Сиёсатмадорони тоҷик, ки баъди кори тӯлонӣ дар мақомҳои баланд бознишаста мешаванд, бештар ба зироаткориву наберапоӣ шуғл меварзанд ва хотироту таҷрибаи давлатдории онҳо аз назари ҷомеъа пинҳон мемонад. Баъзе ба навиштани хотираҳо аз рӯзгори гузаштаи худ алоқамандӣ доранд, аммо ин хотираҳо аксаран дар шакли сиёҳнавис рӯйи мизи кориашон боқӣ мемонад ва ё бо теъдоди андаке барои гурӯҳи дӯстон нашр мешавад.
Бобоҷон Бобохонов, додситони собиқи кулли Тоҷикистон, мисли аксар раҳбарони бознишастаи ҳукумат, ҳоло бештар вақти худро бо лимупарварӣ ва китобхонӣ сарф мекунад. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ бо ифтихор гуфт, аз ниҳолҳои лиму ду дафъа ҳосил гирифтааст ва ба ин хулоса расидааст, ки лиму дар Душанбе ҳам хуб месабзаду ҳосил медиҳад.
“Даҳ ниҳоли лимӯ шинондаам. Ин ҳама ҳосили нав аст, ин ниҳолҳо ягон нигоҳубин надоранд, камтар бехашро нарм карда об медиҳӣ тамом. Ин як дарахтест, ки ҳамеша сабз аст ва ман хостам дар пеши кати хона онро шинонем то атроф ҳам зебо шавад. Дигар корам ҳам нигоҳубинӣ ҳамин гулу гулзор ва арчаҳои рӯйи ҳавлӣ аст, ки ҳамаро бо дасти худ шинондаам.”
Бобохонов аз шахсиятҳои калидии Тоҷикистон ва аз шоҳидони зиндаи ҳаводиси хеле муҳими кишвар аст. Ӯ дар як даврони пуршӯре додситони кулл буд. Даврае, ки додситонӣ салоҳиятҳои васеъ дошт ва ҷангсолороне мисли Ёқуб Салимов, Абдуҷалил Ҳомидов, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва ҳам фармондеҳи собиқи Горди президентӣ Ғаффор Мирзоевро барои солҳои тӯлонӣ пушти панҷара бурдааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бобохонов вақти рафтан аз мақоми додситонӣ гуфт, мемуар ё китоби хотирот менависад ва бисёриҳо ҳам мехостанд, додситони кулл баъди бознишастагӣ дар бораи ҳаводиси муҳими кишвар барояшон қисса кунад. Аммо то ҳанӯз ин китоб ба дасти хонандаҳо нарасидааст. Бобоҷон Бобохонов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қисме аз таасуроту саргузашҳои худро ёддошт кардааст, аммо ин хотираҳо ҳоло комил ва барои нашр дар шакли як китоб омода нестанд.
“Агар ман ҳақиқати ҳолро гап занам, чӣ дар Хатлон ё Суғду Душанбе ҳама хотираҳои таърихӣ аст, чӣ қадар табаддулотҳо, чӣ қадар ҳодисаҳои нангин, ки бо ёрии кормандони прокуратура, дохилӣ ва амният ҳал карда омадем. Дар масъалаи хотираҳо, бисёр ҳуҷҷату саргузаштҳо омодаанд, фақату вақту шароиташ, ки расид мумкин чоп кунем. Ин муҳим аст барои насли оянда ва насли нави ҳуқуқшиносон, ки донанд кадом давраи чӣ ҳодисаҳое гузаштааст.”
Бобохонов мегӯяд, дар замони фаъолияти корӣ, ӯ беш аз 150 қитобу мақолаҳо дар бораи додситонӣ ва илми ҳуқуқшиносӣ навиштаааст, ки қисме ҳоло дар донишгоҳҳо чун китоби дарсӣ истифода мешавад.
Аммо дар қиёс бо Бобохонов, Нуралишоҳ Назаров, генерали бознишаста ва муовини собиқи фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки солҳо дар вазорати корҳои дохилӣ дар мансабҳои раҳбарӣ кор кардааст, як китоби хотироташро рӯйи чоп овард. Ин китоб “Маҷрои зиндагӣ” ном дорад ва дар 20- солагии истиқлол ба теъдоди 1000 дона нашр шуд. Ҷаноби Назаров дар ин китоби худ аз ҳодисаву ҷиноятҳое, ки худ замони нооромиҳо шоҳид будааст, қисса мекунад.
“Вақте нафақа баромадам, фикр кардам, ки хотираҳоро агар нанависем мумкин фаромӯш шаванд, китоб навиштам. Ман фақат дар шакли кӯтоҳ аз баъзе ҳодисаҳо ёдовар шудааст. Вале хотираҳо хеле зиёданд, амалиётҳои вазнини зиёд доштем. Масалан бандаи аз ҳама вазнин, ки мо бо он бояд кор мекардем, ин гурӯҳи Раҳмон Сангинов буд ва зиёда аз 100 одами мусаллаҳ дошт. Ман ду маротиба бо ӯ сӯҳбат доштам, то силоҳро як сӯ гузоранд. Гуфтам, Раҳмон вазъ бадтар мешавад, бас кунед, даркор бошад бароят вазифа медиҳем. Муҳим ҷиноят нашавад, аввал розӣ шуд. Аммо билохира созиш накарданд”, - гуфт генерали тоҷик.
