Амрико талош дорад дар Лубнон оташбаси думоҳа барқарор шавад

Пайомадҳои ҳамлаи Исроил ба яке аз минтақаҳои шаҳри Бейрут

Миёнаравон аз Амрико барои оташбаси думоҳа миёни Исроил ва гуруҳи “Ҳизбуллоҳ” кор мекунанд. Дар ин бора хабаргузории Ройтерс бо такя ба манобеаш хабар додааст.

Ҳамсуҳбатони хабаргузорӣ гуфтаанд, дар давоми 60 рӯзи оташбас талош мешавад, ки қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал аз соли 2006 амалӣ шавад. Бар асоси ин қатънома, гуруҳҳои мусаллаҳи берун аз назорати давлат, бояд дар ҷануби Лубнон набошанд.

Манобеи Ройтерс тасдиқ кардаанд, ки ин муқаррарот метавонад барбод равад.

Намояндагони Кохи Сафед рӯзи 31-уми октябр барои баррасии оташбас дар Лубнон, вориди Исроил шуданд.

Артиши Исроил 23-юми сентябр ба зидди “Ҳизбуллоҳ” амалиётро ба роҳ монд. Ҳадафи амалиёт нобуд кардани зербиноҳои ҷангии ин гурӯҳ ва ба ҷойи зисти доимии худ баргардонидани исроилиҳои беҷошуда гуфта шудааст.

“Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ҳам гурӯҳи ҷангҷӯ аст ва ҳам ҳизби сиёсӣ. Эрон аз он ҳимоят мекунад, вале Амрико созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро ба рӯйхати сиёҳ дохил кардааст.