Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубори за бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин раддияро ба Радиои Озодӣ фиристод, ки бидуни таҳрир ва тағйир ба нашр мерасонем.
Агентӣ: ҳимоячиёни Зайд Саидов аз ҳимоя ба тӯҳмат гузаштанд
Изҳороти расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати нишасти матбуотии ҳимоячиёни боздоштшуда Зайд Саидов.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси масъулияти касбӣ изҳор менамояд, ки вақтҳои охир васоити ахбори омма тавассути ҳимоячиёни собиқ вазири саноат Саидов З. байни мардум афкори иғвоангез бо далелҳои беасос паҳн менамоянд.
30 июли соли равон, дар як нишасти хабарӣ ҳимоячиён Фахриддин Зокиров ва Исхок Табаров тамоми далелҳои тафтишотро, ки дар нишасти матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 июли соли 2013 баргузор гардида буд, бе асоси кофӣ сохтакорӣ мешуморанд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия худро муаззаф мешуморад, ки, анъанаи низоъангезӣ, каҷфаҳмиҳо, фишор овардан ба рафти тафтишот, истинод ба мақом ва нуфузи Агентиро пешгирӣ намояд.
Аз ин рӯ, қабл аз рад намудани даъвоҳои ҳимоячиён таъкид менамоем, ки чунин рафтори ғайрикасбӣ ва бо баҳонаи ҳифзи зерҳимоя туҳмат нисбат ба мақомоти тафтишотии Агентӣ, байни мардум тафаккури носолимро бедор менамояд.
Дар нишасти хабарии Агентӣ бори нахуст далелҳои шаъии сохтакорӣ чун натиҷаи тасарруф дар сохтмони Душанбе-плаза, намоиш дода шуд. Ба замми ин, аввалин маротиба маводҳои тафтишот – санадҳои тафтиши молиявӣ ба манзури умум гузошта шуд.
Мутаасифона, дар вақти инъикоси нишаст ҳам журналистон ва ҳам ҳимоячиён, ки ба гузоришу хабарҳои матбуотӣ такя кардаанд, таҳриф ва суйистифода аз афкору андешаи худ байни омма, иттилооти шубҳаангез паҳн намуданд. Ҳангоми суҳбат дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо ҳимоячиён Фахриддин Зокиров ва Исхок Табаров, онҳо иштибоҳи худро дарк намуда, ваъда доданд, ки минбаъд танҳо аз далелҳои муътамад истифода хоҳанд кард.
Вобаста ба ҳолати хусусигардонии 15 иншооти саноатӣ, ки ҳимоячиён онро рад мекунанд, чунин шарҳ медиҳем, ки Саидов З.Ш. дар давраи фаъолияти кориаш ҳамчун Вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 иншоотҳои ба вазорати саноат шомил бударо тавассути кумитаи идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида ин иншоотҳоро ба номи ширкатҳои хориҷӣ, ки дар минтақаҳои оффшорӣ «оффшорная зона» ба қайд гирифта шуда ба Саидов З.Ш. таалуқ доштанд ва ба номи хешовандони наздикаш хусусигардонида ҳуҷҷатгузорӣ намудааст.
Аз ҷумла: фабрикаи «Гулистон» ба номи фарзандаш Саидов Хайрулло, ҶСП «Абрешим» ба номи Саидов Хайрулло, ҶСП «Алмаз-Азия» ба номи Саидов Хайрулло, ҶСП «Табарук» ба номи Саидов Х., ҶСП «Меҳробод» ба номи Саидов З.Ш., корхонаи «Тоҷикмармар» ба номи ҳамсараш Тоҳирова Латофат ва инчунин ба ҳамин монанд дигар корхонаҳои саноати низ ба номи хешовандони наздикаш номнавис карда шудаанд. Ин далелҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва рад нашаванда исбот гардиданд.
