Бо тақозои ҳизб Собиров муваққатан аз курсии вазирӣ барканор шудааст.
Рӯзи ҷумъаи 6-уми июл додгоҳи ноҳияи Первомайскии шаҳри Бишкек ҳукм кард, ки вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон, ки дар гирифтани пора муттаҳам мешавад, то охири тобистон дар боздоштгоҳи КДАМ нигаҳдорӣ шавад. Ин ҳукм тарафдорони ӯ аз ҳизби ҳокими “Ота Макон”, аъзои ҳукумат ва хешу наздиконашро такон дод. Онҳо бо як овоз мегӯянд, ки ба гунаҳгор будани Собиров шак доранд.
Як рӯз баъд аз ҳукми додгоҳ 7-уми июл, раҳбари ҳукумати ин кишвар Омурбек Бабанов бо дархости ҳизби “Ота Макон” дар парлумон Равшан Собиров муваққатан аз вазифаи вазири рушди иҷтимоии ин кишвар барканор шуд. Дар изҳороти ин ҳизб гуфта мешавад, ки айбдор будани Собировро суд муайян хоҳад кард ва ҳизб ӯро гунаҳгор намеҳисобад. Вале “дар шароите, ки зидди фасоду ришват муборизаи беамон эълон шудааст ва ҳизби “Ота Макон” ҳам як ҷузви ин муборизаҳо аст, ҳама гуна шубҳаву гумон эътимоди шаҳрвандонро ба қотеияти азми мо ба ҳам мезанад”, гуфта мешавад дар изҳороти ин ҳизб.
Раҳбарияти ҳизби “Ота Макон” аз мақомот тақозо кардаанд, ки ин қазия бо риояи тамоми қонунҳо баррасӣ ва муҳокима шавад.
Дар ҳамин ҳол, вакили дифои Равшан Собиров рӯзи душанбе ба додгоҳи шаҳри Бишкек дархости бознигарӣ шудани ҳукми боздошти вазири муваққаттан барканоршудаи рушди иҷтимоии Қирғизистонро ироа кард. Дар ин бора Қубоничбек Тошбӯлтаев дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз Бишкек хабар дод. Вай гуфт, ки дар аризааш вакил дар бораи “беасос ва бедалел” ба боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) Қирғизистон интиқол ёфтани Собиров таъкид шудааст. "Шояд дар як-ду ҳафтаи наздик онҳо посухи ин аризаи моро бидиҳанд", гуфт вакили дифоъ.
Ниҳоди вижаи мубориза бо фасод дар назди КДАМ мегӯяд, ки вазири 41-сола гӯё ба ёвари худ амр додааст, ки пора гирад. Боздошти ёвари вазир рӯзи 30 июн ба
ҳангоми гирифтани ришва аз як ширкати хориҷӣ сурат гирифтааст, ки бо масъалаҳои фарзандхонии атфоли ятими Қирғизистон аз ҷониби хонаводаҳои хориҷӣ машғул аст. Равшан Собировро дар гирифтани пора ба маблағи 15 ҳазор доллар муттаҳам мекунанд. Худи Собиров гуфтааст, ки бегуноҳ аст ва ин иттиҳом “як тавтеа ва тӯҳмат” мебошад.
Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар Бишкек вакили дифои Собиров – Қувонишбек Тошболтаев гуфт, ки шахси мавриди ҳимояти ӯ “ором” аст ва иттиҳоми
пешгузошташударо рад мекунад.
Аз рӯи иттилои коршиносони қирғиз, қазияи фарзандхонии ятимони Қирғизистон аз ҷониби хориҷиҳо, ки дар он исми Равшан Собиров олуда шудааст, аслан решаҳои амиқи чандинсола дорад. “Ин масъала ҳанӯз дар замони президентон Оқоев ва Боқиев бардошта мешуд ва дастандаркорони зиёд, шаҳрвандони хориҷӣ ва созмонҳои мухталиф, ки бо мо ҳамсӯҳбат мешуданд, эътироф мекарданд, ки ба ҳар як сохторе, ки дар ҷараёни таҳияи санадҳои фарзандхонӣ муроҷиат мекарданд, аз онҳо пора талаб мекарданд”, гуфт як хабарнигори бахши қирғизии радиои Озодӣ, ки ин масъаларо пайгирӣ кардааст. Таҳлилгарон мегӯянд, ки эҳтимолан Собиров қурбони тавтеаи гурӯҳҳое шудааст, ки ӯро чун як шахси нав дар сохторе бо “қоидаҳои нонавиштаи кӯҳна” қабул надоранд.
Равшан Собиров, ки декабри соли гузашта аз ҷониби парлумон ва ҳизби ҳокими “Ота Макон” ба мақоми вазири рушди иҷтимоӣ пешбарӣ шуд, айни замон як
соҳибкори бонуфуз ва доро буда, чун як тоҷик раҳбарии созмони фарҳангии тоҷикони Қирғизистон бо номи “Рӯдакӣ”-ро ба ӯҳда дорад.
- Вай ба ин пул ниёз надорад, чун худ як шахси сарватманду доро аст. Вай тавони таъмини панҷ фарзанд ва бисёр хешони дигарашро дорад, - гуфт муовини раиси парлумони Қирғизистон. – Вале агар ки гуноҳи вай дар гирифтани пора исбот шавад, мо, чун ҳизби муборизи зидди ришвату фасод, маҷбур мешавем, ки ӯро аз вазифаи вазирӣ бозхонем, - гуфт Асия Сасиқбоева. – Ман шахсан ӯро яку ним соли охир мешиносам ва бо эътимоди тамом мегӯям, ки ӯ як инсони поку баномус аст ва ҳеҷ гоҳ бовар намекунам, ки ба чунин кор даст зада тавонад.
Ҳамдеҳагони Равшанбек Собиров аз деҳаи Ҷани Ариқи ноҳияи Қаросуи вилояти Ош бо пахши як изҳорот ба президенти Қирғизистон, раиси парлумон, сарвазир ва омбудсмен муроҷиат карда, бархӯрди одилонаву қонунӣ ба Собировро тақозо карданд.
Ҳамдеҳагон гуфтаанд, Равшанбек Собировро аз кӯдакӣ мешиносанд ва ӯ ба зодгоҳи худ кӯмакҳои зиёд кардааст. Сокинони Ҷани Ариқ талаб кардаанд, ки тафтишот шаффофу одилона сурат бигирад.
Тотугуш Шерматова, омӯзгори аввали Собиров дар мактаби миёна шогирди худро ҳамчун нафари бовиҷдон муаррифӣ кард ва гуфт, «Равшанбек дар мактаби қирғизӣ таҳсил кардааст. Ҳамаи фарзандони Собировҳо, ки даҳ нафаранд, таҳсилдида, бовиҷдон, муваффақ ва ба ватан хизмат мекунанд. Ҳеҷ як нафаре, ки Равшанбекро хуб мешинохт, ба гуноҳҳое, ки ӯро муттаҳам карданд, бовар надоранд».
Зери ин муроҷиатнома 200 нафар имзо кардааст.
НАВОРИ ВИДЕОӢ АЗ МАҲАЛЛИ ДОДГОҲ, КИ ПАСИ ДАРҲОИ БАСТА СУРАТ ГИРИФТ:
http://www.chalkan.kg/2012/07/ravshana-sabirova-arestovali-na-dva-mesyaca-i-vodvorili-v-sizo-gknb/