Бино ба як пурсиши кӯтоҳ, аксарият тарафдори ба қудрат расидани зан дар Тоҷикистонанд, вале инро шартҳои муайян марбут медонанд.
Шумори зиёди сокинони Русия розӣ ҳастанд, ки дар фурсати 10-15 соли наздик раҳбарии ин кишварро як зан ба ӯҳда гирад. 43 дар сади ширкатдорони як назархоҳии маркази “Левада” гуфтаанд, ки омода ҳастанд дар мақоми раёсатҷумҳурии кишвар дар оянда як хонумро бубинанд. Айни замон, 39 дар сад мухолифи ин ақида назар додаанд.
Таҳлилгарони ин маркази назархоҳӣ, ки пурсиши худро дар остонаи ҷашни байналмилалии бонувон барпо кардаанд, мегӯянд, ҳанӯз шаш-ҳафт соли пеш шумори мухолифони ақидаи сари қудрат омадани як хонум дар Русия бештар буд. Ин пурсиш дар миёни 1600 сокини аз 18-сола болои ин кишвар баргузор шудааст. Дар ҳамин ҳол, пурсиш муайян кардааст, ки тарафдорони бештар шудани шумори занон дар мақомҳои дигари раҳбарикунанда бештар будааст – дар ҳудуди 66 дар сад.
Ҷомеашиносон мегӯянд, дар афкори аксар ҷомеаҳои мамолики Шӯравии собиқ ҳамоно низоми падарсолор ҳукмрон аст ва дар муддати 20 соли баъди касби истиқлоли ин ҷумҳуриҳо танҳо се хонум тавонистанд ба мартабаи президентӣ ноил шаванд. Вайра Викке-Фрайберг ду мӯҳлат раиси ҷумҳурии Латвия буд, Далия Грибаускайте, раиси ҷумҳурии кунии Литва интихоб шудааст ва дар қаламрави Осиёи Марказӣ танҳо дар Қирғизистон Роза Отунбоева тавонист як мӯҳлат дар мақоми президентӣ кор кунад.
Аксар таҳлилгарон мегӯянд, дар фурсати наздик баъид аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон тавонад як хонумро дар мақоми президентӣ бипазирад. Бубинем, дар ин бора мардҳо чӣ андеша доранд?
Дар як тамоси телефонӣ аз мусоҳибони худ пурсидем, оё ба назари онҳо ҷомеаи Тоҷикистон омода аст, ки баъди 10-15 соли оянда як хонумро дар мақоми президенти кишвар бипазирад?
Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Берлин:
“Дар ҳар ҷомеаи демократӣ, албатта, имкон дорад. Дар шароити Тоҷикистон ҳам баъд аз 15-20 сол шояд чунин шароит фароҳам ояд, ки дар сатҳи раҳбарӣ биёянд.
Ҳоло ҳам занҳо дар ҳама сохторҳои раҳбарикунандаи Тоҷикистон ҳастанд, дар мақоми муовини нахуствазир, муовини вазир.
Ҷомеаи дунявии мо пурқувваттар шавад ва Тоҷикистон пешрафташро дар самти демократия идома диҳад, албатта, мешавад”.
Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон:
“Барои пешбарӣ шудани як зан ба ин мақом ҳеҷ монеае нест. Барои сарвари кишвар шудани як зан, танҳо сазоворӣ ва қобилияти лозимаро доштани ҳамон зан лозим аст.
Мо, мардуми мусалмони ҷаҳон, дар таърих занҳои зиёдеро доштем, ки онҳо сарварони кишвар буданд. Дар Туркия, Покистон ё дар Бангладеш, кишварҳое, ки аз Тоҷикистон даҳҳо баробар бузургтар ҳастанд, сари қудрат омаданд ва тавонистанд, ки он кишварро бо беҳтарин шакл идора кунанд. Бинобарин, агар дар Тоҷикистон чунин зане пайдо шавад, ки дар худ чунин тавоноӣ ва ҷуръатро пайдо кунад, чаро не?”.
Худойбердӣ Холиқназаров, муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон:
"Аз қадимулайём тоҷикон миллате буданд, ки ба зану модар эҳтироми зиёд доштанд ва ин воқеаин яке беҳтарин хислатҳои инсонӣ ҳам ҳаст. Ман фикр мекунам, ки мо занҳои донишманданд зиёде дорем, ки ҳар кадом мутахассиси соҳаи худ ҳастанд. Масъалаи ба сари қудрат омаданашон ҳам ба вазъи ҷамъиятиву сиёсии ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ иртибот дорад. Масалан, дар таҷрибаи Қирғизистон дидем, ки ҳудуди якуним сол Роза Отунбоева роҳбарии кишварро бар дӯш дошт ва корашро ҳам анҷом дод.
Дар кишварҳои пасошӯравӣ эҳсос мешавад, ки эҳтиром нисбат ба занҳо ва фаъол будани онҳо дар умури сиёсӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Ҳамон таҷрибаи хубе, ки аз Шӯравӣ мерос монда буд, яъне фароҳам овардани шароити мусоид ба иштироки фаъоли занон дар умури сиёсии кишвар, боиси таҳсин аст ва онро метавон як ҷанбаи демократия гуфт. Занҳо метавонанд дар умури сиёсии кишварҳо фаъол бошанд ва идораи давлатро низ ба даст бигиранд".
Иззат Амон, раиси созмони Ҷавонони Тоҷикистон дар Русия:
“Дар ин даҳсолаву бистсолаҳо худо медонад, ки президенти зан тавонад кишварро идора кунад. Дар муддати 20 сол мо фақат мард доштем. Ҳоло гуфта наметавонем, ки дар муддати 10 сол ё 15 сол ҳамин мард иваз мешавад, ё не. Худи иваз шудани мард бо мард зери суол аст, ҳоло чӣ расад ба зан. Агар просессҳои демократӣ дар кишвари мо ривоҷу равнақ ёбад, рушд кунад, шояд ҳам як зани лоиқ ба идораи давлат пеш биёяд, шояд ҳам шавад, чаро не?”.
Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, раҳбари театри «Падида»:
«Ҳазорсолаҳо пеш дар Хатлону Балх ва Бохтар занҳо сарвар буданд. Аз рӯи афкори ориёӣ ва тоисломӣ зан муқаддас буд, аз ин рӯ зан ҳам модар буд ва ҳам раҳбар ё ба истилоҳи имрӯз президент буд. Ақидаи ман ин аст, ки БОЯД зан раисиҷумҳур бошад! Фақат зан метавонад ҳукмронӣ кунад. Ман садҳо занҳоро медонам, ки сазовори мақоми олиянд. Занҳое чун профессор Саъдинисо Ҳакимова ё Ойниҳол Бобоназарова хеле зиёданд. Ман ёд дорам, модари ман, холаву аммаҳои ман солҳои сиюму чиҳилум, вақте падару бобоҳои мо бадарға шуданд ё ба ҷанг рафтанд, садҳо кудаконро раҳбарӣ мекарданд, дониш меомӯзониданд, ақлу фаросатро ёд медоданд. Ман ҳам яке аз он кӯдаконам ва аз ин рӯ ба зан эътиқоди бузург дорам, ҳарчанд афкори мо, аҳзоби мо ин чизро инкор мекунад”...