Пулиси Маскав мегӯяд, дар пайи занозании навбатӣ байни муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистону Узбакистон 28 нафарро дастгир кардааст. Ин занозанӣ байни ду гурӯҳи муҳоҷироне, ки дар яке аз ширкатҳои шаҳри Маскав кӯчарӯбӣ мекарданд, шоми душанбе, 14 март дар гулгашти Кавказский дар ҷануби пойтахти Русия сурат гирифта, бино ба хабарҳо, дар ин моҷаро аз ҳарду тараф тақрибан 50 нафар ширкат кардаанд. Дар ҷараёни занозанӣ бинии як нафар шикаста, чанд тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Мақомот сабаби занозаниро ихтилофи маишӣ байни ду гурӯҳи муҳоҷирон меномад ва мегӯяд, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.
Ин алакай чорумин занозанӣ байни муҳоҷирони тоҷику узбак дар шаҳру вилояти Маскав дар камтар аз ду моҳи охир аст.
Иброҳим Худойбердиев, раиси Конгресси узбакҳову узбакистониҳои Русия рӯзи 15 март дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, дар аксари ҳолатҳо, аз ҷумла дар ҳодисаи ахир дар гулгашти Кавказский муҳоҷирон аз ду кишвари ҳамсоя ба далелҳои маишӣ аз гиребони якдигар мегиранд: “Бубинед, дар Ватан танзимҳои зиёде, чун Шӯрои оқсақолон, шӯроҳои маҳалла, билохира падару модарон ҳастанд, ки фарзандони худро ба роҳи рост ҳидоят мекунанд. Аммо дар Русия инҳо ба сари худ мемонанд. Касе нест, ки онҳоро насиҳат кунад, гӯяд, ки чӣ корашон хуб асту чӣ корашон – бад.”
Далели дигари афзоиши мавридҳои занозанӣ байни муҳоҷирон дар Русияро ҳомиёни ҳуқуқ ба вазъи боз ҳам осебпазиртаршудаи ин қишр бар асари мушкилоти иқтисодии ин кишвар медонанд. Онҳо мегӯянд, таъсири бӯҳрон, пеш аз ҳама кам шудани теъдоди ҷойҳои кории маошашон беҳтар боиси афзоиши рақобат байни гурӯҳҳои мухталифи муҳоҷирон шудааст ва онҳо барои ҳифзи ҷои кори худ ва роҳ надодани гурӯҳҳои рақиб тайёранд ба сари якдигар ҳатто мушт бардоранд.
Аз ин қабл шаби 14 ба 15 феврал дар кӯчаи Старообрядческая дар ҷанубушарқи шаҳри Маскав, пойтахти Русия ду гурӯҳи кӯчарӯбон аз Тоҷикистону Узбакистон занозанӣ карданд. Бино ба гузоришҳо, пулис 15 тан аз иштирокунандагони ин занозаниро дастгир кардааст. Пулиси Маскав гуфт, муҳоҷирон, ки дар яке аз идораҳои коммуналии ин минтақаи пойтахти Русия ба ҳайси кӯчарӯб (дворник) кор мекарданд, дар рӯзи истироҳаташон дар ҷараёни нӯшонӯшӣ бо ҳамдигар вориди муноқиша шуда, дар ҷараёни занозанӣ аз корду болға ва занҷиру асбоби дигар истифода бурдаанд.
Ҳамчунин, рӯзи 1 феврал муҳоҷирони тоҷик дар шаҳраки Митиши дар канори Маскав бо ҳамдигар даргир шудаанд. Шоҳидон мегӯянд, дар Митиши низ ҳарду тарафи моҷаро дар ҳолати мастӣ ба ҷони якдигар дарафтодаанд.
Ҳамин тавр, моҳи феврали соли 2015 дар як занозанӣ байни муҳоҷирони тоҷику узбак дар шаҳри Тулаи Русия як шаҳрванди 24-солаи Узбакистон кушта ва як шаҳрванди тоҷик бо иттиҳоми қатли ӯ боздошт шуда буд.
Бино ба ҳисобҳо, ҳар сол то 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба хотири таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ озими Русия мешавад. ФМС – Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия – шумори муҳоҷирон аз Узбакистонро дар моҳи январи соли ҷорӣ 1,8 миллион нафар баровард карда буд. Аммо манобеи ғайрирасмӣ, ҷамъи мардикорони узбак дар бозори кори Русияро аз 3 то 4 миллион нафар баровард мекунанд.
Пулҳое, ки муҳоҷиронашон аз Русия мефиристанд, як омили умдаи таъмини суботи иҷтимоӣ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Узбакистон дониста мешаванд. Вале дар соли 2015 ба далели мушкилоти иқтисодии Русия ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷирон ба ҳарду кишвар башиддат коҳиш ёфт.