Ҳимоячиён бо таасуф ва пушаймонӣ изҳор намуданд, ки аз ин далелҳо огоҳӣ надоранд.
Тафтиши пешакӣ айни замон вобаста ба ҳолати дурустии хусусигардонии корхонаҳои саноатии ба Саидов З.Ш. таалуқ дошта идома дорад ва айни замон мувофиқи мақсад нест, ки сиррӣ тафтишоти дар ин хусус пурра фош карда шавад.
Дар раддияи худ ҳимоячиёни Зайд Саидов эълон намуданд, ки 15 иншооти саноатӣ, ки дар давраи вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон буданаш хусусӣ гардонида шуда ба Зайд Саидов таалуқ надоранд. Тибқи асноди расмӣ ҳамаи ин иншоот бо мактуб ва дархости Зайд Саидов ба Кумитаи идораи амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хусусигардонӣ пешниҳод гардиданд. Ҳангоми ин хусусигардониҳо ҳолатҳои таъмаҷӯӣ ва порагирӣ ошкор гардидааст. Чунончӣ, ширкати «Тоҷикатлас» чун гарав барои пӯшонидани пораи 1 500 000 ҳазор доллари ИМА дар парванда собит гардидааст.
Дар маҷмӯъ зарари молиявӣ 62 млн. сомониро ташкил медиҳад. Ҳимоячиён ин далелро низ тасдиқ намуданд.
Ҳимоячиён дар нишасти матбуотӣ изҳор намуданд, ки ташкилоти «Тоҷ-Сохтмон Байналмилал» ташкилоти ҷамъиятӣ буда, ин маблағҳо ба буҷет дахл надоранд. Дуруст аст, ки ташкилоти «Тоҷ-Сохтмон Байналмилал» дар сохтмони Душанбе-плаза ва дигар иншоотҳо маблағи худро сарф накардааст ва тасарруф, изофанависӣ аз 180 млн. сомонӣ аз ҳисоби маблағи фармоишгар – Раёсати сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷудо гардида сурат гирифтааст.
Мувофиқи санадҳои иҷрои корҳои ба Фармоишгар пешниҳоднамудаи Пудратчӣ дар давраи аз моҳи октябри соли 2009 то моҳи марти соли 2012 ҳаҷми корҳои дар иншооти мазкур иҷрогардида маблағи 181 331 192,0 сомониро ташкил медиҳад.
Аз тарафи мутахассисони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон-Байналмилал»-и шаҳри Душанбе бо ҷалби мутахассисони соҳавии Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК «Пажуҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии САНИОСП», Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки намояндагони Фармоишгар - Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе» ва кормандони масъули ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон-Байналмилал» санҷиши интихобии ҳаҷми корҳои сохтмонии дар «Сохтмони иншооти Душанбе плаза» иҷронамудаи ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон-Байналмилал» барои давраи аз моҳи октябри соли 2009 то моҳи марти соли 2012 гузаронида шуд.
Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки масъулини Пудратчӣ-ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон-Байналмилал» зимни иҷроиши корҳои сохтмони дар иншооти мазкур ба изофанависии ҳаҷм ва арзиши корҳои сохтмонӣ машғул шуда, ҳаҷми кору хизматрасонӣ ва арзиши корҳои иҷрогардидаро нисбат ба корҳои дар асл иҷрошуда ба маблағи умумии 11 896 663,67 (ёздаҳ миллиону ҳашсаду наваду шаш ҳазору шашсаду шасту се, 67 д.) сомонӣ зиёд нишон додаанд, ки дар натиҷа ба буҷаи давлат зарари махсусан калони моддӣ расонида шудааст.
Барои мисол масъулини ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон-Байналмилал» дар санадҳои корҳои иҷрошуда, дар қисми корҳои фарши ошёнаҳои аз 2 то 5-и бинои “Душанбе плаза” масолеҳи сохтмонии паркети бадеиро нишон дода, дар асл бошад дигар намуди масолеҳи сохтмонии сифаташ пастро (ламинат) истифода намудаанд, ки танҳо дар иҷроиши ин намуди кор ба маблағи 4 716 602,0 (чор миллиону ҳафсаду шонздаҳ ҳазору шашсаду ду) сомонӣ изофанависӣ кардаанд.
