Нерӯҳои зидди "Толибон" дар Панҷшер, сангари машҳури муқовимат, тамрин мекунанд. АКС
Нерӯҳои зидди "Толибон" рӯзи 24-уми август дар минтақаи Абдуллоҳ Хили ноҳияи Дараи вилояти Панҷшер тамрин карданд.
Водии Панҷшер дар муноқишаҳои пешина ҳеч гоҳ аз ҷониби нерӯҳои Шӯравӣ ва "Толибон" забт нашудааст.
Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, писари Аҳмадшоҳи Масъуд - қаҳрамони миллии Афғонистон - аст. Аҳмадшоҳи Масъуд дар солҳои 80-ум ба зидди Шӯравӣ ва дар солҳои 90-ум алайҳи “Толибон” ҷангидааст. Соли 2001 аз сӯйи маргталабони “Ал-Қоида” кушта шуд.
Аҳмад Масъуд дар ин ҷо дар хонаи худ дар Бозораки вилояти Панҷшери Афғонистон дида мешавад. 5-уми сентябри соли 2019