Бастани "Ал-Ҷазира", қатъи робита бо Эрон - аз хостаҳои 4 давлати арабӣ аз Қатар

Тибқи иттилои расонаҳо, Кувейт феҳристи хостаҳои Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн ва Мисрро ба Қатар, супурдааст. Шабакаи "Ал-Ҷазира" мегӯяд, ки ин чаҳор кишвар шоми панҷшанбеи 22-юми июн ин феҳристро аз тариқи Кувейт барои мақомҳои қатарӣ, ирсол кардаанд.

Хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" мегӯяд, аз тариқи яке аз ин чаҳор кишваре, ки бо Қатар қатъи робита кардаанд, як нусха аз ин 13 дархостро ба даст овардааст. Тибқи ин гузориш, қатъи робитаҳои дипломатӣ бо Эрон, барчидани пойгоҳи низомии Туркия ва бастани шабакаи телевизионии "Ал-Ҷазира", аз ҷумлаи шартҳо барои азсаргирии робитаҳо бо Қатар ҳастанд.

Ба иттилои ин манбаъ, қатъи робита бо гурӯҳҳои "Ихвон-ул-муслимин", "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, Ал-Қоида ва "Давлати исломӣ" аз хостаҳои дигари ин чаҳор кишвари арабӣ аз Қатар мебошанд. Аз Қатар хоста шудааст, тайи даҳ рӯзи оянда ин дархостҳоро иҷро кунад.

Қатъи робитаҳои дипломатӣ бо Эрон, барчидани пойгоҳи низомии Туркия ва бастани шабакаи телевизионии "Ал-Ҷазира", аз ҷумлаи шартҳои чаҳор кишвари арабӣ барои азсаргирии робитаҳо бо Қатар ҳастанд.

Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳида, Баҳрайн ва Миср 18 рӯз қабл муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодии худро бо Қатар ба иттиҳоми ҳимоят аз бунёдгароён, қатъ карданд. Қатар муттаҳам аст, ки аз гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ дар минтақа ва ҳамчунон Эрон, ҳимоят мекунад. Арабистони Саудӣ, Иморот ва Баҳрайн низ мегӯянд, ки тамоми роҳҳои заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоии Қатарро бастаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 21-уми июн гуфта буд, ки феҳристи дархостҳои ин чаҳор кишвар аз Қатар, омода шудааст. Пеш аз ин Амрико аз тӯлонӣ шудани раванди таҳияи ин феҳрист, интиқод карда буд.

Ин дар ҳолест, ки вазири молияи Қатар рӯзи панҷшанбеи 22-юми июн бо интиқод аз муҳосираи ин кишвар аз сӯи Саудӣ, Иморот ва Баҳрайн гуфта буд, ки кишвараш тавоноии лозим барои мубориза бо ин вазъиятро дорад. Алӣ Шариф Ал-Имодӣ таъкид кардааст, ки "мо сармоя ва амнияти лозимро барои тазмини субот дорем."

Қаблан хабаргузории "Рейтерз" гузориш дода буд, ки мақомҳои амрикоӣ аз Қатар хостаанд, то қадамҳое барои коҳиши таниш бо дигар аъзои Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс, бардорад. Ин дар ҳоле аст, ки вазири умури хориҷии Қатар дар вокуниш ба ин хостаҳо гуфтаааст, то вақте ки "муҳосира" ва маҳдудиятҳое, ки Арабистони Саудӣ, Иморот ва Баҳрайн ҷорӣ кардаанд, бекор нашавад, Давҳа ҳозир ба музокирот дар бораи бӯҳони ахир нест.