Шумори қурбониёни ошӯби зиндони Хуҷанд наздики 50 нафар аст. ВИДЕО

Руқия Исмоилова дар байн

Дар паи саркӯби ошӯби зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд, ки шаби 7 ба 8 ноябр рух дод, наздики 50 нафар ҷон додааст. Теъдоди захмиҳо ҳанӯз дақиқ нест.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар як ниҳоди ҳукуматӣ рӯйхати кушташудаҳоро дидааст, ки дар он исми наздики 50 нафар навишта шудааст. Инҳо асосан зиндониҳо буданд.

Гуфтанд, ки аз боло фармон шуд, ки нишон надиҳанд. Фақат гӯрбон онҳоро ҳамроҳӣ кард, дигаронро ҳатто наздик шуданд намонданд.

То ҳол ​ марги ҳадди аққал 2 корманди зиндон тасдиқ шудааст. Бо гузашти чор рӯз аз ҳодиса, ҳеҷ як сохтори ҳифзи қонун ва мақомоти баландпоя ин ҳодисаро шарҳ надодаанд. Аксари ҷасадҳои зиндониён дар шароити пӯшида ва бидуни боз кардани кафан ба хок супурда шуданд. Маросими хоксупорӣ таҳти назорати кормандони пулис сурат гирифтааст.

Модари зиндонӣ: Нагузоштанд, кафани фарзандамро боз кунам

Модари яке аз зиндониҳо, ки дар ошӯби шаби 7 ба 8 ноябр дар зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд кушта шуд, гуфт, мақомот нагузоштанд, ки пеш аз хоксупорӣ рӯи мурдаи писарашро бубинад. Ба гуфтаи ин модар, дар ҷасад "танҳо бо скотч (часпи пластикӣ) коғазе бо исми зиндонӣ часпонда шуда буд". Руқия Исмоилова, модари Баҳром Исмоилови 23-сола, ки дар ошӯби зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд кушта шуд, гуфт, субҳи 8 ноябр нахуст ба ӯ занг зада гуфтанд, ки писараш "мариз аст" ва бояд ба зиндон ҳозир шавад ва танҳо дар назди маҳбас ба ӯ гуфтанд, ки писараш кушта шудааст. Ӯ мегӯяд :

“Мо дар маҳбас пурсидем, ки чӣ шудаст? Гуфтанд, ки инҳо кормандони моро задаанд, инҳо кормандони моро мезананду инҳоро ҳамту мемонем?”.

Ба нақли ин зан, ҷасади кафанпечи писарашро кормандони пулис ҳамроҳи гӯрбон дар яке аз қабристони ин маҳал дафн карданд, вале ба аҳли хонавода қотеона нагузоштанд, ки ба ҷасад наздик шаванд.

“Ману модарам зорӣ кардем, ки ақаллан як бор рӯяшро кушояда нишон диҳанд, ки бори охир чеҳраи фарзандамро бинам ва донам, ки ӯ писари ман аст ё каси дигар. Аммо нагузоштанд. Гуфтанд, ки аз боло фармон шуд, ки нишон надиҳанд. Фақат гӯрбон онҳоро ҳамроҳӣ кард, дигаронро ҳатто наздик шуданд намонданд. Худашон бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” ҷасади писарамро оварданд ва ба қабр гузошта рафтанд.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Модари зиндонии кушташуда: "Намонданд, писарамро бубинам"

Руқия Исмоилова гуфт, ки Баҳром Исмоилов се сол пеш бар асоси моддаи 401, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (яъне “Зархаридӣ” – “ҷалб, таълим, маблағгузорӣ ё таъминоти дигари моддии зархаридон, инчунин истифодаи онҳо дар задухўрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ”) ба 12 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Руқия Исмоилова гуфт, ки субҳи субҳи 8 ноябр дар назди зиндон “қатор-қатор” мошинҳои ёрии таъҷилиро дидааст, ки зоҳиран барои интиқоли ҷасадҳо ба қабристон омада буданд.

Мақомоти пулис ба хонаводаи Исмоиловҳо гуфтаанд, ки Баҳром Исмоиловро ба тарзи мусалмонӣ шуставу кафан карда, ҳамин тавр, ба ҳар 5 маҳбуси кушташуда дар маҳбас ҷудогона ҷаноза ҳам хонда шудааст. Бинобар ин ҳоҷат ба дубора адо кардани намози ҷаноза нест.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: ДИИШ масъулияти ошӯб дар зиндони Хуҷандро бар уҳда гирифт

Наворҳои ҷангҷӯёни ДИИШ дар телефони Баҳром

Баҳром Исмоиловро мақомот 3 сол пеш бо хабари як рафиқаш дастгир карда, дар телефони ҳамроҳи ӯ наворҳои ҷангҷӯёни ДИИШ дар Сурияро пайдо кардаанд. Руқия Исмоилова гуфт, ки писараш як дафъа ба хотири дарёфти пул барои таҳсил дар донишгоҳ ба муҳоҷирати кории Русия рафта, баъди бозгашт ба бахши ғоибонаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар Хуҷанд гузашт. Ҳамзамон дар ширкате ба ҳайси масъули тиҷорат кор мекард.

