Пешсафии ҳизби президент дар интихоботи порлумонӣ

Тибқи натиҷаҳои расмӣ, ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳ дар Арманистон дар интихоботи порлумонии рӯзи 2 апрел, ҳудуди 50 дарсади раъйи интихобкунандагонро ба даст овардааст. Комиссияи марказии интихоботи Арманистон рӯзи 3 апрел гуфт, ки шумориши варақаҳои раъйдиҳӣ аз ҳамаи минтақаҳои кишвар ҳикоят аз он дорад, ки Ҳизби ҷумҳурихоҳ 49,15 дарсади ва эътилофи Тсарукян, ки аз сӯи як сиёсатмадори ҷонибдори Русия раҳбарӣ мешавад, аз 27 то 37 дарсади орои интихобкунандагонро касб кардаанд.

Сухангӯи Ҳизби ҷумҳурӣ Эдвард Шармазанов зимни як нишасти хабарӣ гуфт, ки бар асоси натиҷаҳои эълоншуда, ин ҳизб ҳама имконият ва фурсатҳоро барои ташкили ҳукумат дар ин кишвар, дорад.

Барои ворид шудан ба порлумони Арманистон бояд ҳар як ҳизб 5% ва блок 7%-и овози раъйдиҳандагонро ба даст орад.

Комиссияи марказии интихоботи Арманистон гуфт, ки “Елк” - эътилофи аҳзоби тарафдори Ғарб дар ин интихобот 7,78 дарсади раъйҳоро ба даст овард ва имкон пайдо кард то вориди порлумон шавад. Ҳизби миллигарои Федератсияи инқилобӣ ё "Дашнактсутюн" 6,58 дарсади раъй касб кардааст. Барои ворид шудан ба порлумони Арманистон бояд ҳар як ҳизб 5% ва блок 7%-и овози раъйдиҳандагонро ба даст орад.

Мизони мушорикати мардум дар интихоботи порлумонии Арманистон 60,86 дарсад эълон шудааст. Ба иттилои Комиссияи марказии интихоботи Арманистон, нӯҳ ҳизб ва эътилоф барои ба даст овардани курсиҳои парлумон дар ин кишвари 3 миллионнафара, рақобат карданд. Дар маъракаҳои интихоботӣ ин аҳзоб бештар сари мушкилоти иқтисодӣ тамаркуз карданд.

Дар як ҳамапурсӣ дар соли 2015 дар Арманистон, низоми сиёсии он кишвар аз президентӣ ба парлумонӣ тағйир кард ва аз соли 2018 бо анҷом ёфтани давраи президентии Серж Саркисян, раёсати ҳукумат амалан ба нахуствазир вогузор хоҳад шуд ва қудрати раиси ҷумҳур низ коҳиш пайдо мекунад.

Мухолифони ҳизби ҳоким мегӯянд, ки тағйироти сиёсӣ дар ин кишвар барои он сурат гирифтааст, ки Серж Саркисян пас аз поёни маъмурияти феълиаш, дар ҳоле ки қонунан наметавонад дубора номзади раёсати ҷумҳурӣ шавад, битавонад қудратро ҳамчунон дар дасти худ нигаҳ дорад. Саркисян ин иттиҳомро рад кардааст. Бо ин ҳама, агар ҳизби ҷумҳурихоҳ битавонад эътилофе ташкил бидиҳад, Саркисян ҳамчунон дар раъси қудрат хоҳад монд ё бар ҳукумат нуфузи амиқ хоҳад дошт.

Дар ҷараёни интихобот яке аз хабарнигорони Радиои Аврупои Озодӣ/Радиои Озодӣ, ки машғули таҳияи гузорише дар мавриди иттиҳомоти вобаста ба хариди раъйҳо аз сӯи ҳизби ҷумҳурихоҳ буд, ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Як зани рӯзноманигор дар берун аз дафтари ҳизби ҷумҳурихоҳ дар Конд ҳангоме мехост рафтуомади мардумро наворбардорӣ кунад, мавриди латукӯб қарор гирифт. Додситонии Арманистон гуфтааст, ки дар ҳоли тафтиши 220 мавриди шикоят дар бораи тақаллуб дар ҷараёни интихобот аст.

Интихоботи порлумонии Арманистон мушаххас таҳти таъсири масоил ва чолишҳои иқисодӣ қарор гирифта буд. Бо ин ҳама, фурӯши аслиҳа аз сӯи Маскав ба Озарбойҷон, робита миёни Ереван ва Маскав, ҳузур дар паймони Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва ё баръакс наздикии бештар ба Аврупо, аз мавзӯъҳое буданд, ки дар ҷараёни рақобатҳои интихоботии Арманистон матраҳ шуд. Аммо аҳзоби асосии Арманистон аз посух гуфтан ба пурсишҳои ҳассос дар ин маврид ва ё амнияти Арманистон ба унвони яке аз ҳампаймонҳои Русия, худдорӣ карданд.

Як рӯз қабл аз интихобот, сафорати Амрико дар Ереван дар як изҳороти муштарак бо Иттиҳодияи Аврупо, Олмон ва Британия нигаронии худро аз қонуншиканиҳо дар ҷараёни маъракаҳои интихоботӣ, ки аз рӯзи 5 март оғоз ёфта буд, баён доштанд. Дар ин баёния аз ҷумла аз "харидани раъйҳо" ва истифодаи манбаъҳои давлатӣ, барои кӯмак ба аҳзоби муайян, нигаронӣ шуда буд.