Покистон рӯзи душанбеи 14-уми август 70-умин солгарди истиқолияти худро таҷлил кард. Раиси ҷумҳури он кишвар Мамнун Ҳусейн тайи як маросим ба ин муносибат дар Исломобод парчами сабзранги он кишварро дар ҳузури нахуствазир Шоҳид Хоқон Аббосӣ ва муовини раиси ҷумҳури Чин Ванг Янг, барафрошт. Оқои Мамнун Ҳусейн ба шуморе аз нухбагони кишвараш медалҳо ва ҷоизаҳо низ эъто хоҳад кард. Ин маросим дар Покистон бо оташбозӣ дар Исломобод ва марказҳои чаҳор вилояти ин кишвар оғоз шуд.
Покистон дар ҳоле 70-умин солгарди истиқлолияти худро таҷлил мекунанд, ки ин кишвар дар мавҷи нооромиҳои сиёсӣ ба сар мебарад.
Ҳафтод сол қабл, пас аз ҳузури тақрибан 350-солаи англисҳо дар шибҳи қораи Ҳинд, 14-уми август Покистон эъломи истиқлолият кард. Ҳинд -- кишвари рақиби Покистон як рӯз баъд -- 15-уми августро рӯзи истиқлолияти худ баргузид. Ҳаракати истиқлохоҳии ду кишвар аз англисҳоро Маҳатма Гандӣ ва Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ раҳбарӣ карданд ва кишварҳои ҷудогонаи худро, бар асоси идеология (Two nations theory), поягузорӣ намуданд. Ҳодиса тақсимшавии шибҳи қораи Ҳинд бо номи "partition" (тақсимшавӣ), маъруф аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тақсимшавии шибҳи қораи Ҳинд ба ду бахш -- Покистон ва Ҳиндустон бузургтарин бӯҳрон ва фоҷеа дар асри бистро дар пай дошт ва мунҷар ба муҳоҷирати 12 миллион ба ду тарафи марз шуд -- мусалмонон аз қаламрави Ҳинди ҳозира ба сӯи Покистони кунунӣ ҳиҷрат карданд ва ҳиндуҳо аз қаламрави Покистони феълӣ ба Ҳинд паноҳ бурданд.
Аз он замон то ба ҳол ин ду кишвар бо ҳам рӯи хуше надоранд ва ҳамеша дар таниш ба сар мебаранд. Ҳинду Покистон бо ҳам муштаракоти фарҳангӣ ва таърихии зиёде доранд, аммо метавон гуфт, бештар аз ин ки рақиби ҳам бошанд, душмани ҳамдигар ба назар мерасанд.
Минтақаи Кашмир (аксаран мусалмоннишин), ки бар асоси тақсимот бояд тобеи Покистон мебуд, қисмати бузургаш ба Ҳинд тааллуқ гирифт ва сарчашмаи танишҳо миёни ду кишвар боқӣ монд. Танишҳои ин ду ҳамсоя ва ду рақиби суннатӣ, ки аслиҳаи ҳастаиро дар ихтиёр доранд, борҳо ба задӯхурдҳои мусаллаҳон анҷомид ва боиси ду ҷанг миёни ин ду кишвар шуд.
Покистониҳо дар ҳоле 70-умин солгарди истиқлолияти худро таҷлил мекунанд, ки ин кишвар дар мавҷи нооромиҳои сиёсӣ ба сар мебарад. Додгоҳи олии Покистон рӯзи 28-уми июли ҳамин сол ҳукм кард, ки сиёсатмадори кӯҳнакори он кишвар Навоз Шариф дигар ҳаққи кор дар мақоми нахуствазириро надорад ва ӯро аз ин салоҳияташ маҳрум намуд. Лаҳзаҳое баъд аз судури ин ҳукм, Навоз Шариф истеъфо дод. Ӯ ба даст доштан дар фасоди идорӣ муттаҳам аст, ки решааш аз ифшогариҳои “Авроқи Панама” дар соли 2016 об мехӯрад.
Дар таърихи ҳафтодсолаи Покистон ин бори дувум аст, ки Додгоҳи олии ин кишвар салоҳиятҳои як нахуствазирро бозпас мегирад. Дар соли 2012 низ пас аз онки Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири вақти Покистон аз бозкушоии парвандаи фасод алайҳи Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури вақт худдорӣ кард, Додгоҳи олӣ ӯро аз ин мақом барканор намуд.
Дар Покистон низоми порлумонӣ амал мекунад ва ҳар ҳизбе, ки дар интихоботи умумӣ аксарияти курсиҳоро ба даст овард, ҳукуматро ташкил медиҳад. Дар таърихи ҳафтодсолаи ин кишвар, то ба ҳол ҳеҷ як нахуствазир натавонистааст маъмурияти панҷсолаи худро ба поён расонад.
Дар ин кишвар дар баробари шохаҳои сегонаи қудрат, боз як нерӯи дигаре ҳам фаъол ҳаст, ки дар лаҳзаҳои бӯҳронӣ ношӣ аз задубандҳои аҳзоби сиёсӣ, ворид майдон мешавад ва кишварро аз варта "наҷот" медиҳад. Артиши Покистон дар таъхири ҳафтодсолаи ин кишвар тақрибан нисфи ин муддат қудратро дар ихтиёр доштааст. Генералҳо Яҳёхон, Аюбхон, Зиёулҳаққ ва Парвиз Мушарраф барои солҳо бо панҷаи оҳанин дар Покистон ҳукумат карданд.
Артише, ки дар гузашта борҳо қудратро дар ихтиёр доштааст, имрӯз ҷуз рӯёрӯи бо Ҳинд ва таҳдидҳои дохилӣ, бо чолиши дигаре низ рӯбарӯ аст -- мубориза бо ифротгароӣ. Падидае, ки бисёриҳо ба ин назаранд, ки ҳалқаҳое дар дохилӣ артиши қудратманди Покистон ва Истихбороти аскарии он кишвар (ISI) аз солҳои ҷанг алайҳи Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар Афғонистон аз онҳо пуштибонӣ мекарданд ва ҳоло онҳо дарди сари худи онҳо шудаанд.
Чолиши дигаре, ки ин кишвари дорои тақрибан 200 миллион аҳолӣ ба он рӯбарӯст, ихтилофҳои фирқавӣ ва мазҳабӣ аст, ки аз солҳо ба ин тараф домангири Покистон аст. Ихтилофоте, ки мардум дар ҳар ҷое метавонанд қурбонии он шаванд -- дар масҷид, зиёратгоҳ, маросимҳои динӣ ва ё бозору фурӯшгоҳ.