Расонаҳо: Асад дар Маскав аст; Русия ба ӯ ва оилааш паноҳандагӣ дод

Башор Асад аз соли 2000-ум раисҷумҳури Сурия буд. Пеш аз он, падараш Ҳофиз Асад, 29 сол дар ин кишвари Ховари Миёна фармонравоӣ кардааст

Башор Асад, раисҷумҳури сарнагуншудаи Сурия, "дар Маскав аст ва дар Русия ҳаққи паноҳандагӣ гирифтааст". Расонаҳои давлатии Русия дар ин бора бо такя ба манбаъҳои худ дар Кремл хабар доданд.

Хабаргузории расмии "ТАСС" шаби 8-уми декабр навишт, ки "Асад бо аъзои хонаводааш ба Маскав расид. Русия ба далели башардӯстона ба онҳо паноҳандагӣ дод."

Ин расона Башор Асадро "раисҷумҳури собиқ"-и Сурия ном бурд. Вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи якшанбе дар изҳороте иддао кард, ки Асад дар пайи гуфтушунид бо намояндагони мухолифини мусаллаҳ розӣ шудааст, курсии президентӣ ва ҳамин тавр кишварро тарк кунад. "Русия дар ин музокирот ширкат накард", - гуфта шудааст дар эъломияи вазорат.

Русия ҳампаймони деринаи Сурия буд ва дар замони ҷанги дохилии ин кишвар (дар соли 2011 оғоз шуд) ба ҳукумати Башор Асад ёриҳои муҳими низомӣ ва сиёсӣ кардааст.

Изҳороти Вазорати умури хориҷии Русия дар ҳоле садо дод, ки шӯришиён ба воситаи телевизиони давлатии Сурия гуфтанд, "Димишқ аз Асад озод шуд". Хонадони Асад аз соли 1971 то 8-уми декабри соли 2024 бо панҷаҳои оҳанин бар Сурия ҳокимият доштанд.

Кишварҳои ғарбӣ ва мухолифонаш дар Сурия Башор Асадро ба ҷиноятҳои зиёд, аз ҷумла куштани ғайринизомиён муттаҳам мекунанд. Саркӯби тазоҳурот дар соли 2011 ба ҷанги дохилӣ дар Сурия табдил ёфт. Артиши Русия дар паҳлӯи Башор Асад ба мавқеъҳои мухолифони ӯ зарба зад.

Хабаргузории “ТАСС” бо такя ба як манбаъ иттилоъ дод, ки мақомоти Русия бо намояндагони мухолифин дар Сурия дар тамос ҳастанд. Гурӯҳе, ки назоратро дар пойтахт ва шаҳрҳои дигари муҳим ба даст гирифт ва гуё амнияти пойгоҳҳои низомӣ ва намояндагиҳои дипломатии Русияро замонат додааст.

Дар расонҳаои Русия ба наздикӣ мухолифони мусаллаҳи Асадро "террорист" меномиданд, аммо рӯзҳои охир лаҳни расонаҳо ва идораҳои давлатӣ то андозае тағйир ёфтааст.

Нерӯҳои Башор Асад ҳанӯз дар моҳи ноябр тақрибан тамоми шаҳрҳои бузурги Сурия ва аксар қаламравҳои онро зери назорат доштанд. Аммо аз 27-уми ноябр ба ин сӯ шӯришиён ба раҳбарии гурӯҳи “Таҳрир аш-Шом” аввал вилояти Ҳалаб ва сипас Ҳамову Ҳумсро тасарруф карда, рӯзи 8-уми декабр вориди Димишқ шуданд.

Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва чанде аз кишварҳои дигар “Таҳрир аш-Шом”-ро созмони террористӣ медонанд. Ин гурӯҳи низомии исломгаро дар солҳои охир иртиботашро бо “Ал-Қоида” бас карда, талош намудааст, худро ҷойгузини шоистаи ҳукумати Сурия нишон диҳад.

Бо вуҷуди он ки Абумуҳаммад Ҷулонӣ, раҳбари “Таҳрир аш-Шом”, кӯшидааст, шиаҳои алавӣ ва камшуморони дигари Сурия, аз ҷумла насрониҳоро итминони хотир диҳад, ки ба онҳо чизе нахоҳад шуд, нигарониҳо дар бораи пайванди эҳтимолии “Таҳрир аш-Шом” бо гурӯҳҳои террористӣ ва поймоли ҳуқуқи инсон аз тарафи он боқӣ мондааст.

Ҳанӯз маълум нест, ки пас аз суқути режими Асад Сурияро кӣ ва чӣ гуна идора хоҳад кард. Сарвазир Муҳаммад Ҷалолӣ гуфтааст, бо ҳар раҳбаре, ки мардум бипазиранд, ҳамкорӣ ва ҳукуматро таслим мекунанд. Раҳбарони бузургтарин гурӯҳҳои мухолифин таҳияи Қонуни асосӣ ва интихоботи навро зарур донистаанд.

Соли 2014 Виктор Янукович, раисҷумҳури барканоршудаи Украина, дар Русия ҷойгир шуд. Маскав ӯро баъди фирор аз Украина, баръакси Башор Асад, муддате раисҷумҳури қонунӣ медонист, аммо дертар эътирофи ӯро дар ин мақом бас кард.