Нуралишоҳ Назаров аз нашри як китоби ҳамагӣ 100 саҳифаӣ аз таҷрибаи чанд солаи кориаш қонеъ нест, аммо мегӯяд, дар соҳае, ки ӯ фаъолият дошт намешавад, ҳама он ҳодисаҳоро, ошкор қисса кард. Нуралишоҳ Назаров ҳоло бештар дар замин кор мекунад. Ӯ 2 гектар замини хоҷагии деҳқонӣ дорад ва дар он кишту кор мекунад.
“Аз соли 2008, ки ба нафақа баромадам дар ҳамин замини хоҷагии деҳқонӣ, ки оилавӣ аст, 30 сотих гандум коридем, 15 сотих ҷав ва юнучқа, картошка, ҷуворимакка коридем. Баъд боғ ташкил кардем. Дарахтони зиёд дорем. Деҳқонӣ ҳам корӣ мушкил будааст. Ман аз аввал заминро дӯст медоштам.”
Дар кишварҳои ғарбӣ китоби хотираҳост, ки мардуму ҷомеа аз “бозиҳои дохили дарбор” ва нақши фарди мушаххасе дар қабули қарорҳои сарнавиштсоз барои ватани худ огаҳ мешаванд. Вале дар Тоҷикистон ба андешаи таҳлилгарон агарчӣ мақомдорони собиқ баъди канор рафтан аз сиёсат дар дил гуфтаниҳои зиёд доранд, аммо ба далоили мухталиф ва ҳам аз хавфи он, ки нашри хотирот барояшон метавонад “дарди сар эҷод кунад” ин ҳамаро дар худ нигаҳ медоранд.
Ҳамин тавр Қаҳҳор Маҳкамов, раиси ҷумҳури собиқи Тоҷикистон, бо он, ки дар робита ба масоили марбут ба ҳаводиси солҳои навадум каму беш бо хабарнигорон сӯҳбатҳо мекард, аммо ягон китоби хотира нанавишт ва чунин нияте ҳам надошт. Аз Изатулло Ҳаёев, раиси собиқи девони вазирон ҳам касе китоби хотира дастрас накардааст. Абдумаҷид Достиев, аз чеҳраҳои дигари калидӣ ва собиқадори ҳукумати феълӣ ҳам, ки баъди 22 соли кор дар 68- солагӣ бознишаста шуд, ҳоло дар зодгоҳаш ба кишоварзӣ машғул аст. Аз ӯ, ки шоирӣ ҳам мекунад, рӯшанфикрон китоби ҷолиби хотирот интизоранд, аммо то ҳол чизе пешниҳоди ҷомеа нашудааст.
Вале Ҳикматулло Насриддинов арбоби сиёсӣ ва давлатии солҳои 80-90-ум, вазири пешини хоҷагии об ва намояндаи халқ дар Шӯрои олӣ яке аз аввалин мақомдорони тоҷик аст, ки соли 1995 хотироти худро нашр кард. Ин китоби ӯ, ки “Таркиш” ном дорад ва аз 300 саҳифа иборат аст, баъди чанде аз фурӯш барчида шуд. Худи Насриддинов мегӯяд, далелаш ҳам танқиди роҳбарон дар ин китоб буд.
“Сабаб он буд, ки факту рақамҳое, ки дар китоб буд бояд санҷида мебаромад. Ҳукумат як комиссия ташкил кард аз вазоратҳои дахлдор китобҳоро гирифтанд. Дигар намедонам, ки чӣ шуд, вале ба фикрам чун диданд, ки рақамҳо дуруст аст, дигар бо мо касе сӯҳбат накард. Вале дар китоб роҳбарияти вақт, танқид шуд, ду се мисол аз баҳс дар ноҳияи Исфара, вақте байни мо ва қирғизҳо норозигӣ шуда буд, оварда будам. Шояд ҳаминҳо чандон қобили қабул набуд.”- гуфт ӯ.
Ҳикматулло Насриддинов имрӯз китобашро, ки ба теъдоди 15 ҳазор нашр шуд, тавассути дӯстону шиносҳояш ба дигарон мерасонад. Вай ният дорад, навиштани хотироти худро идома диҳад.
Аммо Бобоҷон Шафеъ хабарнигори тоҷик, мегӯяд, он чизе, ки то ба ҳол ба унвони хотироти чанд мақомдори тоҷик рӯйи чоп омадааст, танҳо пораҳои пароканда аз ҳодисаҳои замони ҷанги шаҳрвандӣ аст. Вале мегӯяд, ӯ барои хонанда ва шахсан худи ӯ ҷолибтар аст, агар як вазир ё мансабдори собиқ, нақл кунад, ки замони раҳбарӣ чӣ рӯзҳоеро пушти сар кард куҷоҳо сарфар кардаву бо назардошти чӣ рӯйи вазифа омаданд ё чӣ гуна аз он рафтааст.
“Масалан ман шахсан пораи хотираи ягон вазири тоҷикро дар бораи фаъолиятҳои вазириаш ва ё дар мансабҳои гуногуни давлатӣ кор карданаш нахондаам. Аслан ман фикр мекунам хотиранависӣ ҳам маҳорати хосе талаб мекунад ва мақомдорони имрӯз чунин ҳавсалаву маҳорате надоранд, ки саргузашти худро иншо кунанд. Онҳое ҳам, ки менависанд на ҳама кори дасти худашон аст. ” -гуфт,хабарнигори тоҷик.
Мусоҳиби мо меафзояд, “қалам ба даст” гирифтани вазирону сафирони собиқ ва чеҳраҳои муҳими як кишвар барои таърих муҳим аст. Зарур аст, ки баъди канор рафтан аз сиёсат, онҳо таҷрибаеро, ки дар давлатдорӣ доштанд ба ҷомеа бирасонанд.