Дар ноҳияи Яккабоғи вилояти Қашқадарёи Узбекистон соҳибкоре ба сӯи муовини раиси ноҳия бензин рехта ӯро оташ задааст. Ин амали соҳибкори ноумедшуда посух ба таҳдиди мақоми давлатӣ буд, ки хост, бинои дуошёнаи фурӯшгоҳ ва сехи бо қарзи бонк сохтаи соҳибкорро хароб кунад. Ҳодиса 20 июл рух дод ва дар маъмурияти ноҳия ва ҳам идораи полису додситонӣ ин хабарро ба Бахши Узбекии Радиои Озодӣ тасдиқ карданд. Рӯзи 23 июл додситонии кулли Узбекистон бо пахши изҳороте гуфт, ки “соҳибкор аз ночорӣ” даст ба чунин амал задааст.
Шоҳидон чӣ мегӯянд
Дар бораи ҳодиса дар Яккабоғи Қашқадарё ба Радиои Озодлик даҳҳо сокини маҳаллӣ хабар дода, баробар бо ин видеову акс ҳам фиристоданд. Яке аз шоҳидони моҷаро ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, он рӯз ба маҳаллаи онҳо муовини раиси ноҳияи Яккабоғ Мансур Туймаев омад ва ба соҳиби як фурӯшгоҳи маҳаллӣ гуфт, ки бинои дуошёнаи сохтааш ғайриқонунӣ бунёд шудааст ва бояд хароб карда шавад. Соҳибкори 65-сола, ки аз ӯ ҳамчун Баҳриддин ёд мешавад, гуфт, ки ин биноро бо қарзи бонк сохтааст ва қарзаш ҳанӯз тамом нашудааст. Ӯ гуфтааст, ки агар мақомот бар ивази хароб кардани ин бино барояш ҷубронпулӣ бидиҳанд, розӣ мешавад. Шоҳиди ҳодиса дар идома гуфт: “Вале дар посух муовини ҳоким Мансур Туймаев ба қаҳр омаду худаш рафта ба булдозер савор шуд ва хост ба самти фурӯшгоҳ ҳаракат кунад. Соҳибкор аз ӯ хост, ки аз буллдозер поин шавад, вагарна худро оташ мезанад. Муовини ҳоким ин ҳарфҳои ӯро нодида гирифт ва булдозерро ба кор андохт. Дар ҳамин ҳолат соҳибкор ғазаболуд шуда ба муовини ҳоким ва булдозер бензин рехт ва оташро фурӯзон кард. Ногаҳон дохили булдозер оташ гирифт, вале мардум ҳамон замон оташи мошин ва мақомдори сӯхтаистодаро хомӯш карданд. Туймаевро ба беморхона бурданд”.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Додситонии Узбекистон: "Соҳибкор ночор буд"
Рӯзи 23 июл додситонии кулли Узбекистон бо нашри изҳороте дар бораи ин моҷаро гуфт, ки “соҳибкор аз ночорӣ” ба ин кор даст зад ва ҳодиса таҳқиқ мешавад. Инро сокинони дигари Яккабоғ ҳам таъкид мекунанд. Яке аз онҳо гуфт, ки Мансур Туймаев давоми моҳҳои зиёд аст, ки хонаву дӯконҳои мардуми маҳаллиро хароб мекунад ва сокинони азиятшуда ба дод омадааст.
Як шоҳиди дигари ин моҷаро ва сокини Яккабоғ ба Радиои Озодлик гуфт, ки кӯчаи онҳо ба барномаи давлатии “Маҳаллаи обод” шомил карда буд ва мақомот аз моҳи апрел ба ин сӯ сокинони маҳаллиро ҳушдор медиҳанд, ки сохтмонҳои ғайриқонуниро хароб кунанд. Сокинон, дар навбати худ, аз мақомот пардохти ҷубронпулии муносибро талаб доранд ва мегӯянд, ки мақомот бераҳму шафқат хонаву дӯконҳои онҳоро нобуд мекунанд. “Туймаев бошад, бо рафтори дағалонааш мардумро ба дод овард. Шанбеи гузашта, вақте ӯ ба маҳалла омада аз соҳибкор талаб кард, ки дӯконашро хароб кунад, соҳибкор ба амри ӯ итоат накард. Ин моҷаро дар соатҳое рух дод, ки дар дохили фурӯшгоҳ мардум харид мекарданд ва дар ошёнаи дуюм дар сехи дӯзандагӣ коргарон бо дӯхтудӯз машғул буданд. Вале Туймаев гуфт, ки кор надорад”. Ба гуфтаи ин шоҳид, “Баҳриддин-ака аз Туймиаев хост, ки кори беандеша накунад, вале Туймаев ба гапи ӯ гӯш надода ба булдозер савор шуд”. Ба гуфтаи ин шоҳид, Баҳриддин як шишаи дулитраи бензиро оварда ба сӯи мақомдор ва кабинаи булдозер рехт. Баъди он ки мақомдорро аз оташ наҷот доданд, ходимони милиса соҳибкорро дар ҳамон ҷо боздошт карданд.
