Коршинос: "Сармояи Чин ба Тоҷикистон дар баробари саҳми Русия ҳеҷ аст"

Профессор Казантсев

Раиси маркази таҳқиқоти байналмилалии МГИМО Андрей Казантсев мегӯяд, мақомоти Русия аз тамаркузи қудрат дар Тоҷикистон ва берун шудани исломиёни мӯътадил аз саҳнаи сиёсӣ нигарон ҳастанд.

Раиси маркази таҳлилии назди Донишгоҳи давлатии равобити байналмилалии шаҳри Маскав Андрей Казантсев, ки равобити Русия бо кишварҳои Осиёи Марказиро таҳлил мекунад, мегӯяд, Маскав таҳаввулоти ахири Душанберо ҷиддан назорат мекунад ва баъзе ҳаракатаҳо дар ин кишвар Кремлинро нигарон кардаанд.

Радиои Озодӣ: Шумо муносибатҳои Русияву Тоҷикистонро дар ин охирҳо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Андрей Казантсев: Муносибатҳо яксон нестан. Аз як сӯ, Русия – кафили амнияти Тоҷикистон аст ва ҳама инро дарк мекунад. Ҳоло ба ҷуз Русия дигар кишваре нест, ки кафили амнияти Тоҷикистон бошад, зеро нирӯҳои Русия дар хоки Тоҷикистон ҳастанд, Тоҷикистон узви СПАД аст, нирӯҳои вижаи СПАД ҳастанд, ки дар ҳолати зарурӣ вокуниши сареъ нишон медиҳанд, таҷаммӯи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар марзҳои Афғонистон бо кишварҳои собиқи Шӯравӣ ва хатарҳои афзояндаи ҷангиёни "Давлати исломӣ" – ҳамаи инҳо масъалаҳои хеле муҳиманд ва дар равобити Тоҷикистону Русия ҳам нақши ҳалкунанда доранд. Аз тарафи дигар, норизоияти Русия аз рафтори мақомоти тоҷик дар шароити бӯҳрони иқтисодию вазъи сиёсии феълӣ то рафт афзоиш меёбад.

Радиои Озодӣ: Аз чӣ тарзи рафтор?

Андрей Казантсев: Мақомоти тоҷик бештар аз роҳи тамаркузи қудрат пеш рафтанд, аз ҷумла, бастани ҲНИТ, як қабил корҳое, ки рӯшанфикронро бисёр асабонӣ кард, яъне корҳое, ки барои тамаркузи бештари қудрат сабаб шуд. Ҳамаи ин метавонад эътидоли сиёсиро ба ҳам занад. Дар сурати бесуботӣ Русия бояд бо ҷони сарбозонаш ин қиматро пардохт кунад, ҳамон тавре, ки дар солҳои 1990-ум шуд. Аз ҳамин хотир, Кремлин аз Тоҷикистон ин интизорро дорад, ки дар ин шароит оқилона амал кунад ва ба ташаннуҷи авзо асос нагузорад. Ҳамин чиз, ба назари ман, ба раҳбарияти Тоҷикистон қобили қабул нест, зеро онҳо одат кардаанд, ки ҳама кори онҳо дар дохили кишвар дафъатан дастгирӣ меёбад.

Радиои Озодӣ: Русия шарики стратегии Тоҷикистон номбар мешавад ва шарикони стратегӣ маъмулан иқдомоти ҷиддии мисли ояндабандии сиёсиро бо ҳам машварат мекунанд. Ба назари шумо Кремл метавонист дар ин замина бо раҳбарияти Душанбе сӯҳбат кунад ва мавқеи худро ба самти онҳо расонад?

Андрей Казантсев: Ҳоло Русия чунон саргарми мушкилоти дигар аст, ки боз бор шудани масъалаҳои марбут ба Тоҷикистон барои Путин аз ҳад зиёд мешавад. Манзурам ҳам рӯйдодҳои атрофи Украина, ҳам бӯҳрони Сурия ва ҳам бӯҳрони иқтисодии худи Русия аст. Вале умед ба он бастан, ки тамоми мушкилоти Тоҷикистонро билохира дар Маскав ҳал мекунанд, тавре дар замони шӯравӣ буд, ин як хаёли хом аст. Онҳо инро мефаҳманд, ки дар арсаи ҷаҳонӣ Русияро ба унвони як сарпарасти сиёсии Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд, вале дар асл чунин нест. Русия – кафили амнияти Тоҷикистон аст. Вале дар он ҷо боз бозигарони муҳими дигар ҳам ҳастанд – чиниҳо ва дигарҳо. Аз ин рӯ, интизориҳо аз Русия аз ҳад зиёд аст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Андрей Казантсев - дар бораи равобити Тоҷикистону Русия

Радиои Озодӣ: Зимнан, шумо коҳиши шумори низомиёни пойгоҳи 201-и Русияро дар Тоҷикистон бо чӣ пайванд медиҳед?

