Ду афсари артиши Сурия ба хабаргузории "Рейтерс" гуфтаанд, ки Башор Асад рӯзи 8-уми декабр Димишқро тарк кард, аммо феълан маълум нест ба куҷо. Барак Равид, хабарнигори Axios, рӯзи якшанбе ба нақл аз як мансабдори Исроил навишт, ки Башор Асад "нисфи шаб ба пойгоҳи Русия дар Сурия рафт”.
Муҳаммад Ҷалолӣ, сарвазири Сурия, рӯзи якшанбе дар паёми видеоӣ гуфт, ки ҳукумат омода аст, “бо ҳар роҳбаре, ки мардум бипазиранд, ҳамкорӣ кунад”.
“Мо муътақидем, ки Сурия барои ҳамаи суриҳо (суриягиҳо) аст, кишвари ҳамаи фарзандонаш аст. Сурия метавонад бе ворид шудан ба ҳеч эътилоф ва паймони минтақаӣ, бо ҳамсояҳо ва ҷаҳон муносибати хубе барқарор кунад," – афзуд ӯ.
Ҷалолӣ гуфт, ӯ дар Димишқ аст ва фирор накардааст.
Шӯришиён ба раҳбарии гурӯҳи “Таҳрир аш-Шом” тайи бештар аз як ҳафтаи охир назоратро бар шаҳрҳои Идлиб, Ҳалаб, Ҳамо, Ҳумс ва Димишқ дар Сурия ба даст гирифтанд. Ин гурӯҳ аз тарафи Амрикову Бритониё, Канада, Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои дигар созмони террористӣ номбар шудааст.
Суқути режими Башор Асадро дар Сурия “шикасти бузург” барои Кремл медонанд. Русия дар баробари Эрон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (тақрибан 14 сол) дар Сурия аз ҳукумати Башор Асад пуштибонӣ мекард.
Пажӯҳишгоҳи омӯзиши ҷанг (ISW), қароргоҳаш дар Амрико, гуфт, “нерӯҳои режими Асад суқут карданд, вале ба назар мерасад ҳомиёни Башор Асад намехоҳанд бо ҷобаҷо кардани нерӯҳои изофӣ артиши Сурияро тақвият диҳанд.”
Русия дар Сурия чанд пойгоҳ дорад, аз ҷумла як пойгоҳи ҳавоӣ дар Ҳмеймим ва иншооти роҳбурдии баҳрӣ дар Тартус. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, аз шарҳи сарнавишти пойгоҳҳои Русия худдорӣ кард ва гуфт, кораш гумонзанӣ нест.
ISW гуфт, Маскав ҳанӯз ба холӣ кардани пойгоҳ шуруъ накардааст, “аммо маълум нест, ки Русия киштиҳои худро дар бандар нигоҳ медорад ё на, зеро шӯришиён босуръат ба тасарруфи гӯшаҳои Сурия идома медиҳанд.”
Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико шоми 7-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Вашингтон вазъро дар Сурия бодиққат назорат мекунад. Сухангӯйи Департамент гуфт, Иёлоти Муттаҳида ва ҳамкорону ҳампаймонҳояш даъват доранд, ки ғайринизомиён, аз ҷумла ақаллиятҳо ё камшуморон, ҳифз карда шаванд.
Пеш аз иддаои шӯришиён дар бораи тасарруфи Димишқ, дар бораи нишонаҳои воҳима ва камбуди маводи муҳим дар пойтахти Сурия гузоришҳо расида буданд. Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 6-уми декабр гуфт, аз охири моҳи ноябр то кунун тақрибан 300 ҳазор нафар дар Сурия овора шудаанд.
Башор Асад, писари раисҷумҳури пешини Сурия Ҳофиз Асад, соли 1965 ба дунё омадааст. “Ал-Ҳуррия”-и Димишқ ва сипас риштаи чашмпизишкии Донишгоҳи пойтахти Сурияро хатм карда, ду сол дар як бемористони бемориҳои чашми Лондон кор омӯхтааст. Соли 2000, баъди даргузашти падараш, ба раҳбарии Сурия расид ва пас аз 24 сол суқут кард.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад