Арманистон давлати Фаластинро ба расмият шинохт

Арманистон, кишваре дар Қафқози Ҷанубӣ, давлати Фаластинро ба расмият шинохт.

Вазорати корҳои хориҷии Арманистон рӯзи 21-уми июн дар изҳороте гуфт, ки Ереван аз қатъномаи Созмони Милал дар мавриди оташбаси фаврӣ дар Ғазза низ пуштибонӣ мекунад.

"Мо бовар дорем, ин ягона роҳи таъмини сулҳ аст," – гуфта шудааст дар изҳорот.

Аз моҳи октябри соли 2023 ба ин сӯ даргирӣ дар Навори Ғазза идома дорад. Ҷанг пас аз он сар шуд, ки нерӯҳои "Ҳамос"* рӯзи 7-уми октябри соли 2023 ба ҷануби Исроил ҳуҷум карда, 1200 нафарро куштанд ва 240 касро гаравгон гирифтанд. Ба гуфтаи мақомоти тандурустии Ғазза, дар ҳашт моҳи ҳамлаҳои Исроил зиёда аз 37 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд.

То кунун 148 кишвари узви Созмони Милал истиқлоли Фаластинро эътироф кардаанд. Рӯзи 22-юми майи имсол Норвегия, Ирландия ва Испания давлати Фаластинро ба расмият шинохтанд. Исроил онро маҳкум кард.

Ташкили давлат, шаҳракҳои исроилӣ, мақоми Байтулмуқаддас ва қазияи паноҳҷӯён аз масъалаҳои асосии баҳс миёни Исроил ва Фаластин аст.

*Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд