Андрей Костин, додситони кулли Украина аз мансабаш истеъфо дод

Андрей Костин

Андрей Костин, додситони кулли Украина, рӯзи 22-юми октябр аз мақомаш истеъфо дод.

Ин тасмими ӯ дар замоне эълон шуд, ки бар асоси як тафтишот даҳҳо мансабдор бо гирифтани ёрипулӣ барои маъюбӣ аз хидмати ҳарбӣ озод шудаанд.

Дар бештар аз дуним соли набард ба зидди таҷовузи Русия теъдоди нерӯҳои Украина кам шуда, басеҷ ё “мобилизатсия” дар ин кишвар масъалаи бисёр ҳассос аст.

Костин истеъфояшро пас аз ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии Украина эълон кард.

Раисҷумҳур Владимир Зеленский дар ин нишаст гуфтааст, ӯ бояд “масъулияти сиёсии ин вазъро бипазирад”.

“Ман мавқеи президент Зеленскийро комилан дуруст мешуморам,” – гуфт Андрей Костин дар Телеграм.

Муфаттишони Украина дар аввали моҳи октябр маълум кардаанд, ки шуморе аз додситонҳои вилояти Хмелнитскийи ғарбӣ ба таври ҷаълӣ ё сохтаву дурӯғин худро маъюб нишон дода, аз имтиёзҳои вижа баҳравар гаштаанд.

Тафтиши қазия дар гӯшаҳои дигари Украина идома дорад.