Бар асоси нархномаи тасдиқшуда, 215 сомонӣ – барои пайвастшавӣ ва 35 сомонӣ барои гузаронидан ба тавозуни муштарӣ тақозо мешавад.
Бар асоси нархномаи тасдиқшуда аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ, 250 сомонӣ арзиши сим-корт чунин таъин шудааст: 215 сомонӣ – барои пайвастшавӣ ва 35 сомонӣ – барои гузаронидан ба тавозуни муштарӣ.
Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон фармоиши ин ниҳодро дар бораи тасдиқи нархномаи сим-кортҳои телефонҳои мобил ба унвонии ширкатҳои мухобиротӣ ирсол намуд, ки бар асоси он арзиши ҳар сим-корт дар ҳаҷми 250 сомонӣ тасдиқ шудааст. Фармоиш “Дар бораи хизматрасонии пайвастшавӣ (яккрата) ба шабакаи операторони алоқаи барқӣ” рӯзи 23 августи соли ҷорӣ таҳти рақами 89 содир шуда, зери он Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон имзо гузоштааст.
Нусхаи ин санад рӯзи душанбе, 27 август дастрасӣ Радиои Озодӣ шуд. Бар асоси ин фармоиш аз ширкатҳои мухобиротӣ тақозо шудааст, ки аз 1 сентябри соли ҷорӣ бақайдгирии сим-кортҳоро бо нархи муқарраршуда оғоз кунанд.
Протоколи ҷаласаи ВКД... тасдиқ мешавад
Дар матни фармоиш, аз ҷумла, гуфта мешавад, ки нархномаи пайвастшавии яккарата ба шабакаҳои операторони алоқаи барқии Тоҷикистон “бо мақсади таъмини иҷрои протоколи ҷаласаи муштараки ВКД, КДАМ, Хадамоти алоқа ва чор ширкати моблии Тоҷикистон – “Индиго-Тоҷикистон”, “ТТ-мобайл”, “Вавилон-мобайл” ва “Таком” аз 8 августи соли ҷорӣ ва қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016 “Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ”, тасдиқ мешавад.
Ширкатҳои мобилӣ бояд ҷараёни бақайдгирии сим-кортҳоро бар асоси шиносномаҳои шарҳвандони Тоҷикистон (ваё шаҳрвадони кишварҳои хориҷӣ) амалӣ намоянд. Назорати иҷрои фармоиши мазкурро муовини якуми сардори хадамоти Хадамоти зиддинҳисорӣ Назар Одиназода ба ӯҳда мегирад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
250 = 215 + 35
Бар асоси нархномаи тасдиқшуда аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ, 250 сомонӣ арзиши сим-корт чунин таъин шудааст: 215 сомонӣ – барои пайвастшавӣ ва 35 сомонӣ – барои гузаронидан ба тавозуни муштарӣ. Дар эзоҳи ин санад гуфта мешавад, ки дар сурати зарурати аз нав барқарор кардани сим-корт баъди корношоям ё гум шудани он, ин маблағ дубора пардохт намешавад.
Мақомот дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ рӯзи 27 август гуфтанд, далели тасмими 250 сомонӣ нархгузорӣ шудани сим-кортҳо ба масъалаҳои амниятӣ рабт дорад. Як масъули ин хадамот бидуни бурдани номаш танҳо гуфт: “Шаҳрванде, ки сим-корт дорад, ҳаққи ба нафари дуввум додани онро надорад. Як нафар аз ду ширкат ҳаққи харидани ду сим-кортро нахоҳад дошт. Дар сурати ба нафари дигар, хоҳ афроди наздик аст ва ё шаҳрванди хориҷӣ додани сим-корт, ҷарима карда хоҳад шуд”.
Вале мунаққидон мегӯянд, ин тасмими мақомоти Хадамоти алоқа ва ҳам вазорати умури дохиливу дигар сохторҳои интизомӣ, дар асл ангезаҳои моливу иқтисодӣ дорад.
Норизоияти муштариҳо аз нархгузорӣ шудани сим-кортҳо
Мувофиқати Хадамоти зиддинҳисорӣ бо таъини нархномаи баҳсбарангези барои сабтиноми сим-корти телефони мобил дар ҳолест, ки ин хабар дар ҳафтаҳои охир мояи нигаронӣ ва интиқоди зиёди сокинон шудааст. Аксариятро ҳамин воқеият нигарон кардааст, ки мақомот барои он чизе нарх таъин кардаанд, ки дар тамоми ҷаҳон ройгон дода мешавад. Норизоияти аслӣ аз баланд будани арзиши нархнома – 250 сомонӣ, ки муодили 26 доллари амрикоист, барои бисёр сокинони Тоҷикистон хеле гарон ва ғайри қобили пардохт аст.
Рӯзи 27 август ҳам дар бисёр нуқтаҳои фурӯши сим-кортҳо серодам буд. Бисёр муштариҳо талош доштанд то замони ба иҷро даромадани муқаррароти нав, барои худ ва наздиконашон бо нархҳои амалкунанда (ҳудудан 10 сомонӣ) сим-корти нав бихаранд. Як нафари огоҳ аз ин тасмимҳо гуфт, ки нархномаи нав барои сим-кортҳои нав харидоришуда татбиқ мешаванд ва аз ҳамин хотир ҳам бисёриҳо талош доранд аз ҳоло барои худ ва наздиконашон сим-кортҳои нав бихаранд.
Ду ҳафта пеш ба Радиои Озодӣ маълум шуд, ки мақомоти Тоҷикистон нархи як сим-корти телефонҳои мобилиро то 250 сомонӣ муқаррар кардаанд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, қарор буд, ин тасмим 20-уми август дар Тоҷикистон иҷро шавад, вале баъдан ширкатҳои мобилӣ эълон карданд, ки ин тасмим аз якуми сентябр амалӣ мешавад.
Ширкатҳои мобилӣ дар як огоҳӣ гуфтанд, ин тасмим бар асоси "протокол"-и ҷаласаи якҷояи Вазорати умури дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз 8-уми августи имсол ва бо ҳадафи "таъмини амнияти муштариён", роҳандозӣ мегардад.