Ба ҳамин монанд дар сохтмони иншооти “Сохтмони мактаб барои 1354 ҷойи нишаст дар заминаи мактаби №8-и ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе” ва дигар иншоотҳое, ки Пудратчии онҳо ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон-Байналмилал» буда, аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе маблағгузорӣ шудаанд, изофанависии ҳаҷм ва арзиши корҳои сохтмонӣ ба маблағҳои миқдорашон махсусан калон ошкор карда шудаанд.
Яъне пурра аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе 38 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид.
Аз ҷумла, ба маблағи 11,9 млн. сомонӣ ба изофанависии корҳои сохтмонӣ, изофанависии корҳои оҳану бетонӣ, ҳаҷми кор ва арзиши корҳои ороишӣ ба маблағи 6,8 млн. сомонӣ, зиёд нишон додани арзиши масолеҳи сохтмонии паркети бадеӣ 4,7 млн. сомонӣ ва изофанависии дигар номгӯи кору хизматрасонӣ 315,9 ҳазор сомонӣ, пинҳонкунии андозҳои давлатӣ ва андози иҷтимоӣ 19,6 млн. сомонӣ, изофанависии корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои буҷетӣ 13,3 млн. сомонӣ, барзиёд нишон додани хароҷоти музди меҳнат дар иншоотҳои буҷетӣ 5,6 млн. сомонӣ ва дигар камбудиҳои молиявӣ 2025,0 сомониро ташкил медиҳад.
Вале, ҳимоячиён бо эҳсосот ҳамаи инро рад намуда, раддияшонро бо далелҳои муътамад асоснок накардаанд.
Бояд тазакур дод, ки дар ҳар як ҳолати тафтишшаванда Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мутахассисон, коршиносон ва экспертҳои касбии беғаразро ҷалб намуд. Ҳатто ба кишварҳои хориҷ сафар намуда саҳеҳияти далелҳои изофанависӣ аниқ намуданд.
Аксари хабарнигорон воқеан ҳам дар мавриди таҷовуз ба номус изҳори нофаҳмӣ намуда, аз ҷумла худи ҳимоятчиён Фахридин Зокиров ва Исхок Табаров дар ин маврид худро ба нофаҳмӣ андохтанд.
Тибқи муқаррароти қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз тобеъияти тафтишотӣ, прокурор ҳуқуқ дорад бо мақсади пурра, ҳаматарафа ва холисона анҷом додани тафтиши пешакӣ, дилхоҳ парвандаи ҷиноятиро новобаста аз ҷинояти пешбининамудаи кодекси ҷиноятӣ аз як мақомоти тафтишотӣ ба дигар мақомоти тафтишотӣ ё аз як муфаттиш ба дигар муфаттиш супорад.
Ин ҳолат ваколати бевоситаи прокурор мебошад ва парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҷинояти таҷовуз ба номус аз тарафи прокурор ба мақомоти тафтишотии Агентӣ вогузор карда шуд.
«Иттиҳоми таҷовуз бе ҳадаф нест», гуфтаи вакилони дифои Зайд Саидов ягон асоси воқеъӣ надошта, ин талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Чунки суд метавонад баррасии парвандаҳои ҷиноятии ба муқобили озодӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ ва дигар ҷиноятҳоро бо мақсади пешгирии фош шудани маълумоти ҷанбаҳои маҳрамонаи шахсони иштирокчии парванда ё маълумоте, ки шаъну эътибори онҳоро паст мезанад, дар муҳокимаи пушидаи судӣ амалӣ намоянд. Ин бевосита ваколати суд мебошад ва ба Агентӣ рабте надорад.
