммади Нур, волии қудратманди вилояти Балх дар шимоли Афғонистон, то ба ҳол идома дорад. Атомуҳаммади Нур пас аз он, ки рӯзи 18-уми декабр раёсати ҷумҳури Афғонистон хабари барканориашро эълон кард, гуфт, “ман волии Балх будам ва феълан низ ҳастам. Агар аз роҳи тафоҳум ҳукумат пеш наёмад ва шароити раҳбарии ҷамъиятро қабул накард, то охири ҳукумати ваҳдати миллӣ волӣ мемонам.”
Ҳамакнун музокироти миёни Ҳизби ҷамъияти исломӣ ва раёсати ҷумҳури Афғонистон дар бораи сарнавишти Атомуҳаммади Нур оғоз шудааст. Як манбаъ аз Ҳизби ҷамъияти исломии Афғоинстон гуфтааст, ки ҳайати ин ҳизбро дар музокирот бо ҳукумат Салоҳиддин Раббонӣ раҳбарӣ мекунад.
Атомуҳаммади Нур рӯзи чаҳоршанбеи 3-юми январ дар Мазори Шариф гуфтааст, ки агар ин музокирот натиҷа надиҳад, мардумро ба нофармонии маданӣ даъват хоҳад кард. Вай ҳамчунин дар бораи гузинаҳои дигар ишора карда ва гуфтааст, "тафоҳум ва музокира пешкаш шудааст. Аввалин музокирот рӯзи сешанбе сурат гирифтааст. Бибинем, ки натиҷа чӣ мебарояд. Мо тафоҳумро дӯст дорем. Агар чунин нашуд, боз он вақт шуморо ба ҳаракати маданӣ ва нофармониҳои қавии маданӣ даъват мекунем. Ин ҳам агар нашуд, боз ҳам машвара мекунем, ки дигар гузинаҳо чист."
Ҳукумати Афғонистон гуфтааст, ки дастури барканории Атомуҳаммади Нур бар асоси аризаи вай сурат гирифтааст ва доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллӣ низ ба ин мувофиқат кардааст. Атомуҳаммади Нур дар замони интихоботи президентии Афғонистон аз ҳомиёни сарсахти Абдуллоҳ Абдуллоҳ буд.
Атомуҳаммади Нур, ки дар миёни тарафдоронаш бо номи Устод Ато маъруф аст, дар замони ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ таҳти фармондеҳии Аҳмадшоҳи Масъуд, яке аз раҳбарони Эътилофи Шимоли Афғонистон хидмат кардааст ва яке аз лидерони тоҷикон дар он кишвар ба шумор меравад.
Устод Ато айни ҳол яке аз раҳбарони ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон мебошад. Ин ҳизб аз сӯи Бурҳониддин Раббонӣ, президенти фақиди Афғонистон аз аз раҳбарони муҷоҳиддин, таъсис шудааст.
Атомуҳаммади Нур соли 1964 дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон таваллуд шуда, мактаби миёнаи 11-соларо дар он ҷо хатм кард. Соли 2008 дипломи бакалаври донишгоҳи Билфорди Амрикоро ба даст овардааст.
Ӯ соли 2012 рисолаи номзадишаро дар мавзӯи “Танзими ҳуқуқии иттилооти тиҷорат” дар Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ҳимоят кард. Атомуҳаммади Нур айни замон рисолаи докториашро низ дар Тоҷикистон ҳимоят менамояд. Вай аз соли 2002 ба ин сӯ волӣ ё раиси вилояти Балхи Афғонистон аст ва аз афроди соҳибнуфузи ин кишвар ба шумор меояд.