Таваҷҷӯҳ ба Ғарб, ҳифзи манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ аз далелҳои аслии тасмими ахири Тошканд гуфта мешаванд.
Узбакистон -- ҳамсояи “девордармиён”-и Тоҷикистон, иттиҳоди амниятии барои ҳарду кишвар муштаракро дар ҳоле тарк мекунад, ки робитаҳояш бо Тоҷикистон ба ҳадди охир сард шудаанд. Биноан, пурсиши якуме, ки ба зеҳни бархе шаҳрвандони Тоҷикистон меояд ва онҳоро як андоза ноором мекунад, ин аст, ки мақсади ин ҳаракати кишвари ҳамсоя чӣ бошад?
Низомномаи Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ё СПАД ҳама гуна низои эҳтимолии мусаллаҳонаро байни кишварҳои узви ин созмон роҳ намедиҳад. Аммо баръакси нигарониҳои омиёна, раиси Кумитаи амният ва дифоъ дар парлумони Тоҷикистон ва собиқ Дабири Шӯрои амнияти кишвар Амирқул Азимов мегӯяд, хуруҷи Узбакистон аз СПАД умдатан ҳадафи молӣ дорад ва ба эҳтимоли зиёд бо тағйири вазъи минтақа ин кишвар дубора ба иттиҳод хоҳад баргашт. Ҷаноби Азимов афзуд, Узбакистон дар арафаи хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон амдан (қасдан) аз Русия фосила гирифта ва ба ин васила, мехоҳад нишон диҳад, ки омодааст бо кишварҳои аврупоӣ ва Амрико робитаи бештар дошта бошад.
"Яке аз сабабҳои хуруҷи Узбакистон ҳадафи иқтисодӣ аст. Яъне, Узбакистон мехоҳад, ки бо фосилагирӣ аз ОДКБ дар назди он давлатҳо (НАТО) худро муаррифӣ кунад. Яъне, нишон диҳад, ки ба ин ё он созмон бетараф аст. Бо ин имкон диҳад, ки он қувваҳо ба воситаи қаламрави Узбакистон берун шаванд ва бо ин васила ҳам манфиати иқтисодӣ бинад ва ҳам аз силоҳу таҷҳизоти низомии онҳо бархӯрдор шавад",-гуфт ҷаноби Азимов.
Узбакистон дар соли 1999-ум, дар авҷи гармии муносибатҳояш бо Ғарб ва Иёлоти Муттаҳида Созмони Паймони амнияти дастаҷамъиро тарк кард. Дар соли 2001-ум Тошканд ба таъсиси пойгоҳи ҳарбии Амрико дар Хонободи Қаршӣ ризоият дод, вале пас аз сардӣ дар равобиташ бо Вашингтон зимни саркӯби хунини тазоҳуркунандагони Андиҷон дар соли 2005-ум ин пойгоҳро баст ва дубора рӯ ба
Маскав овард. Соли 2006-ум созмони амнияти дастаҷамъӣ Узбакистонро аз нав ба узвият пазируфт.
"Ҳоло мо шоҳиди идомаи ин бозием",-мегӯяд коршинос Нуралии Давлат. "Ислом Каримов бори дигар нишон дод, ки ӯ як президенти мустақил аст. Ҳар хеле, ки бихоҳад, ҳамон хел бозӣ мекунад. Агар хоҳад, СПАД-ро эътироф мекунад ва агар нахоҳад, эътироф намекунад ва ҳамчунон, агар хост, назари Ғарбро қабул мекунад ва ё намекунад",-афзуд ӯ.
Корманди Пажӯҳишгоҳи тасмимҳои сиёсӣ дар Алмато, Максим Казначеев, ба хабаргузории “Интерфакс” гуфтааст, чанд ҳафтаи охир Узбакистон бо Иёлоти Муттаҳида гуфтушуниди пинҳониеро идома медиҳад, ки ҳадаф аз он эҳёи пойгоҳи Амрико дар ҳудуди Узбакистон аст. Аммо дар ҳамоиши сарони СПАД дар соли гузашта қарор шуда буд, ки ҳеҷ кишвари узв наметавонад, бе ризоияти аъзои дигари созмон ба бунёди пойгоҳи ҳарбие дар қаламрави худ иҷозат диҳад. Ҳоло, ба ақидаи ҷаноби Казначеев, Тошканд мехоҳад, худро аз ин ӯҳдадорӣ озод кунад.
Дар бисёре аз вокунишҳо ба хабари берун рафтани Узбакистон аз СПАД ин нукта низ садо медиҳад, ки амалкарди ахири Тошканд чандон ғайриинтизор набудааст. Узбакистон баъд аз бозгашт ба ҳайати СПАД низ на ҳамеша аз мавзеъгириҳои он пуштибонӣ мекард ва аз тасвиби чанд санади муҳими созмон сар тофтааст. Ба ин далел раисиҷумҳури Беларус, Аляксандр Лукашенка, моҳи декабри соли гузашта даъват кард, ки Узбакистон ба иллати мухолифаташ дар масъалаҳои усулӣ аз Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ берун карда шавад.
Ҳарчанд ҳоло масъулони Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ гуфтаанд, ки берун шудани Узбакистон аз ҳайати он ба тавоноии ҳарбии ин ниҳод таъсир нахоҳад дошт, коршиносон хуруҷи Тошкандро як зарба ба Русия ва ишора ба корношоямии СПАД унвон кардаанд. Пажӯҳишгари масъалаҳои амниятӣ дар Бунёди Ҷеймстаун дар Вашингтон, Владимир Сокор мегӯяд, Узбакистон дорои
қавитарин артиш дар Осиёи Марказист ва бо ин амал нишон дод, ки ба ёрии Русия ё аъзои дигари эътилофи амниятӣ ниёз надорад: "Рафтори Узбакистон нишон медиҳад, ки СПАД як созмони воқеӣ нест. Ин амали Тошканд талошҳои Маскавро ба эътирофи созмони мазкур дар Ғарб беҳосил мекунад ва ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ паём медиҳад, ки ин созмон аслан нозарур аст."
Вале коршиноси умури низомӣ Амруллоҳи Собир мегӯяд, дар шароити феълӣ созмони мазкур барои кишварҳои минтақа ва махсусан Тоҷикистон зарур аст: "СПАД барои ҷамоҳири Осиёи Марказӣ хеле ҳам муҳим аст. Зеро ягона кишваре, ки ба ҳангоми нохушиҳо дар кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон Тоҷикистон ва Узбакистон метавонад кӯмак кунад, ин Русия аст. Ба ҷуз аз ин, тамоми сохтори артиши ин кишварҳо дар асоси сохтори артиши Русия сохта шудааст ва дар ҳоли ҳозир техникаи низомии ин кишварҳо ҳам аз Русия аст."
Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар соли 1992-юм бо ширкати сарони Русия, Арманистон, Тоҷикистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Тошканд таъсис ёфта буд. Ҳарчанд дар ҳамоиши ахири сарон дар Маскав 20-солагии он ҷашн гирифта шуд, тайи ин муддат ягон корномаи муҳиме анҷом надодааст.