Генерали бознишаста ва собиқ раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Саиданвар Камолов дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари аз Оҷонсии зидди коррупсия барканор шудани писараш Умед Камоловро тасдиқ кард ва гуфт, ҳоло ӯ дар хона, дар Душанбе аст. Айни замон, дар сӯҳбати телефониаш бо Радиои Озодӣ Саиданвар Камолов рӯзи 27 апрел муттаҳам шудани писараш дар кадом ҷиноят ва даъват шуданаш ба бозпурсиҳои тафтишотро рад кард ва гуфт, "як нофаҳмие шудааст".
Вале ман писари ҳаром тарбия накардаам... С.Камолов
Саиданвар Камолов дар робита бо ҷузъиёти парвандаи эҳтимолии алайҳи гурӯҳи кормандони Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия сӯҳбат накард ва танҳо гуфт, ки "як нофаҳмӣ шудааст" ва изҳори умедворӣ кард, ки баъди санҷиш ҳама паҳлӯҳои қазия, ошкор мешавад. Вай гуфт, шахсан бо масъулини тафтишот ҳам сӯҳбате доштааст ва ба онҳо гуфтааст, ки агар фарзандаш каҷрафторӣ карда бошад, бояд посух диҳад. "Вале ман писари ҳаром тарбия накардаам", гуфт Саиданвар Камолов.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Исми Умед Камолов дар матбуот дар миёни чанд корманди собиқу амалкунандаи Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия зикр шуд, ки дар давоми ду ҳафтаи охир гӯё барои "тақаллуб" ва "сӯиистифода аз мақом", боздошт шудаанд. Манобеи мухталиф шумораи боздоштшудаҳоро дар маҷмӯъ аз 10 нафар бештар мегӯянд. Вале то ҳол ҳеҷ мақоми масъул дар ин замина изҳори назар накардааст. Зимнан, Саиданвар Камолов дар сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ рӯзи 27 апрел боздошти шумораи калони масъулинро рад кард ва гуфт, "як гурӯҳ боздошт шудааст", вале "боздошти даҳу дувоздаҳ нафар дуруст нест".
Амирқул Азимов ҳам боздошти домодашро рад кард
Раҳбари собиқи Шӯрои амнияти Тоҷикистон генерал Амирқул Азимов боздошти домодаш, корманди Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Тоҷикистон Фиравс Ниёзбадаловро рад кард ва гузоришҳои матбуотиро дар ин робита "як ҳангома" номид: “Ман намедонам барои чӣ дар расонаҳо чунин навиштаанд, вале вай дар ҷои кораш аст, оҷонсӣ раис дорад, муроҷиат кунед, онҳо ба шумо мегӯянд дар куҷост, вай дар иҷрои вазифааш аст, ман аниқ медонам.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бародари Фирдавс Ниёзбадалов - Алишер Ниёзбадалов, муфаттиши шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 27 апрел хабари боздоштро “як дурӯғ” ва хилоф бо “меъёрҳои ахлоқӣ” унвон кард ва гуфт, ки “пахши хабари дурӯғ кори нодуруст аст”. Айни замон, Алишер Ниёзбадалов таъкид кард, бо касе дар ин мавзӯъ “баҳсу мунозира карданӣ нест”.
Наздикони корманди Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Тоҷикистон Фирдавс Ниёзбадалов хабари боздошти ӯ аз сӯи мақомоти амниятиро беасос хонданд.
Вале тасдиқи дурустии иддаои наздикони Ниёзбадалов имкон надорад, зеро бо вуҷуди пахши хабари боздошташ, ӯ дар тӯли як ҳафта бо матбуот дар тамос нашуд ва ин хабарҳоро тасдиқ ё рад накард. Талоши хабарнигорони Радиои Озодӣ барои пайдо кардани Фирдавс Ниёзбадалов дар утоқи кориаш бенатиҷа анҷомид. Дар Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабари боздошти Ниёзбадаловро тасдиқ ё рад накарданд. Нафаре, ки телефони кории Ниёзбадаловро бардошт, гуфт, ки ӯ аз субҳи имрӯз дар кор ҳозир нашудааст.
Дар як ҳафтаи ахир Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон шуморе аз корманди Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро боздошт кард ва аз миёни онҳо ба маълумоти ниҳодҳои интизомӣ чаҳор нафари онҳо ба тақаллубкорӣ ва суиистифода аз мақом муттаҳам шудаанд. Бархе расонаҳо шумори боздоштшудаҳоро аз 10 то 17 нафар мегӯянд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сабаби боздошт ва ҳам ривояти ҷинояти эҳтимолие, ки ин афрод содир кардаанд, барои матбуот мушаххас нест. Манобеи Радиои Озодӣ дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ гуфтанд, ин афрод аз сӯи мақомоти амниятӣ дастгир шуда, феълан дар боздоштгоҳ қарор доранд.
