1100 сомонии қалбакӣ дар бозори Рузвай

Ходимони амнияти Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз як шаҳрванди Афғонистонро бо гумони нигаҳдошт ва интиқоли пулҳои қалбакии сомонӣбоздошт карданд. Ин боздошт рӯзи 22 октябр дар ҳудуди бозори муштараки Тоҷикистону Афғонистон сурат гирифт. Гумонбар Шоҳиззат валади Сироҷиддин, як шаҳрванди Афғонистон барои он боздошт шуд, ки дар дасташ бастаи 1100 сомонӣ пул дошт ва ба қавли мақомоти тоҷик, ҳамаи ин пулҳо аз нақдинаҳои 100-сомонии қалбакӣ ё сохта иборат будаанд.

Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ рӯзи 27 октябр бо зикри ин матлаб гуфт, ки ҳоло Шоҳиззат валади Сироҷиддин боздошт шуда дар шӯъбаи КДАМ-и ноҳияи Дарвоз нигаҳдорӣ мешавад. Мақомот мегӯянд, ки ба эҳтимоли зиёд гумонбар ин пулҳоро мехост дар бозори ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшони Тоҷикистон масраф бикунад.

Ҳанӯз сафорати Афғонистон дар ин замина изҳори назар накардааст. Мақомот мегӯянд, ки ин мард дар бозпурсиҳои аввалияаш гуфтааст, ки аз қалбакӣ будани ин бастаи пул хабар надошт ва ин маблағро аз як ҳамдеҳааш барои тиҷорат қарз гирифта ба Тоҷикистон омад. Шаҳрванди Афғонистон гуфтаааст, ки бо нияти хариди мол ва тиҷорат ба бозори наздимарзии Дарвоз омада буд.

Бозори наздимарзии Теми шаҳри Хоруғ

Ҳанӯз маълум нест, ки тасмими тафтишот нисбати ин шаҳрванди бо пули қалбакӣ боздоштшуда чӣ мешавад. Кодекси ҷиноии Тоҷикистон таҳия ва муомила бо пулҳои худсохт ё қалбакиро ҷиноят арзёбӣ карда, барои ин кор аз 5 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Феълан маълум нест, ки аз рӯи ин қазияи парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ё на ва иқдоми баъдии мақомоти тоҷик нисбати ин шаҳрванди Афғонистон чӣ мешавад. Мушаххас нест, ки ин шахс аз ҳимояи адвокат ё ҳимоятчӣ бархӯрдор аст ё на, чун қонунҳои Тоҷикистон баъди боздошти гумонбар таъмини ҳатмии шахс бо вакили дифоъро тақозо мекунад. Мақомот нахостанд ин масъаларо шарҳ диҳанд.

Бозори Рузваи Дарвоз, ки ин шаҳрванди Афғонистон дар ҳудуди он боздошт шудааст, яке аз се бозори наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон аст, ки ҳар ҳафта рӯзи шанбе ба муддати чанд соат фаъол мешавад. Дар ин бозор маъмулан аз 300 то 400 нафар тоҷирон доду гирифт мекунанд. Пеш аз ворид шудан ба марз ва бозори воқеъ дар хоки Тоҷикистон, тоҷирон ва моли савдогарони афғон аз назорати марзбонҳои тоҷик мегузарад. Баъдан дар дохили бозор ҳам ҷараёни савдоро намояндаҳои ҳифзи қонуни ҳарду кишвар назорат мекунанд.

Раҳбари ин бозор, ки худро Миралӣ муаррифӣ кард, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин бори аввал аст, ки як шаҳрванди Афғонистон дар ин бозор бо асъори қалбакӣ боздошт мегардад. "Вақте ин шаҳрванди Афғонистон мехост ба бозор дохил шавад, ӯро тафтиш карданд ва пулҳои қалбакиро дарёфт карданд. Мо то ҳол шоҳиди чунин ҳодиса нашуда будем. Ӯ чӣ ҳадаф дошт, барои мо маълум нест”, гуфт Миралӣ.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ дар Дарвоз, ки аз хабари боздошти шаҳрванди Афғонистон бо пули сохта огаҳ ҳастанд, як нигаронии онҳо ин аст, ки бо баҳонаи роҳ ёфтан ба ҳудуди Тоҷикистон тавассути бозори Рузвай, афроди марбут ба гурӯҳҳои шӯришӣ ё силоҳбадаст роҳ наёбанд. Фаъолшавии гурӯҳҳои шӯришии Толибон ва аъзои гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар марзҳои шимолии Афғонистон, ки ҳаммарз бо Тоҷикистонанд, мақомоти тоҷикро нигарон мекунанд. Яке аз маъмултарин навъ ҷиноятҳои марзӣ - қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон аст.

Ноҳияи Дарвоз

Тоҷикистону Афғонистон 1400 километр марзи муштарак доранд танҳо ҳамин бозори Рузвай аст, ки барои тиҷорати нимрӯзаи савдогарони афғон дар ҳудуди Тоҷикистон барояшон ҳақи ворид шудан ба хоки ин кишварро фароҳам меорад. Ин бозор, ки тахминан 10 соли охир бар асоси созишномаи муштараки ҳукуматҳои Тоҷикистону Афғонистон амал мекунад, як манбаи муҳими даромади сокинони маҳаллӣ шудааст.

Ҳафтае як бор – рӯзҳои шанбе се-чор соат то нисфирӯзӣ тоҷирони афғон бо иҷозатномаҳои махсус ва бидуни виза ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуда, моли худро ба фурӯш мегузоранд ва баъдан бо пулу моли боқимонда дубора ба ватани худ бармегарданд. Таъсиси бозори муштаракро Душанбеву Кобул як василаи коҳиши шиддати бекориву набуди даромад барои сокинони рустоҳои наздимарзӣ ва ҳам имкони муоширати миёни мардуми ду тарафи марз медонанд.