Клипҳои тасвирӣ - муди нави овозхонҳои тоҷик

Дар клипи нави рэпсарои тоҷик Баха-84 манзараи чойхонаи “Роҳат” ва симои овозхононе, мисли Шабнаму Садриддин ва Зикриаллоҳу Фарзона шинохташавандаанд, вале ин ҳама маҳсули барномаҳои аниматорист, на воқеъӣ.
Клипи нави Баха-84 (Бахтиёр Қосимов)-ро, ки "Тимсоҳ" ва ё "Крокодил" ном дорад, дар муддати кӯтоҳ наздик ба 6 ҳазор нафар дидаанд ва зоҳиран сабки нави клипсозӣ ба мухлисон писанд омадааст. Клипро Ризо Хоҷаев, коргардони ширкати «Топ – медиа” ҳамроҳ бо барномасози компутарии ин ширкат Фарҳод Раҳимов сохтааст ва мегӯяд, амалан ин нахустин клипи аниматсионист, ки дар Тоҷикистон таҳия шудааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Клипҳои тасвирӣ


Ин коргардон меафзояд: «Ин клипро дар муддати бештар аз як моҳ омода кардем. Албатта, сохтани чунин клипҳо душвор аст. Зеро ҳангоми тайёр кардани мултикид ҳамаи қаҳрамонҳоро ба ҳаракат даровардан мумкин аст. Баъдан тавассути барномаи махсуси компютерӣ симои қаҳрамонро тавре бояд сохт, ки ба симои аслии онҳо монанд бошад.» Ризо Хоҷаев мегӯяд, вай мутахассиси ҳирфаӣ нест, аммо бо худомӯзӣ ба таҳияи чунин клипҳо даст ёфтааст.



То имрӯз овозхонҳои тоҷик чунин клипҳоро дар хориҷа омода мекарданд. Аз ҷумла чанде пеш Шабнами Сурайё низ таронаи "Наё, наё"-и худро дар шакли мултикид ба навор гирифт, ки дар он чеҳраи Шабнам ба лӯхтакҳои филмҳои тасвирӣ монанд аст. Ва мусиқишиносон мегӯянд, ин мултиклипи Шабнам, ҳарчанд врокунишҳои манфиеро ҳам дар пай дошт, ба сурати умум дар сатҳи баланд омода шуда, ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳонист. Яке аз наздикони Шабнами Сураё дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт: «клипҳои мултикидии Шабнам аксаран дар кишварҳои хориҷӣ, ба мисли Испания, Олмон ва дар Дубай омода шудааст.»

Тавре гуфта мешавад, ин клип аз гаронтарин клипҳои Шабнам ба ҳисоб меравад.
Аммо пеш аз Шабнами Сурайё сарояндаи дигари тоҷик - Меҳринигори Рустам - низ як клипи аниматсионӣ омода карда буд. Беҳрӯз Зеваров, сарвари ширкати «Топ – медиа», мегӯяд, ҳарчанд ин клипи Меҳринигор дар Тоҷикистон омода шуд, аммо чеҳраи Меҳринигор дар он ҳақиқӣ буда, танҳо дар саҳнаи мултипликатсионӣ наворбардорӣ гардидааст. Зеваров афзуд: «Ин аниматсионии пурра нест. Чунки наворҳои клипи Меҳринигор бо даст кашида шуда, бо истифодаи барномаи компютерӣ нест.»



Клипсозон муд шудани чунин клипҳои мултикидиро як пешрафт мешуморанд ва меафзоянд, ин сабк метавонад ба кори овозхон таъсиргузор бошад. Орзу Исоев, таронанависи тоҷик, ки барои бисёре аз овозхонҳои ҷавон матн менависад, мегӯяд, акнун бояд талош шавад, ки чунин клипҳои нав ҳолу ҳавои миллӣ касб кунанд. Орзу Исоев мегӯяд: «Албатта, офаридани клипҳои мултикидӣ осон набуда, кори заҳматталабу тоқатшикан аст. Дар Ҳолливуд ҳоло филмҳои ҳунарие таҳия мекунанд, ки

Орзу Исоев.

тавассути аниматсия ба даст меояд. Таронаҳои мултикидӣ дар ҷомеъи мо аслан вуҷуд надошт, агар мо мултикиди замони шӯравиро ба хотир биёрем, тамоман дигар буд, зеро он бо санъати тасвирӣ омода мешуд. Ҳоло ин аллакай ба гунаи дигар ва тавассути дастгоҳҳои рақамӣ омода мешавад.»

Ҳарчанд клипҳои аниматсионӣ ба осонӣ дида мешаванд, таҳияи онҳо харҷи зиёдтар дорад. Ба гуфтаи мутахассисон, барои сохтани як клипи кӯтоҳ то 2500 доллар сарф мешавад. Таҳияи онҳо низ вақти бештар мегирад. Эҳтимол меравад, акнун қисми зиёде аз ситораҳои мусиқии попи тоҷик рӯ ба ин навгонӣ биоранд.