Тибқи талаботи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сурати муайян гардидани он, ки рубарукунӣ метавонад ба шоҳид ё ҷабрдида таъсир расонида ба онҳо зарар расонад ва ё онҳоро тарсонад, дар ин ҳолат рубарукунӣ истисно карда мешавад.
Ҳимоячии Саидов З. Исхок Табаров гуфтааст, ки «ҳануз рузи 16 июни соли ҷорӣ ариза аз суи духтарак ва модар ворид шуда парванда низ ба ҳамин тариқ боз шудааст ва на онҳо ва зерҳимояашон Саидов Зайд он духтарро надидаанд.».
Ҷабрдида аз таҷовуз ба номус ва модари у дар моҳи июни соли ҷорӣ ба Агентӣ муроҷиат накардаанд, балки дар авали моҳи июли ин сол онҳо бо ариза ба Агентӣ муроҷиат намуданд ва танҳо пас аз санҷиши ваҷҳҳои дар ариза ва нишондодҳои онҳо овардашуда 16 июли соли 2013 нисбати Саидов Зайд оид ба ҳолати таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Доир ба ҳолати рубарукунӣ аз руи гуфтаи ҳимоячӣ Табаров И., ки гуё модари духтари ноболиғ дар рафти рубарукунӣ бо Саидов З. ҳатто сарашро боло накарда як нуқтаро нигоҳ кардааст, бояд қайд намуд, ки чунин ҳолат умуман ҷой надошт ва ҳатто дар рафти рубарукунӣ байни онҳо низоъ ба миён омада буд.
Ҳамчунин ғайр аз модари духтари ноболиғ шоҳиди дигар низ, ки Зайд Саидов барои ин духтарро ба занӣ гирифтан ба ӯ маблағи 1300 доллари амрикоӣ дода буд, низ бо Саидов З. рубару карда шуд, ки ҳардуи ҳимоячӣ зимни гузаронидани ин ҳаракати тафтишотӣ низ иштироки бевосита доштанд. Шоҳидони мазкур дар рафти рубарукунӣ бо Саидов З. нишондодҳои худро пурра тасдиқ кардаанд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти ҷиддӣ бори дигар ба кормандони васоити ахбори омма, ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҷамъиятӣ ва ташаббускорони дифои ҳуқуқи конститутсионии Зайд Саидов муроҷиат мекунад, ки парвандаҳои марбути Зайд Саидов ягон ғарази сиёсӣ надошта танҳо ба мақсади пешгирӣ намудани ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта, ҳифзи манфиати ҷомеа ва барқарор намудани маблағҳои буҷетӣ баррасӣ мегардад.
Аммо чунин муносибати ташкилотҳои дар боло зикршуда дар ин ҳолат ҳадафи иғвоангезӣ, бархӯрди манфиатҳои шахсии бархилофи ҷамъиятӣ баҳри ташаккули тафаккури манфӣ нисбати идораҳои қудратӣ нигарона шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки кушишҳои аз Зайд Саидов тарошидани ҷабрдидаи бегуноҳ, «маҳви соҳибкори ҳалолкор», «ободкори саховатманд» баръакс ғаразҳои сиёсӣ дорад. Ин ҳолатҳо ба рафти тафтишот ҷалби ҷабрдидаҳо ҷиҳати кӯмак ба тафтишоти холис, барқарор намудани маҷмуъи зарарҳои калон ба ҷамъият ва буҷети давлатӣ халали ҷиддӣ мерасонад.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди муҳри махфии парванда ҳамеша ба ҳамаи ташкилотҳо ва ВАО дарҳои кушода эълон медорад. Вале аз ҷониби онҳо низ эҳтироми сохтор, риояи ахлоки касбӣ, суботу тамкин тақозо менамояд.
Маркази матбуотии Агентии
назорати давлатии молиявӣ
ва мубориза бо коррупсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон