Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар маросими таҷлил аз “Ҳафтаи шаҳид” дар Душанбе гуфт, ки Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳониддин Раббонӣ дар сулҳи тоҷикон хизмати арзанда карданд. Сафири Афғонистон афзуд, ҳарчанд ин ду шахсият дар Афғонистон “барои озодӣ ва сулҳ ба шаҳодат расидаанд, аммо дар сулҳи тоҷикон ва амнияти минтақа нақши бориз доштанд.”
Таҷлил аз “Ҳафтаи шаҳид” рӯзи 10-уми сентябр дар толори "Ҳафта авранг"-и сафорати Афғонистон дар Душанбе баргузор шуд ва иштирокдорон аз пайкору муқовимати мардуми афғон, аз ҷумла Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳониддин Раббонӣ ёдовар шуданд. Дар ин маҳфил чеҳраҳои шинохтаи сиёсиву фарҳангии Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон дар бораи нақши ин ду шахсият суханронӣ карданд.
Худоёр Азизӣ, намояндаи Ройзонии фарҳангии Эрон гуфт, “ҳарчанд Аҳмадшоҳи Масъуд ба ҳайси Қаҳрамони милллии Афғонистон шинохта шудааст, аммо барои ҷавонони миллатдӯсту боғурури он кишвар улгу ва намунаи волои шахсияте бошад, ки аз он бояд пайравӣ кард”.
Зимнан, ҳамасола дар Афғонистон “Ҳафтаи шаҳид”-ро ба хотири гиромӣ доштани шаҳидони роҳи озодии он кишвар таҷлил мекунанд. Дар Тоҷикистон ҳам ба хотири эҳтироми хосса доштани Масъуду Раббонӣ дар миёни мардуми ин кишвар, сафорати Афғонистон ҳамасола маҳфили гиромидошти онҳоро баргузор мекунад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Чаҳордаҳ сол пеш Аҳмадшоҳи Масъуд, яке аз фармондеҳони муҷоҳиддин зидди Артиши Сурх ва яке аз раҳбарони эътилофи зидди Толибон, дар як ҳамлаи интиҳорӣ аз сӯи ду арабтабори узви шабакаи “Ал-Қоида” ба шаҳодат расид. Тибқи манобеи ғарбӣ, то лаҳзаи шаҳодаташ Аҳмадшоҳ Масъуд бо 12 ҳазор нерӯ то даҳ дарсади қаламрави Афғонистон, ғолибан манотиқи шимолушарқро зери назар дошт ва охирин садде барои Толибон ба шумор мерафт.
Бурҳониддини Раббонӣ, собиқ раиси ҷумҳури Афғонистон, ки ҳангоми маргаш раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон буд, моҳи сентябри соли 2011 дар манзили худ кушта шуд. Маргталабе, ки даст ба ҷони Бурҳониддини Раббонӣ зад, худро намояндаи Толибон муаррифӣ карда буд, ки гӯиё бо худ аз номи он ҷунбиш як паёми сулҳ овардааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад