Бар асоси қуръакашӣ, ки рӯзи 4 август баргузор шуд, рақиби муштзани тоҷик Анвар Юнсов дар нахустин даври интихобии мусобиқоти бокс дар вазни то 60 килограмм аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия варзишгари Чин Ҷун Шан мебошад.
Ҷун Шан барои Анвар Юнусов ошност. Имсол ҳарду бо ҳам дар вазни то 60 килограмм ду бор рақобат кардаанд. Қувваозмоии аввал дар мусобиқоти интихобии олимпии қораи Осиё дар Чин бо пирӯзии Ҷун Шан хотима ёфта буд.
Дар мусобиқоти ҷаҳонии олимпӣ, ки моҳи июн дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку – баргузор шуд, Анвар Юнусов қасоси бохтро гирифт.
Қувваозмоии ҳарду дар Олимпиадаи Рио бегоҳи 6-уми август соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ ва соати 1-и шаби 7-уми август ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.
Зимнан, Анвар Юнусов дар байни варзишгарони тоҷик, ки дар Олимпиадаи Рио ширкат мекунанд, аввалин шуда ба мусобиқа шуруъ менамояд.
Дар мавриди пирӯзӣ рақиби Анвар дар даври баъдӣ, ки рӯзи 9-уми август доир хоҳад шуд, муштзани маъруфи бразилӣ Робсон Консеикао мешавад. Бар асоси қуръакашӣ вай бидуни даври аввал ба даври дувум роҳ ёфтааст.
Робсон барандаи медали нуқра (соли 2013, Алматии Қазоқистон) ва медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон (2015, Доҳаи Қатар) мебошад.
Муштзани маъруф Анвар Юнусови 29-сола, ки Тоҷикистонро барои бори севум дар Бозиҳои олимпӣ намояндагӣ мекунад, мақсад дорад ба Ватан бо медал баргардад.
Дар ҳоли ҳозир ӯ дар шаҳри Рио-де-Жанейро бо раҳбарии мураббиаш Аббос Неъматуллоев дар толори бокси Деҳаи олимпӣ тамрин карда, ба Олимпиада омодагӣ мебинад. Вай дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар пойтахти Озарбойҷон – Боку – баргузор шуд, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио шудааст.
Анвар Юнусов дар сӯҳбати ихтисосӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "омодагӣ дар сатҳи хуб ҷараён дорад. Дар як рӯз ду бор - cубҳу шом - машқ мекунем. Ба қувваи худ бовар дорам ва пирӯзӣ ба даст хоҳам овард. Ба ҳамаи онҳое, ки маро мешиносанд, ба ман мухлисӣ мекунанд, аз Рио салом мегӯям ва мекӯшам,ки ба бовариашон сазовор бошам."
АНВАР ЮНУСОВ
Бокс, вазни то 60 кило.
1 феврали соли 1987 дар Душанбе таваллуд шудааст.
Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (2009) мебошад.
Ба бокс аз 12-солагиаш машғул аст. Аввалин мураббиаш Борис Ковтун буд. 13 сол бо роҳбарии Мирзо Шамсиев машқ кардааст. Феълан таҳти раҳбарии Аббос Неъматуллоев тамрин мекунад.
Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Ҷойи 5-ум дар Олимпиадаи Пекин (2008).
Ҷойи 3-юм дар чемпионати ҷаҳон дар Боку (2011).
Қаҳрамони Осиё (Кореяи Ҷанубӣ, 2011).
Ҷойи сеюм дар чемпонати Осиё дар Урдун (2013).
Ғолиби Ҷоми ҷаҳон байни кишварҳои тавлидкунандаи нефт дар Ханти-Мансийски Русия (2013).
Ғолиб ва ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалист.
Бори сеюм дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад. Дар Олимпиадаи Пекин-2008 ҷойи панҷумро гирифтааст. Дар Олимпиадаи Лондон-2012 дар даври ҳаштякниҳоӣ мағлуб шудааст.
Дар мусобиқоти ҷаҳонии интихобии олимпӣ моҳи июни соли 2016-ум дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар вазни то 60 кг ҷойи дувумро касб кард ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-2016 гардидааст.
Оиладор аст, соҳиби ду писар.
Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия аз 5 то 21 август барпо мегарданд. Ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон ҳафт варзишгар - Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҳарду дар риштаи дзюдо), Анвар Юнусов (бокс), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод) ва Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) – дохиланд.
Гурзандоз Дилшод Назаров дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки шаби 5 август дар варзишгоҳи “Маракана”-и Рио-де-Жанейро баргузор мешавад, парчамбардори ҳайати Тоҷикистон интихоб шудааст. Олимпиадаи навбатӣ барои ӯ чорумин ба шумор меравад.
Бояд тазаккур дод, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол сар аз соли 1996 ширкат меварзанд. Ба ин тартиб, барои шашумин бор аст, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ беҳтарин варзишгарони кишвар намояндагӣ мекунанд.
Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Рио-2016
6-16 август, бокс
Анвар ЮНУСОВ, дар вазни то 56 кг
10 август, дзюдо
Комроншоҳи УСТОПИРИЁН, дар вазни то 90 кг
12 август, дзюдо
Муҳаммадмурод АБДУРАҲМОНОВ, дар вазни +100 кг
11-12 август, шиноварӣ
Олим ҚУРБОНОВ, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни мардон
12-13 август, шиноварӣ
Анастасия ТЮРИНА, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон
15-17 август, варзиши сабук
Кристина ПРОНЖЕНКО, давидан ба масофаи 200 метр миёни занон
17, 19 август, гурзандозӣ
Дилшод НАЗАРОВ
20 август, маросими супурдани медалҳо ба ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқаи гурзандозӣ баргузор мешавад.
Нарзуллоҳи Латиф,
Рио-де-Жанейро.