Як мусоҳиби дигари Озодлик гуфт, ки хашми мардум бесабаб нест ва аксарият бовар доранд, ки тасмимҳои мақомот рабте ба барномаҳои давлатӣ надорад, балки натиҷаи фасоду коррупсия аст. Сокини дигари Яккабоғ гуфт, ки дар давоми ду соли гузаштаи хароб кардани хонаву биноҳои дигари ба назари мақомот ғайриқонунӣ, ҳеҷ иншооти нав ва дигаре бунёд нашуд. “Маҳаллаи мо ҳолати баъди таркиши бомбаро мемонад. Ҳамаро хароб мекунанду дар ҷояш чизе намесозанд”, гуфт ӯ. Ба бовари ӯ ва дигар сокинони маҳаллӣ, мақомот сокинонро аз моликият ва даромадашон маҳрум мекунанд ва айни замон, қитъаҳои заминҳои онҳоро ба нафарони дигар мефурӯшанд. “Раиси ноҳия, раиси бозор, муовини раиси ноҳия оид ба масоили сохтмон, раиси шӯъбаи меъморӣ мардумро масхара мекунанд. Онҳо иншооти мардумро нобуд карда намегузоранд, ки як бурда нонашонро ёфта хӯранд”, гуфт ин сокини маҳаллаи Яккабоғ.
Дар як сабти видеоие, ки баҳси Мансур Туйчиев ва сокинони Яккабоғро намоиш медиҳад, дида мешавад, ки мардум ин мақомдор ва дигар раҳбаронро дар ришвахориву фасод гунаҳгор мекунанд ва ҳушдор медиҳанд, ки чунин амали онҳо боиси сар задани ошӯбу эътирозҳо мешавад.
Парвандаи ҷиноӣ
Аз рӯи ҳодисаи оташ задани муовини раиси ноҳияи Яккабоғ дар додситонии ноҳия парвандаи ҷиноӣ боз шуда таҳқиқ ҷараён дорад. Соҳибкори гумонбар дар ҳамла ба корманди ҳукуматро ба шаҳри Қаршӣ интиқол доданд. Мансур Туймаев баъди ин ҳодиса ба бемористон интиқол дода шуд. Талоши Радиои Озодлик барои гирифтани шарҳи раиси ноҳияи Яккабоғ бенатиҷа буд. Шомурод Донаев гуфт, ки дар наздаш меҳмон дорад ва бо хабарнигорон сӯҳбат карда наметавонад.
Як корманди ҳукумати Яккабоғ ба Радиои Озодлик аксҳои Мансур Туймаевро фиристод ва дар аксҳо дида мешавад, ки зоҳиран ҷароҳатҳои ӯ чандон чиддӣ нест.
Соҳибкору оилааш дар боздоштанд
Ба иттилои мақомоти Яккабоғ, соҳибкор ҳамроҳ бо ҳамсар ва писараш боздошт шудаанд. Бар асоси бархе хабарҳо, ҳамаи онҳо латукӯб шудаанд. Як мақомдори маҳаллӣ гуфт, ки баъди ҳодисаи ахир дар Яккабоғ ходимони зиёди полис ва мақомот аз вилояти Қаршӣ ҳузур доранд. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, ҳодисаи ахир ҳамаро тарсонд ва нигарон кард. Мақомот санҷиши сареъро шурӯъ карда, тамоми иншооти маҳалларо таҳқиқ мекунанд.
Бо сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев, дар саросари Узбекистон барномаи навсозии шаҳру деҳот дар чаҳорчӯби лоиҳаҳои мисли “Деҳаи обод” ва “Маҳаллаи обод” роҳандозӣ шуд. Дар марказҳои аксар ноҳияву минтақаҳо шаҳрак ё марказҳои тиҷоратии навъи City бунёд мешаванд, ки шабеҳ ба намунаҳои пешрафтаи ғарбӣ мебошанд. Вале бисёр сокинон мегӯянд, ки мақомот ба ҳолати қонуниву ғайриқонунии ин иншоот аҳамият намедиҳанд ва дар бисёр ҳолатҳо ҷуброни зарари воридкарда ба соҳибкорону моликдоронро пардохт намекунанд. Дар маркази таваҷҷӯҳи ин барномаҳои давлатӣ бештар нуқтаву маҳаллаҳои воқеъ дар марказ ва маконҳои сердаромади тиҷоратӣ сердаромад қарор мегиранд.
Таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони байналмилалии созмони Human Rights Watch Стив Свердлов мегӯяд, ки ин барномаҳои ҳукумати Узбекистон нақзи ҳуқуқи инсон мебошад. Дар бораи осеби равонии бисёр сокинони Узбекистон дар паи хароб кардани хонаву моликият дигар фаъолон ҳам шикоят мекунанд. Як гурӯҳи фаъолон дар Фейсбук барномаҳои “ободкории” ҳукумати Узбекистонро “зарбаи сахти равонӣ ба мардум” меномад, ки бисёриҳоро бехонаву дар ва бедаромаду кор мегузорад.
Дар як изҳороти ғайримунтазирааш рӯзи 22 июл вазорати адлияи Узбекистон вуҷуди таъхир дар пардохти ҷуброни иншооти харобкардашударо эътироф кард. Дар дафтари матбуоти ин ниҳод гуфтанд, ки ҳукуматҳои маҳаллӣ дар шаҳру вилояти Тошканд, Фарғона, Қашқадарё ва Намангон дар маҷмӯъ ба сокинонашон 35 миллион доллар бидеҳкор шудаанд. Ба иттилои расмӣ, барои барқарор кардани ҷуброни соҳибмулкон 70 миллион доллар пардохт шудааст.