Нигаронии Amnesty аз афзоиши таъқиби мухолифон дар Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ

Созмони Афви Байналмилалӣ дар гузориши наваш мегӯяд, таъқиби мухолифони ҳукумат дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон дар як соли охир шадидтар шудааст.

Созмони Афви Байналмилалӣ (Amnesty International) Тоҷикистонро аз рӯи нишондодҳои вазъи ҳуқуқи башар дар соли 2015 ва 2016 ба гурӯҳи “кишварҳои мавриди таваҷҷӯҳи хос” ворид кардааст. Масъулони ин созмон рӯзи 23 феврал зимни муаррифии гузориши солонаашон дар Маскав гуфтанд, ки дар тӯли соли гузашта ва аввали соли ҷорӣ таъқиби мухолифон дар дохилу хориҷи Тоҷикистон шиддат ёфтааст.

Ин созмон мегӯяд, дар соли гузашта чанд фаъоли сиёсӣ рабуда ва ба Тоҷикистон истирдод ва баъдан дар тундгароии мазҳабӣ айбдор шуданд. Барои мисол, ба навиштаи Афви Байналмилалӣ, моҳи январи соли гузашта Мақсуд Иброҳимов - раҳбари созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” дар Русия рабуда шуд ва сипас дар моҳи июн бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе ба 17 соли зиндон маҳкум гардид.

Афви Байналмилалӣ аз қатли Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24” дар моҳи марти соли гузашта дар Истамбули Туркия низ ёдоварӣ кардааст. Қувватов шаби 5 марти соли 2015 баъди тарки манзили иҷораи шаҳрванди Тоҷикистон Сулаймон Қаюмов дар маҳаллаи Фотиҳи Истанбул ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт ва бо зарби як тири туфангча кушта шуд. Ӯ ҳамроҳ бо зану ду писараш он шаб барои як зиёфати шом ба манзили Қаюмов даъват шуда буд. Ҳоло Сулаймон Қаюмов ба ҳайси гумонбар дар қатли Умаралӣ Қувватов боздошт ва мурофиаи додгоҳии ӯ дар Истанбул идома дорад.

Созмони ҳомии ҳуқуқи инсон дар идома мегӯяд, дар пайи интихоботи парлумонии моҳи марти соли гузашта ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ, ки он замон аз умдатарин ташаккули мухолифон ба ҳисоб мерафт, аз ду курсияш дар Маҷлиси Намояндагон маҳрум шуд. “Баъди ин интихобот Вазорати адлия эълон кард, ки ҳизби наҳзати исломӣ нуфузашро дар миёни сокинон аз даст додааст ва аъзояш бо хоҳиши худ ин ҳизбро тарк мекунанд. Ба дунбол дар моҳи сентябр Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизбро мамнӯъ карда ва онро террористӣ эълон намуд. Дар ҳамин моҳ 13 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ҲНИТ боздошт шуданд,” – навиштааст Афви Байналмилал.

Шиканҷаву дигар навъҳои бадрафториҳо, ба бовари созмони Афви Байналмилалӣ, ба як падидаи сартосарӣ дар Тоҷикистон табдил шудааст. Ин созмон мегӯяд, вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров пеш аз боздошташ аз шиканҷа шудани Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ хабар дода буд. Ин созмон мегӯяд, соли 2015 барои худи вакилони мудофеъ низ мушкил буд ва дар оғози ҳамон сол Шӯҳрат Қудратов ба нӯҳ соли зиндон маҳкум гардид. Баъдан, дар моҳи октябр Бузургмеҳр Ёров низ ба иттиҳоми тақаллуб боздошт шуда, ҳоло барои ифротгароӣ низ муттаҳам мешавад.

Созмони Афви Байналмилалӣ инчунин аз маҳдуд шудани озодии баён дар Тоҷикистон нигаронӣ кардааст. Ин созмон мегӯяд, дар тӯли соли гузашта чанде аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва торнамоҳои хабарӣ баста шуда, мақомот то ҳол далели чунин тасмими худро рӯшан шарҳ надодаанд. Чизе, ки аз ҷумла нигаронии Афви Байналмилалиро ба бор овардааст, танҳо тавассути Оҷонсии давлатии “Ховар” берун омадани ҳамаи иттилооти идораҳои давлатист.

Денис Кривошеев, муовини раиси барномаҳои Аврупо ва Осиёи Марказии ин созмон дар пайи маросими муаррифии гузориши нави Афви Байналмилалӣ дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ Акрами Абдуқаҳҳор дар шаҳри Маскав гуфт, бо назардошти мушкилоти зикршуда вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон "нигаронкунанда" ва қабл аз ҳама "шароити кори мудофеони ҳуқуқи инсон сантинтар шудааст".

Вай гуфт, сабаби аслии фишор болои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва санҷишҳои ногаҳониву басташавии баъзе аз онҳо дар тағйирёбии муҳити сиёсии ин кишвар аст: "Баста шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, танҳо ҳизби исломӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ, ки узви парлумон ҳам буд, хеле нороҳат мекунад".

Ҳадафи мақомот, гуфт ӯ, "поккории фазо" аст. Дар савол ба вокуниши нокофии ҷомеаи ҷаҳонӣ, ӯ гуфт, "Ин ҷо танҳо як сабаб буда метавонад: кишварҳое, ки метавонанд ба ҳукумати ин кишвар таъсир расонанд, аз кадом ҷиҳате дар Тоҷикистон манфиат доранд. Агар ин манфиатҳо стратегӣ бошад, пас масоили ҳуқуқи башар гаравгони манфиатҳои стратегӣ мешаванд".

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нигаронии "Афви байналмилал" аз вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон.