Солгарди фоҷиъаи Андиҷон

Дар фоҷеаи Андиҷон садҳо нафар қурбон шуданд

Созмонҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, мамолики Ғарб дар паи равобит бо Тошканд қурбониҳои Андиҷонро фаромӯш кардаанд.

13-уми майи соли 2005-ум ҳукумати Узбакистон гирдиҳамоии мухолифинро бо истифода аз зӯр пароканда намуд. Дар ин амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ садҳо нафар ба қатл расиданд.

Се сол инҷониб ҳукумати президенти Узбакистон Ислом Каримов исрор меварзад, ки эътирозҳо дар шаҳри шарқии Андиҷонро гурӯҳи ифротгароёни динӣ бо мақсади аз байн бурдани ҳукуматӣ дунявӣ роҳандозӣ намуданд ва аслан ҳадафи гурӯҳи Акрамия ташкили хилофати исломӣ буд. Телевизиони давлатӣ борҳо муҳокимаи афроди масъули гирдиҳамоиҳоро намоиш додааст, ки дар он муттаҳамҳо бо изҳори таассуф аз кардаашон худро гунаҳгор номиданд.

Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар таъкид мекунанд, ки мақомоти Тошканд зери фишор муттаҳамҳоро ба эътирофи ба истилоҳ "ҷурм" водор кардаанд. Солҳост, ки Узбакистон бо шиканҷа ва латту кӯби маҳбусон муттаҳам мешавад. Дар ҳамин ҳол шоҳидони гирдиҳамоиҳои Андиҷон борҳо иброз доштаанд, ки аксари эътирозгарон афроде буданд, ки аз аҳволи бади иқтисодӣ шикоят доштанд.

Шуҳрат ном сокини деҳаи канори Андиҷон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, камбағалӣ мардумро ба кӯчаҳо бароварда буд. Ба қавли номбурда аксари мардум дигар қудрати харидории нонро надоштанд. Вай афзуд "Мардум мегӯянд, фалониро бубинед, ки гӯшт харида метавонад. Бале, чунин деҳот вуҷуд доранд. Агар ба ман бовар накунед, ман шуморо ба ҳамон деҳот мебараму рӯзгори онҳоро нишон медиҳам. Барои мо харидории нони сафед имтиёз аст. Бовар кунед. Хонаводае, ки метавонад нони сафед харад, дар байни мо оилаи хеле ва хеле сарватманд ба шумор меравад".

Дар ҳар сурат 13-уми майи соли 2005-ум ҳукумат бо панҷаи оҳанин гирдиҳамоиҳои Андиҷонро пароканда кард. Шоҳидон мегӯянд, сарбозон ба тарафи мардуми осоишта оташ кушоданд. Садҳо нафар ва аз ҷумда занону кӯдакон кушта шуданд. Баъзе сокинони Андиҷон мегӯянд, сарбозон ҷасадҳоро ба ҷои номаълум интиқол доданд. Аз ин рӯ, то ҳанӯз дар мавриди шумораи қурбониҳо иттилоъи мухталиф пахш мешавад. Ҳукумат мегӯяд, дар ин ҳодисаҳо ҳамроҳ бо сарбозон 187 нафар ба ҳалокат расиданд.

Аммо ҳомиёни ҳуқуқи башар тахмин мекунанд, ки аснои таъқиби гирдиҳамоиҳо то 1000 нафар ба қатл расидаанд. Ба қавли ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, бо мурури замон кишварҳои ғарбӣ хунрезии Андиҷонро фаромӯш намуда, бештар дар фикри амнияти энергетикии худ мебошанд. Иттиҳодия Аврупо дар оғоз таъқиби гирдиҳамоиҳоро маҳкум намуда, бо тақозои таҳқиқи байналмилалии ҳаводиси Андиҷон Узбакистонро мавриди таҳрим қарор дода буд. Аммо баъдан таҳрим сабуктар шуд ва ҳоло мақомоти аврупоӣ таҳримро мутаваққиф намудаанд.

ИМА низ таъқиби гирдиҳамоиҳои Андиҷонро маҳкум намуд, вале дар ҷавоб Узбакистон Вашингтонро аз ҳаққи истифодаи пойгоҳи ҳавоии Хонободи ин кишвар маҳрум кард. Дар ин байн мақомоти Узбакистон ҳам ба тадриҷ мавқеи худ дар муқобили мамолики ғарбиро нармтар мекунанд. Дар суханронии соли гузашта президенти Узбакистон Ислом Каримов ишора кард, ки ҷонибдори беҳбуди равобит бо ғарб аст. Вай гуфт, "дар сиёсати хориҷӣ Узбакистон доимо тарафдори ҳамкории барои ҳамаи ҷонибҳо муфид буд, ки бар пояи эҳтироми дутарафа асос ёфтааст. Хоҳ он ҳамсояи дур бошад ва хоҳ ҳамсояи наздик, аз ҷумла ИМА ва Аврупо. Мо ҳеҷ гоҳ ин тамоюлро тағйир намедиҳем, пас шумо чӣ мегӯед?".

Ахиран ҳукумати Узбакистон иҷозат дод, ки нерӯҳои паймони НАТО аз пойгоҳи ҳавоии канори шаҳри Тирмиз бештар истифода баранд. Сар аз интиҳои соли 2001-ум нерӯҳои Олмон дар он ҷо мустақар мебошанд. Дар ин иртибот Роберт Темплер раиси барномаи Осиёи Гурӯҳи байналмилалии пажӯҳиши буҳронҳо мегӯяд, то замоне, ки Ислом Каримов раёсатҷумҳурии Узбакистонро бар дӯш дорад, мамолики ғарб нахоҳанд тавонист, ки бо Узбакистон равобити созгор бунёд намоянд.

Темплер меафзояд, таърих гувоҳ аст, ки гузашт ба раҳбарони монанди Ислом Каримов ҳеҷ гоҳ самара нахоҳад овард ва агар кишварҳои ғарбӣ дар паи бунёди мавқеи дар дарозмуддат мустаҳкам ҳастанд, онҳо бояд дар муқобили Тошканд мавқеи шадидтару қотеътаре ихтиёр намоянд.