Артиши Исроил марги Ҳошим Сафиуддинро тасдиқ кард

Ҳошим Сафиуддин

Артиши Исроил рӯзи 22-юми октябр гуфт, як мақоми дигари баландпояи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон кушта шудааст.

Сухан дар бораи рӯҳонӣ Ҳошим Сафиуддин меравад.

Интизор мерафт, ки ӯ раҳбари ояндаи “Ҳизбуллоҳ” ва ҷойгузини Ҳасан Насруллоҳ бошад.

Ба иттилои мақомоти Исроил, Ҳошим Сафиуддин дар аввали моҳи октябр дар ҷануби Бейрут ба ҳалокат расид.

“Ҳизбуллоҳ”, ки ҳам созмони низомӣ асту ҳам ҳизби сиёсӣ, то ҳол хабарро дар бораи сарнавишти мақоми баландпояаш таъйид ё инкор накардааст.

Ин гурӯҳ аз ҳимояти Эрон бархурдор аст. Амрико онро созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо ҷиноҳи низомии онро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардааст.