Нуҳ рӯз боз эътирозҳо бо талаби истеъфои нахуствазири Арманистон Серж Саргсян дар Ереван идома дорад. Нирӯҳои пулис то кунун беш аз дусад нафар, аз ҷумла рӯзи 21-уми апрел шаст тазоҳургарро боздошт карда, аз қатъи роҳпаймоӣ ва эътирозҳои бидуни иҷоза хабар доданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мо интиқом намехоҳем. Агар Серж Саргсян ҳарчи зудтар аз мақом биравад, ҳамон қадар барои худи ӯ ва Ҷумҳурии Арманистон беҳтар хоҳад буд.
Чанд "аммо"-и Саргсян
Серж Саргсян, ки ду давраи панҷсолӣ раиси ҷумҳури Арманистон буд, охири ҳафта ба мақоми нахуствазирӣ расид. Мухолифон ӯро ба ваъдахилофӣ ва фасоди густардаи идорӣ муттаҳам мекунанд. Саргсян рӯзи 21-уми апрел дар як изҳороти расмӣ аз раҳбари мухолифон Никол Пашинян хост, ки ба сари мизи музокирот бинишинад.
Пахши зинда аз Ереван:
"Дар тӯли ҳафтаи гузашта дар Ереван чанд роҳпаймоӣ ва эътироз баргузор шуд. Ин ҳаққи ҳар шаҳрванди кишвар аст. Ҳукумат ба ҳаққи онҳо эҳтиром дошт ва дар оянда низ эътиром хоҳад гузошт", - гуфт ӯ.
Аммо Серж Саргсян аз он норозигӣ кардааст, ки эътирозҳои охир дар Ереван тартиботи ҷамъиятиро таҳти хатар гузоштааст. "Ҳар як нафар бояд дар ёд бигирад, ки ба ғайр аз ӯ дар ин кишвар одамони дигар ҳастанд, мехонанд, фаъолият доранд ва истироҳат мекунанд. Ба манзури гурез аз зиёнҳои ғайри қобили ҷуброн, аз намояндаи маҷлис Никол Пашинян мехоҳам, ки ба музокирот баргардад. Ин бояд билофосила анҷом шавад.”
Раҳбари мухолифон: Мо интиқом намехоҳем
Аз ин қабл, шаби 20-уми апрел Никол Пашинян – раҳбари эътирозгарон ва раиси ҷиноҳи оппозитсиюнии “Елк” дар порлумони Арманистон – истеъфои Серж Саргсянро талаб кард ва дар ҳузури садҳо эътирозгар дар Ереван гуфт, ки “барои музокирот аллакай дер шудааст”.
Ӯ гуфт, “чӣ хеле мегӯянд, поезд рафт. Аммо ин маънои онро надорад, ки мо барои баҳси баъзе масоил омода нестем. Албатта, омода ҳастем, ки муҳлати истеъфои Серж Саргсян ва дар иртибот ба ин чанд шарти худро баррасӣ кунем. Мо интиқом намехоҳем. Агар Серж Саргсян ҳарчи зудтар аз мақом биравад, ҳамон қадар барои худи ӯ ва Ҷумҳурии Арманистон хуб хоҳад буд.”
Раҳбари мухолифин дар идома тарҳи тағйири ҳукумат дар Арманистонро ҳам пешниҳод кард, ки аз истеъфои Саргсян, интихоби намояндаи мардум ба мақоми нахуствазирӣ ва ташкили ҳукумати муваққат иборат аст.
«Дар ниҳоят бояд як нерӯ – мардуми Арманистон пирӯз шавад. Муҳим нест, ки кадом ҳизб чӣ қадар раъй мегирад, бояд мардум пирӯз гардад», - гуфт Пашинян.
Рафту баргашти президенти собиқ
Аз рӯзи 13-уми апрел боз ҳазорҳо сокини Арманистон дар Ереван алайҳи таъйини президенти пешин Серж Саргсян ба мақоми нахуствазир эътироз доранд. Арманистон Қонуни асосиашро соли 2015 тағйир дода, салоҳияти президентро кам ва салоҳияти нахуствазирро бештар кард.
Серж Саргсян нахустин бор соли 2008 раиси ҷумҳур интихоб шуд ва ду давраи панҷсолӣ Арманистони 3-миллионнафариро раҳбарӣ кард. Баъди хатми ду давра дар ҳамин моҳ, ба ҷойи ӯ рӯзи 9-уми апрел Армен Саркисян раиси ҷумҳур шуд. Ду нафар ба ҳам ҳеҷ хешӣ ё иртибот надоранд.
Серж Саргсян соли 2014 гуфта буд, ки дар сурати тағйири низоми раёсати ҷумҳурии Арманистон аз президентӣ ба порлумонӣ “ҳеҷ орзуи” нахуствазир шуданро надорад, аммо ҳоло мухолифон ӯро ба ваъдахилофӣ муттаҳам мекунанд. Ҳукумати Серж Сргсян ҳамчунин барои он танқид мешуд, ки баъди расидан ба истиқлол дар соли 1991, кишварашро пойбанди кумаку сармоягузории Русия кард ва мудирияти дурусти иқтисодӣ надошту ба фасод олуда буд.