Дар Ереван рӯзи 18-уми июн ҷаласаи пеш аз мӯҳлати ҳукумати Арманистон таҳти раҳбарии нахуствазир Никол Пашинян баргузор шуд, ки ҳадафаш баррасии аризаи ҳукумат барои аз масуният озод кардани вакили маҷлис Манвел Григорян аст. Дархости бекор шудани масунияти депутатро Додситони кулл ба ҳукумат пешниҳод кардааст.
Рӯзи 19-уми июн парлумон дархости ҳукумат барои аз масуният озод кардани вакили маҷлисро баррасӣ мекунад. Узви ҳизби ҷумҳурихоҳи Арманистон ва раиси Иттифоқи ихтиёриёни «Еркрап» Манвел Григорян рӯзи шанбе бо гумони нақзи Кодекси ҷиноии Арманистон боздошт шуд. Ин генерали маъруф ва қаҳрамони
Дар дачаи депутат ва генерал ҳамчунин боғи ҷонварони шахсӣ ошкор шуд. Дар ин боғ чанд паланг, хирс, шутурмурғ нигаҳдорӣ мешавад... Аз таҳқиқоти аввалия маълум шудааст, ки маводи ғизоии барои сарбозон пешбинишударо генерал барои ғизои ҷонваронаш истифода мекардааст.
миллӣ, барои "ҳифзи силоҳ" айбдор мешавад. Дар изҳороти рӯзи 17-уми июни Хадамоти амнияти милии Арманистон гуфта шуд, ки "истироҳатгоҳи марбут ба Манвел Григорян ба захирагоҳи силоҳ ва ҳам автопарки мошинҳои қадимиву нав табдил дода шуд".
Дар изҳорот инчунин гуфта мешавад, ки бӯстонсарои (дача) генерал ҳамчунин макони нигаҳдошти маводи озуқа, маводи гигиенӣ, доруворӣ, либоси низомӣ буд ва ҳар мавод "барои сарбоз" ном навиштаҷоте дошт. Аз номаҳое, ки дар рӯи қуттиҳо хонда шудааст, дида мешавад, ки ин ҳама мавод ҳанӯз дар моҳи апрели соли 2016 барои сарбозони ширкатдори ҷанг фиристода шуда буд.
Манзур низои мусаллаҳонаи чаҳоррӯза миёни Арманистону Қаробоғи кӯҳӣ ва ва Озарбойҷон аст, ки дар ҷараёни он даҳҳо нафар кушта шудааст.
Маводе, ки дар осоишгоҳи генерал пайдо шуд:
Дар миёни муҳимот ва ҳам захираҳое, ки дар қуттиҳои захирашуда дар дачаи генерал пайдо шудааст, "куртаву ҷӯроб, доруву дока ва дигар маводи зарурӣ" дар шароити ҷанг, ошкор шудааст. Дар қуттиҳои дигар, ки аз боғчаҳои бачагонаву мактаб ва ҳам дигар сохторҳо ба сарбозон фиристода шудааст, шири ҷӯшонидашуда (сгущенное молоко), макарон, афшураи томат, гӯшту сабзавоти консервашуда, маҳсулоти гигиенӣ ва ҳам коғази ташноб ошкор шуд. Дар рӯи ин қуттиҳо ҳам аксаран навиштаҷоти "барои сарбоз" ёфт шуд, ки дар асл маҳсулоти ғайри қобили фурӯш ва манъшуда барои истифодаи ҷонибҳои дигар маҳсуб меёбанд.
Илова ба ин ҳама маҳсулот, дар хонаву бӯстонсарои Манвел Григорян силоҳ ҳам пайдо шуд, аз ҷумла, 18 миномети зиддитонкӣ, 20 дода норинҷак, 21589 дона тир, тротили 12400-грамма, 79 милтиқ, 39 тапонча ва 12300 тири ин силоҳҳо.
Дар дачаи генерал ҳамчунин се автопарке ошкор шуд, ки дар дохили онҳо мошинҳои гаронбарҳои замонавӣ, қадимӣ, мотосиклу мошинҳои барфгузар буданд. Инчунин, як мошини ёрии таъҷилӣ ва чанд мошини ҷип ёфт шуд, ки дар рӯзҳои ҷанг истифода шудаанд.
Хадамоти амнияти бехатарии Арманистон дар изҳороти худ гуфт, ки ин мошинҳоро намояндагони ҷомеаи арманиҳои Русия ба “Артиши мудофиавии” Арманистон дар рӯзҳои ҷанг тақдим кард, вале Григорян ҳамаи онҳоро ба номи хешовандонаш ба қайд гирифт.
Дар дачаи депутат ва генерал ҳамчунин боғи ҷонварони шахсии ӯ ошкор шуд. Дар ин боғ чанд паланг, хирс, шутурмурғ нигаҳдорӣ мешавад. Ӯ ҳамчунин як ипподроми шахсии худро доштааст. Аз ҷараёни таҳқиқоти аввалия маълум шудааст, ки маводи ғизоии барои сарбозон пешбинишударо генерал барои ғизои ҷонваронаш истифода мекардааст.
Манвел Григорян яке аз шахсиятҳои бонуфузи низомӣ буда, ӯро қаҳрамони ҷанги Қаробоғ ҳам меноманд. То ин замон худи ӯ дар бораи иттиҳомоти ворида изҳори назар накардааст, вале боздошти ӯро як бахши мубориза бо коррупсия дар сафи аъзои ҳизби бонуфузи ҷумҳурихоҳ меноманд.
Ҳизби ҷумҳурихоҳ, ки дар парлумон намояндагӣ мекунад, гуфтааст, агар ин иттиҳомот дуруст бошад, ин созмони сиёсӣ Григорянро маҳкум мекунад. Григорян аз ҷониби Хадамоти амнияти Арманистон ба ҳабс гирифта шуд.