Рӯзи 26 апрел раиси Оҷонсии зиддифасод Сулаймон Султонзода ба саволи хабарнигорон оид ба қазияи боздошти гурӯҳи калони ходимони ин сохтор гуфт, ин мавзӯъ “махфӣ” аст ва тафсилоти онро шарҳ намедиҳад.
Дар ҳоле, ки то ҳанӯз ҳеҷ сохтор ва ё мақоми ҳифзи ҳуқуқ дар робита бо ин қазия изҳороте пахш накардааст, танҳо раиси Маҷлиси намояндагон буд, ки ба таври ғайримустақим ба вуҷуди масъала ишора кард. Зимни муаррифии тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун оид ба мубориза бо коррупсия дар парлумон рӯзи 26 апрел Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки “мақомоти фасодкор даст ба коррупсия мезананд” ва “бояд дар баробари қонун ҷавоб диҳанд”.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Боздошти ҳадди ақал 10 ходими яке аз бонуфузтарин сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ -- мақомоти баландпояи Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз ҳодисаҳои бесобиқа гардид. Вале то ҳанӯз ҳеҷ як мақоми давлатӣ, аз ҷумла расонаҳои хабарии ҳукуматӣ хабарҳои матбуоти мустақилро дар бораи боздошти ин афрод шарҳ намедиҳанд. Аз рӯи иттилои радиои Озодӣ, дар миёни боздоштшудаҳо - Давлатбек Хайрзода, муовини собиқи раис, Ҷамолиддин Муҳаммадзода – сардори раёсати ташкиливу нозиротӣ ва Фирӯз Холмуродзода – муфаттишони Оҷонсии зиддифасод ҳастанд.
Рӯзи 24 апрел Оҷонсии зиддифасод хабар дод, ки муфаттиши калони ин ниҳод Фирӯз Холмуродзода тахминан дар миёнаҳои моҳи апрел аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз тарафи маъмурони интизомӣ ва амниятии кишвар боздошт шудааст. Ӯро дар "қаллобӣ" ва - "сӯистифода аз мақом ё баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ" муттаҳам мекунанд. Аз рӯи иттилои расмӣ, Холмуродзода барои дахолат ва таъсир расондан ба парвандаи як шаҳрванди Тоҷикистон, дар заминаи ришваситонӣ, айбдор дониста мешавад, вале тафсилоти ин қазия ошкор намешавад. Исми Фирӯз Холмуродзода ба ҳайси сардори гурӯҳи тафтишотии қазияҳои соҳибкори зиндонӣ - Зайд Саидов расонаӣ шудааст.
Дар ҳоле, ки мақомоти дахлдор ҳамоно аз шарҳи ҷузъиёти ин қазияҳо худдорӣ мекунанд, ходимони амалкунандаи Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар сӯҳбатҳои бидуни микрофон мегӯянд, ки тамоми ин ҳодисаҳо ба кору рӯҳияи кормандон таъсири бад гузоштааст.
Як корманди Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 27 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, боздошти чанд тан аз кормандони ин ниҳод ба фазои корӣ таъсир расонидааст, вале вазъ на он таврест, ки дар расонаҳо тасвир мешавад. Ӯ гуфт, воқеан мушоҳида карданд, ки чанд ҳамкорашон бозпурсӣ мешаванд, вале бо чашмони худ боздошти ягон нафарро надидаанд.
Вай аз ҷумла гуфт: “Мо ҳам фаҳмидем, ки Хайрзода, ки моҳи феврал нафақа рафта буд, ҳамроҳ бо се-чор корманди дигарамон боздошт шудааст. Дигарҳо сари коранд ва баъзеҳоро барои пурсидан даъват мекунанд ва боз ҷавоб медиҳанд. Мо бо чашмонамон надидем, ки касеро аз ҷои кори мо дастонашро баста бурда бошанд. Шумораи онҳое, ки дар озодӣ нестанд, зиёд нест. Шояд баъдтар парвандаҳо зиёд шавад, вале ҳоло танҳо чор-панҷ нафар боздошт гаштааст. Фақат каме нофаҳмиҳо ҳаст. Мисол, ҳоло маълум нест, ки ин кормандони боздоштшуда нисбати кӣ чӣ гуна нишондод медиҳанд”.
Ин корманди оҷонсӣ гуфт, ки дар асл барои онҳо ҳам баҳонаҳои боздошту тафтишот мушаххас нест ва феълан ҳеҷ касе омода нест, ки барои онҳо низ вазъиятро шарҳ диҳад.