Андрей Казантсев: Дар бораи коҳиши шумори низомиён хабар дода, айни замон гуфтанд, ки тақвияти таслеҳотӣ ҷараён дорад. Нирӯҳои СПАД, ки дар ҳолати зарурӣ ба марз интиқол меёбанд, ба таври сареъ кор мекунанд. Эҳтимолан, мақомоти низомии Русия ба ин назаранд, ки дар шароити кунунӣ, ки ҳоло низомиёни рус дар Сурия ҳам ҳузур доранд, нигаҳдошти шумори зиёди низомиён дар чанд нуқоти ҷаҳон метавонад аз ҷиҳати молӣ ҳам сангин бошад. Вале дар сурати сар задани хатарҳои воқеӣ, ба марз интиқол додани нирӯҳо ҳеҷ мушкиле надорад. Фикр накунам, ки коҳиши шумори нирӯҳои рус бар зарари Тоҷикистон бошад, чунки дар ниҳоят, на шумори силоҳ, балки амалкарди босифат ва замонавӣ метавонад манфиатовар бошад.

Радиои Озодӣ: Мо медонем, ки шабу рӯзи ҳодисаҳои моҳи сентябр, ки мақомот онро ошӯби мусаллаҳонаи генерал Назарзода номидаанд, Путин пуштибонии худро аз Тоҷикистон баён кард. Вале назари шумо ба ин ҳодисаҳо чист?

Андрей Казантсев: Путин дигар вокуниш ҳам карда наметавонист. Аз рӯи факт, бале, ин як ошӯби мусаллаҳона буд. Путин дар чаҳорчӯби

Анатолий Казантсев

Андрей Казантсев, профессор, раиси маркази таҳлилҳои байналмилалии назди МГИМО – Донишгоҳи давлатии равобити байналмилалии шаҳри Маскав (аз соли 2012) аст. Монографияаш “Бозии калон бо қоидаҳои номаълум: Сиёсати ҷаҳонӣ ва Осиёи Марказӣ” («Большая игра» с неизвестными правилами: Мировая политика и Центральная Азия") соли 2008 ҷоизаи Академияи улуми сиёсии Русияро ба унвони беҳтарин кори илмӣ ба даст овардааст. Бештар дар масоили Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон таҳқиқот анҷом дода, муаллифи 60 кори илмӣ дар ин соҳа мебошад.

СПАД ва ҳам раҳбари кишвари кафили амнияти Тоҷикистон ваъдаи кӯмак кард. Вале назари ҷомеаи коршиносон бештар интиқодӣ аст. Ман ҳам яке аз ин мунаққидон ҳастам. Ин интиқод ба амалкарди мақомоти Тоҷикистон дар нисбати ин ҳодисаҳо садо дод. Аз ҷумла, баста шудани ҲНИТ на ин ки хатарҳоро кам, балки бештар мекунад. Ин маънои онро дорад, ки нафарони ҳарчи бештар ба фаъолиятҳои мазҳабии зеризаминӣ рӯ меоранд. Ин нафарон бошанд, комилан дигар ва идеологияи дигарро доранд – онҳо “Давлати исломӣ”, Ал-Қоида ва дигарҳо мебошанд. ҲНИТ дар муқоиса бо онҳо ба маротиб мӯътадил буд.

Радиои Озодӣ: Ба фикри шумо, муносибатҳои Путину Раҳмон чӣ гуна аст?

Андрей Казантсев: Равобити ду кишвар ҳеҷ гоҳ бар асоси равобити ду раҳбар бунёд нашудааст. Ин равобити кориест, ки то омадани Путин ҳам вуҷуд дошт.

Радиои Озодӣ: Дар доираҳои матбуоти Тоҷикистон ва дар сатҳи таҳлилгарон ин назарро шунидан мумкин аст, ки Тоҷикистон аз тарзи бархӯрди Маскав ба шаҳрвандонаш, ки дар қаламрави Русия кор мекунанд, розӣ нест. Ҳоло бисёр таҳлилгарони рус ҳам инро эътироф мекунанд, ки ба хотири роҳ надодан ба ҷиҳодишавии муҳоҷирон, ки бар зарари Русия ҳам ҳаст, бояд шароити кору фаъолияти онҳо дар Русия беҳтар шавад. Шумо ба ин назарҳо чӣ посух медиҳед?