Қарор буд мулоқоти навбатии модару писар дар зиндон 17 ноябр баргузор мешуд. Иҷозаи чунин дидори пайвандон ба маҳбусони дорои низоми сахт дар Тоҷикистон дар ҳар 4 моҳ як бор дода мешавад. Дар як сӯҳбати охирини худ Баҳром Исмоилова ба модар гуфтааст, ки ба афв умедвор аст:

“Писарам умердвор буд, ки қонун нави афв қабул шаваду қабл аз муҳлат ба озодӣ барояд. Аз ман мепурсид, ки оё аз афв хабаре ҳаст, кай мешавад? Оё аз муҳлати ӯ ҳам кам мекунанд? Ман ӯро тасаллӣ медодам,ки агар пурра озод накунанд ҳам, аз соли ҳабсаш кам мекунанд.”

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тоҷикистон дар номае ба Қирғизистон ошӯб дар зиндони Хуҷандро тасдиқ кардааст. САДО

Ба гуфтаи пайвандони Руқия Исмоилова, дар ҳамон қабристоне, ки Баҳром хоксупорӣ шуд, кормандони пулис ҳамчунин 3 маҳбуси дигари дар ошӯб кушташударо дар рӯзҳо ё вақту соати дигар дафн кардаанд.

Ба иттилои наздикони бархе дигар зиндониҳои дар ин ҳодиса кушташуда, ба онҳо иҷозаи кушодани чеҳраи ҷасад дода шуд. Аз ҷумла, намояндагони хонаводаи Баҳоваддиновҳо аз ноҳияи Исфара ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки писари онҳо аз ноҳияи сараш тир хурда буд. Ҳоҷиисмоилхон Баҳоваддинови 21-сола соли ҷорӣ бо ҷурми дуздӣ ба 15 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Ҳоҷиисмоилхон Баҳоваддинов. Акс аз толори додгоҳӣ рӯзи 5 апрел гирифта шудааст

Сабаби ошӯб шарҳ дода намешавад

Шаби 7 ба 8 ноябр дар зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд ошӯбе бархост, ки дар натиҷаи он даҳҳо зиндонӣ ва ҳадди аққал ду зиндонбон кушта шуд. Бо гузашти чор рӯз аз ҳодиса мақомоти тоҷик аз ҳама гуна шарҳ худдорӣ мекунанд.

Айни замон, ба иттилои Радиои Озодӣ, мақомоти додситонии кулл, раёсари иҷрои ҷазои вазорати адлияи Тоҷикистон ва дигар сохторҳо дар Хуҷанд машғули идомаи таҳқиқи ҳодиса буданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Номи ду афсаре, ки дар ошӯб дар зиндони Хуҷанд кушта шудаанд

Феълан исми ду корманди кушташудаи корманди зиндон расонаӣ шудааст. Инҳо: Эҳсон Ёқубови 27-сола буда, сокини ноҳияи Мастчоҳ ва Мирсаид Қодирови 42-сола, як сокини вилояти Суғд мебошанд. Дар ҳоле, ки мақомот сабабҳои сар задани ошӯбро шарҳ намедиҳанд, як масъули маҳбаси Хуҷанд рӯзи 8-уми ноябр дар маросими видоъ бо Эҳсон Ёқубов дар баробари мардум гуфтааст, ки як гуруҳи маҳбусон ногаҳонӣ даст ба ошӯб зада, мехост аз зиндон фирор кунанд.

Дар паи ин ҳодиса, дасти кам шаш корманди зиндон, ки дар ошӯб маҷрӯҳ шуданд, ба бемористони вилоятии Суғд барои муолиҷа интиқол ёфтанд. Иттило дар бораи маҷрӯҳон дар миёни зиндониҳо дар даст нест.

Ошуби зиндони рақами 3 дар Хуҷанд пурқурбонитарин дар таърихи зиндонҳои Тоҷикистон номбар мешавад. Дар ҳоле, ки манбаҳои мухталиф фишори нозирони зиндон ба маҳбусонро аз сабабҳои аслии ошӯб нобар кардаанд, мақомот то ҳол ҳодисаро шарҳ надодаанд.