Ҳалокати 17 нафар дар тирандозӣ ба як мактаб дар Флоридаи Амрико

Дар пайи тирандозӣ дар як мактаб дар ҷануби иёлати Флоридаи Амрико ҳадди ақал 17 нафар кушта шудаанд. Мақомҳои амрикоӣ аз боздошти ҳамлавари 19-сола, талабаи собиқ дар ҳамин мактаб, хабар доданд.

Мақомҳои пулис мегӯянд, ҷасадҳои бархе аз кушташудаҳо ба бемористон интиқол ёфта, тибқи гузоришҳо ҳудуди 20 тани дигар захмӣ шудаанд. Николас Круз -- фарде, ки ба талабаҳои мактаб ҳамла кард, қаблан "ба сабабҳои интизомӣ" аз мактабе, ки ба он ҳамла кардааст, ихроҷ шуда буд. Бинобар гузоришҳо, ӯ чанд соат пас аз тирандозӣ, бидуни муқовимат худро ба пулис таслим кард.

Раиси пулиси Брауард мегӯяд, ки дар миёни қурбониён ҳам талабаҳо ва ҳам афроди калонсол шиносоӣ шудаанд ва бештари онҳо низ дар дохили бинои мактаб ҷони худро аз даст додаанд.

Скотт Израэл, раиси пулиси Брауард гуфт, ҳамлавар ҳадди ақал як мил силоҳи AR-15 ва чанд тирдон бо худ доштааст. AR-15 силоҳи автоматӣ ва сабук аст. Дар Амрико фурӯши он бар асоси қонунҳо ба шаҳрвандони ғайринизомӣ иҷозат дода шудааст.

Доналд Трамп, президенти Амрико дар паёме дар "Твиттер"-и худ ба наздикон ва осебдидагон ибрози ҳамдардӣ карда ва гуфтааст, "ҳеҷ кӯдак, омӯзгор ва ҳеҷ фарди дигаре набояд дар мактабҳои Амрико эҳсоси ноамнӣ кунад."

Ҳодисаи Флорида яке аз тозатарин ҳодисаҳои хушунатбор аз тирандозӣ дар Амрико аст. Интизор меравад, ки ин ҳодиса бори дигар ба баҳсҳо дар бораи моликия ва доштани силоҳ дар он кишвар доман бизанад.

Тирандозии ахир дар минтақаи Парклэнд, 70-километрии шимоли Миями рух додааст. Теъдоде аз талабҳо пас аз шунидани садои тир ба хиёбонҳо гурехтанд. Нерӯҳои амниятӣ ва пулис низ онҳоро ба минтақаи амн интиқол додааст.

Раиси пулиси Брауард мегӯяд, ки дар миёни қурбониён ҳам талабаҳо ва ҳам афроди калонсол шиносоӣ шудаанд ва бештари онҳо низ дар дохили бинои мактаб ҷони худро аз даст додаанд.

Ба гуфтаи як ниҳоди назорат бар моликияти силоҳ дар Амрико, ин 18-умин бор дар соли ҷории милодӣ аст, ки дар мактабҳои Амрико тирандозӣ рух медиҳад.