Андрей Казантсев: Биёед, ҳоло ба ин масъала аз тарафи дигар нигоҳ кунем. Бубинед, ҳаҷми кӯмакҳое, ки Чин ба Тоҷикистон мекунаду Русия мекунад, чӣ қадар аст? Чин ба Тоҷикистон танҳо барои амалисозии тарҳҳое пул медиҳад, ки ба манфиати худи Чин аст. Манзур содироти маҳсулоти хом, сохтмони роҳҳо ва дигар корҳо аст, ки барои пешбурди тиҷорати Чин равона шудааст. Русия бошад, дар Тоҷикистон амниятро

Монографияи "Болшая игра..." ҷоизаи Академияи илмҳои сиёсии Русияро ба даст овардааст

таъмин мекунад. Таъмини амният дар мадди аввал ба Тоҷикистон зарур аст. Барои намуна, агар вазъ дар Тоҷикистон вахим шавад, домани нооромӣ ба Қирғизистон ва баъдан Қазоқистон кашида мешавад. Яъне ин масъала мустақиман ба вазъи Русия таъсир надорад. Русия як бахши калидии сулҳи тоҷикон дар солҳои 1990-ум буд, ки барои хатми ҷанг хизмат кард. Русия ба Тоҷикистон ёриҳои муҳиму калидӣ кардааст, аммо Тоҷикистон чизи бештар мехоҳад ва ин Маскавро асабонӣ мекунад. Ман дар бораи ҳаҷми азими кӯмакҳои иқтисодии Русия ба Тоҷикистон ҳанӯз нагуфтам, ки маъмулан аз чашми матбуот берун мемонад. Масалан, Русия ба Тоҷикистон бо таъмини маҳсулоти сӯзишворӣ бо нархҳои арзон кӯмак мекунад, магар ин кам аст? Илова ба ин, барои ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия баъзе сабукиҳо дода шудааст.

Радиои Озодӣ: Посухи шумо ба онҳое чист, ки мегӯянд, бар ивази ҷойгиркунии пойгоҳи низомӣ дар хоки Тоҷикистон, Русия муқаррароти муҳоҷиратро барои шаҳрвандони ин кишвар сабуктар карда, имтиёзҳои муайянро дар бозори кори худ, ҳатто агар он кор камарзиш ҳам бошад, фароҳам оварда метавонист?

Андрей Казантсев: Ин баҳс дар даврае маъно дошт, ки арзиши доллар баланд буду даромадҳо баландтар буданд. Ҳоло масъала сиёсӣ нест ва ба бӯҳрони иқтисодии Русия иртибот мегирад. Дар ин масъала ҳеҷ як тасмими маъмурии ҳукумати Русия натиҷае нахоҳад дод. Сабабаш ин ки маошҳо дар сурати баргардони онҳо ба доллар хеле кам шудаанд. Муҳоҷирони корӣ ба хонаҳояшон асосан доллар мефиристанд. Масъала танҳо баъди он ҳалли худро меёбад, ки вазъи иқтисодӣ беҳтар шавад. Ҳама чиз аз нархи нафт вобаста аст. Агар шумо ба масъала аз нигоҳи Русия нигаред, мебинед, ки Тоҷикистон мехоҳад, ки Русия амнияти ин кишварро аз ҳисоби худаш таъмин кунад – яъне ҳам силоҳ медиҳад, ҳам низомиёни тоҷикро тамрин медиҳад, ки ҳамаи ин пулҳои зиёдро мехоҳад. Ҳукумати Тоҷикистон бошад, ба ҷои ин ки “раҳмат” гӯяд, мегӯяд, ки “шумо баҳои инро пардохт кунед”.

Радиои Озодӣ: Дар бораи дурнамои ба созмони ҳамкориҳои иқтисодии АвруОсиё шомил шудани Тоҷикистон чӣ назар доред? Таҳлилгарон мегӯянд, ки узвият дар ин созмон ба манфиати муҳоҷирон мешавад, вале манфиатҳои баъзе гурӯҳҳои ҳукмрон осеб мебинад. Аз ин хотир, Душанбе то имрӯз гуфтааст, ки пешниҳоди узвиятро ҳанӯз баррасӣ дорад.

Андрей Казантсев: Масъала дар ин аст, ки бозигарони аслии ин созмон, ки ҳадафҳои иқтисодӣ дорад, кӣ ҳастанд. Бозигарони асосӣ Русия,

Қазоқистон ва Беларус мебошанд. Ҳоло бо назардошти вазъи иқтисодие, ки гуфтем, арзиши узвият дар ин созмон барои Тоҷикистон кам шудааст. Бо назардошти бӯҳрони Русия, Тоҷикистон дудила мемонад ва мунтазир мешавад, ки вазъ кай беҳтар мешавад, нархи нафт боло рафта, ҳамкорӣ бо Русия барояш манфиатовар мешавад.

