Ду умеди Amnesty аз Тоҷикистон дар миёни сели "ваъдаҳои холӣ"

Намояндаи созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) мегӯяд, ду воқеа дар Тоҷикистон ин ниҳодро умедвор кардааст, ки агар ҳукумати Тоҷикистон иродаи сиёсӣ нишон диҳад, метавонад, шиканҷаро дар ин кишвар аз байн барад.
Рейчел Батлӣ аз бахши таҳқиқи Осиёи Марказӣ дар созмони Афви Байнулмилал ба Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон шиканҷаро ҳамчун ҷиноят ба қонуни ҷазо шомил кард ва ҳамчунин бори аввал ба хонаводаи шахсе, ки дар боздоштгоҳ ба ҳалокат расидааст, товони пулӣ пардохта шуд. Ин ду амал, ба гуфтаи хонуми Батлӣ, бахшҳое аз як барномаи ҳукумати Тоҷикистонанд, ки ваъда додааст, шиканҷаро дар ин кишвар аз байн мебарад.

“Аммо, -- меафзояд ӯ, -- ҳанӯз ҳам мавридҳои зиёде иттифоқ меафтад, ки кормандони полис ё маъмурони амниятӣ, бино бар иттиҳомот, аз шиканҷа кор мегиранд, аммо ба ҷазо кашонда намешаванд. Ва ҳолатҳое ҳам зиёданд, ки додситонҳо мегӯянд, барои боз кардани парвандаи шиканҷа асосе наёфтаанд. Дар мавридҳои зиёде қурбониёни шиканҷа метарсанд, дар бораи корҳое, ки нисбати онҳо раво дида шудаанд, ошкоро сӯҳбат кунанд, зеро кормандони полис ё маъмурони амниятӣ онҳо таҳдид кардаанд, ки агар чизе гӯянд, ҷазои сахттар хоҳанд дид.”

Дар гузориши нави созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) ҳукумати як қатор кишварҳо айбдор шудаанд, ки ваъдаҳои решакан кардани шиканҷаро иҷро намекунанд. Гузорише зери унвони “30 соли ваъдаҳои холӣ” давраи баъд аз тасвиби қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид зидди шиканҷаро дар соли 1984 дар назар дорад.
Салил Шеттӣ, Дабири кулли Афви Байнулмилал, мегӯяд: “Ҳукуматҳо дар саросари ҷаҳон дар мавриди шиканҷа дурӯяанд, онҳо шиканҷаро қонунан манъ мекунанд, аммо ба истифода шудани он мусоадат менамоянд. Шиканҷа на танҳо аз байн нарафтааст, балки дар бисёре аз қисматҳои ҷаҳон густариш пайдо мекунад ва ҳукуматҳои бештаре онро зери шиорҳои ҳифзи амнияти миллӣ истифода мекунанд.”
Дар соле ки гузашт, на танҳо шикояти падару модарон ва наздикони афроди маҳбус, як навори видеоӣ аз маҳбаси Хуҷанд, чанд муҳокимаи додгоҳӣ, намоиши аксҳо ва ду баррасӣ дар Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал нишон доданд, ки бо вуҷуди ваъдаҳои давлат, шиканҷа ҳамоно ба яке аз мушкилоти аслии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Тазод дар он аст, ки сарусадои зиёд мебоист ба кам шудани бадрафторӣ бо боздоштшудагону маҳбусон сабаб мегашт, аммо ҳуқуқшиносон мегӯянд, баръакс дар соли 2013 зӯроварӣ нисбати боздоштшудагон бештар аз гузашта буд. Ин ҳам дар ҳоле, ки тамоми сол парвандаҳои пусарусадои шиканҷа шудани Баҳромиддин Шодиев, Садриддин Тошев, Суннатулло Ризоев, Ҳамза Икромзода, ба ҳайси ҷавобгари марги Сафаралӣ Сангов 46 ҳазору 500 сомонӣ товон додани вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва мавридҳои дигар дар мадди назарҳо буд.

Додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода моҳи феврали соли равон гуфт, ки дар як сол 16 нафар шикоят карданд, ки шиканҷа дидаанд. Аммо, тавре ӯ дар ҳамин нишасти хабарӣ изҳор дошт, дар ҳамин муддат танҳо 4 парвандаи ҷиноии марбут ба шиканҷа боз шудааст. Зоҳиран, дар аксари мавридҳо мақомот парвандаҳои шиканҷаро ба “саҳлангорӣ ва хунукназарӣ” иваз мекунанд ё шикояткунандагон зери таҳдид аризаҳои худро бозпас мегиранд.

Умедҷон Тоҷиев

Бо ишора ба марги Умедҷон Тоҷиев, узви ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон, ки гуфта мешавад бо фирор аз қабати дувуми бинои милиса худро поён афканда, захмӣ шудааст, ҷаноби Салимзода гуфта буд, ки ин парванда ҳамаҷониба таҳқиқ мешавад. Вале моҳи январ Тоҷиев ба таври мармуз дар бемористони маҳбаси Хуҷанд даргузашт ва наздикони ӯ ба муҳлатҳои гуногун зиндонӣ шуданд.

Дар оғози моҳи апрел Низомиддин Ҳомидови 27-сола баъди боздошт дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Вахш ҳалок шуд. Пулиси маҳаллӣ мегӯяд, ки Низомиддин дар камера худро бо таҳпӯшаш овехтааст. Вале падари ӯ Ҷунайд Ҳомидов мӯътақид аст, ки писараш бар асари шиканҷа ҷон бохтааст.

Рӯзи 25 апрел полис сокини деҳаи Ҳасандараи ҷамоати Ҳакимии ноҳияи Нуробод Саймурод Орзуев боздошт кард, аммо баъди чанд рӯз ҷасади ӯро, ба гуфтаи наздиконаш, бо осори шиканҷа пайдо кардаанд. Аммо вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, Орзуев маст буд ва баъд аз бозпурсию ташхиси тиббӣ ба деҳааш расонда шуда, кормандони полис дар марги ӯ масъул нестанд.