Ҳодиса субҳи рӯзи 23 июл дар минтақаи марзии Ҷалолобод ба вуқӯъ пайваст. Ҷониби Узбакистон ҳанӯз вокуниш нишон надодааст.
Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон тафсилоти ҳалокати як марзбони Узбакистон ва захмӣ шудани дигариро шарҳ дод. Тирпарронӣ дар миёни марзбонҳои узбаку қирғиз субҳи сешанбеи 23 июл дар минтақаи сарҳадии
Ҷалолобод ба вуқӯъ пайваст.
Гуфта мешавад, марзбонҳои қирғиз дар ҳоле ба сӯи низомиёни кишвари ҳамсоя тир кушодаанд, ки онҳо ба қаламрави Қирғизистон ворид шуданд ва талаби хориҷ шудан аз ин қаламравро гӯш накарданд. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, ки нахуст низомиёни узбак тир кушоданд ва марзбонҳои қирғизро ба истифодаи силоҳ маҷбур карданд. Дар натиҷаи ин задухӯрд як сарҳадбони узбак кушта ва дигарӣ захмӣ шудааст.
Ин ду кишвар 1378 километр марзи муштарак доранд, ки 320 километри он ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст. Дар камтар аз ду моҳи ахир ин дуюмин ҳодисаи даргирӣ дар ин марзҳост, ки бо ҳалокати инсонҳо анҷом мешавад. Шаби 20 июн дар мавзеъи Сари Олтини минтақаи Қадамҷо марзбонҳои кишвари ҳамсояи Узбакистон сарҳади Қирғизистонро убур карда як сокини 37-солаи ин мавзеъ Бакит Тағоевро бо зарби гулӯла ба ҳалокат расониданд.
Дар ҳоле, ки ҷониби Узбакистон мавридҳои сардҳадшикании марзбонҳои худро рад мекунад, Токон Мамитов, ноиби нахуствазири Қирғизистон гуфтааст, се марзбони узбак, ки Бакит Тағоевро шаби 20-уми июн кушта буданд, ахиран аз ҷониби мақомоти Узбакистон боздошт шуданд. Ин хабар ҳанӯз аз ҷониби Узбакистон тасдиқ нашудааст.
Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ки ҷониби Узбакистон бо сабабҳои барои онҳо номаълум раванди аломатгузории марзҳоро тӯл медиҳад.