Радиои Озодӣ: Яъне ба фикри шумо Русия, бо назардошти вазъи иқтисодии имрӯзааш, ба Тоҷикистон барои узвият дар Евразес фишор нахоҳад овард?

Андрей Казантсев: Ин ҷо ҳеҷ фишоре буда наметавонад. Чунки маълум аст, ки Русия дар сурати узвияти Тоҷикистон зарар мебинад. Дар ҳама гуна таррҳҳои интегратсионӣ бояд, ки қавитарин кишварҳо заъифтаринҳоро дастгирӣ кунанд. Агар иқтисоди Русия, Қазоқистон ва Беларус тахминан дар як сатҳ бошад, ба ин сатҳ баровардани Қирғизистон худ як мушкил аст. Агар Тоҷикистон ба узвияташ пазируфта шавад, боз як мушкили дигар зам мешавад, чунки ин кишвар аз рӯи баъзе нишондодҳо, заъифтар аст. Бояд бозори умумии кор, бозори умумии сармоягузорӣ ва ғайра ба миён меояд.

Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон мақомот ахиран гуфтанд, ки бо сабаби бартараф нашудани баъзе шубҳаво, музокирот барои бақайдгирии оҷонсии “Россия сегодня” идома мекунад. Баъзе таҳлилгарони ғарбӣ гуфтанд, ки шояд дар Тоҷикистон намехоҳанд боз як дастгоҳи тарғиботи ҳукумати Русияро зиёд кунанд. Ба фикри шумо, ба дарозо кашида шудани просесси бақайдгирии ин оҷонсӣ дар чист?

Андрей Казантсев: Ман намедонам, ки мақомоти тоҷик ба чӣ андеша ҳастанд. Масъалаи ҳузури матбуоти русӣ дар кишвар дар бисёр ҳолатҳо ҳамчун василаи пропагандаи Русия арзёбӣ мешавад. Вале пеш аз он, ки пропаганда бошад, ин ба маънои арзёбиҳои мунсифонаи ҳодисаҳои кишвар аст. Мақомоти Тоҷикистон одат доранд, ки кори расонаҳоро дар дохили кишвар пурра назорат кунанд ва ҳар коре, ки мақомот мекунанд, матбуот ҳамон замон онро дастгирӣ мекунад. Вале агар мо бинем, ки матбуоти русӣ, таҳлилгарон ва ҳам афроди наздик ба ҳукумат, на фақат оппозитсионӣ ҳодисаҳои сентябрии Тоҷикистонро чӣ гуна пӯшиш медоданд, мебинем, ки бештар арзёбии интиқодӣ будааст. Ба фикри ман, ба мақомоти Тоҷикистон писанд нест, ки дар матбуоти Русия чунин арзёбиҳои мунсифона вуҷуд дорад. Бо ҳамин сабаб ҳам онҳо талош мекунанд, ки ҳузури матбуоти русиро дар қаламрави худ маҳдуд кунанд. Худи ман ҳам инро дар кори худ таҷриба кардам, вақте дар бораи фаъолияти ҲНИТ менавиштам.

Радиои Озодӣ: Ба фикри шумо, муносибати Кремлин ба Кабири ва ҳизбаш чӣ гуна аст?

Андрей Казантсев: Фикр накунам, ки раҳбарияти Русия аз ӯ хушнуд бошад.

Радиои Озодӣ: Яъне агар ӯ аз Русия ҳақи паноҳандагӣ хоҳад, барояш намедиҳанд ва ҳатто ба Тоҷикистон истирдод мекунанд?

Андрей Казантсев: Ман на ҳамчун як мақом, балки як таҳлилгар мегӯям, ки мухолифони тоҷик дар Русия ҳеҷ гоҳ ба унвони як нирӯи рӯ ба Русия арзёбӣ намешуданд. Аз сӯи дигар, Русия як ҷониби Созишномаи сулҳи тоҷикон буд, ки то имрӯз амнияти кишварро кафолат медод. Аз ҳамин хотир, ҳоло Русия хушнуд нест, ки шарту шурути он созишнома поймол шуда, аз ҷониби раҳбарияти Тоҷикистон тавозуни қудрат ба ҳам зада мешавад. Оё ба Кабирӣ дар хоки Русия паноҳандагии сиёсӣ дода мешавад ё на, ин саволи душвор аст. Ман ҷавоби онро намедонам. Вале ин ки дар Русия мухолифони зиёд паноҳ меёбанд, бале, ин ҳақиқат аст. Масалан, дар хоки Русия телевизиони CATV (Центральноазиатское телевидение) амал мекунад, ки нисбати ҳукумати Раҳмон мавқеи интиқодӣ дорад. Ин танҳо ба маънои он аст, ки дар Русия ҳама назару ақидаҳо метавонанд вуҷуд дошта бошанд.