Кумитаи дин: «Дар Афғонистону Покистон 11 ва дар Сурия 3 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд.»
Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи 9 июл дар нишасти хабарии ин кумита гуфт, ки дар солҳои охир дар ҷангҳои Афғонистону Покистон ҳудуди 11 шаҳрванди Тоҷикистон ҷон бохта, сеи дигар дар Сурия ба ҳалокат расидаанд. Мавлон Мухторов афзуд, ҷасади чанде аз ин тоҷикҳои дар ғурбат кушташударо барои гӯручӯб ба Тоҷикистон овардаанд.
Ин раҳбари Кумитаи дин гуфт, шумори шаҳрвандони тоҷики дар ҷангҳои бегона ҷонбохта метавонад хеле аз ин ҳам бештар бошад. 14 нафаре ки дар ин нишасти хабарӣ эълон шуд, ба гуфтаи Мавлон Мухторов, танҳо онҳоест, ки ному насаб ва ҳуввияти миллиашон мушаххас карда шудааст. Оқои Мухторов гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистонро асосан ангезаи «ширкат дар ҷиҳод» ба ҷанг дар сарзаминҳои бегона тела медиҳад.
Вай афзуд,ки шояд теъдоди чунин шаҳрандони Тоҷикистон бештар бошад,зеро мақомоти Тоҷикистон шумораи онҳоеро медонад, ки ному насабашон мушаххас карда шудааст.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ҳафтаи гузаштааш бо фаъолон ва рӯҳониён аз ҷумла аз 80 хонаводаи тоҷике ки дар сарзаминҳои қабиланишини Вазиристони Покистон - як пойгоҳи умдаи гурӯҳҳои ҷангҷӯи исломӣ - паноҳ бурдаанд, изҳори нигаронӣ кард. Гуфта мешавад, як бахши ин мардум онҳоеянд, ки баъди ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон барои идомаи "ҷиҳод" ҳамроҳ бо нирӯҳои Ҳаракати исломии Узбакистон ибтидо ба Афғонистон ва аз онҷо ба Покистон паноҳ бурдаанд.
ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД