"Фарзандони ман ин зимистон мемиранд"

Созмони Amnesty International ё Афви Байналмилал шумораи фирориёни дохилӣ дар Афғонистонро дар се соли охир як миллиону дусад ҳазор ҳисоб кардаааст.

Дар гузориши ахири ин созмони мустақар дар Лондон бо номи "Фарзандони ман ин зимистон мемиранд", гуфта шудааст, ки теъдоди муҳоҷирони дохилӣ ва афроди беҷошуда назар ба се соли пеш ба камияш ду баробар афзоиш ёфтааст.

"Агар ин рақамро ба 2 миллиону 600 ҳазор афғоне, ки дар хориҷи кишвар паноҳ бурдаанд, зам кунем, мебинем, ки тайи чиҳил соли ахир тақрибан ҳар як хонавода дар Афғонистон заҳри ғарбиро чашидааст," -- омадааст дар гузориши Афви Байнулмилал.

Бино ба ин гузориш, ки рӯзи 31 май нашр шуд, афроди беҷошуда ва муҳоҷирони дохилӣ ба мушкили дарёфти сарпаноҳи муносиб ва оби поку ғизо мувоҷеҳанд, ба хадамоти тиббӣ дастрасӣ надоранд ва кӯдаконаш аз имкони таҳсил дар мактаб маҳрум мондаанд. Созмони Афви Байнулмилал гузориши тозаи худро дар пояи сӯҳбат бо сад хонавода дар қароргоҳҳои муҳоҷирони дохилӣ дар шаҳрҳои Ҳирот, Кобул ва мазори Шариф таҳия кардааст.

Олоф Бломквист, пажуҳишгари бахши Осиёи ҷанубии созмони Афви Байнулмилал, дар бораи теъдоди беҷошудагон гуфт, ки “танҳо дар чанд моҳи аввали соли 2016 беш аз сад ҳазор нафар маҷбур ба тарки манзил шуданд. Агар мо онро рӯз ба рӯз тақсим кунем, мебинем, ки ҳар рӯз дар Афғонистон ҳазор нафар водор мешаванд, то манзилҳои худро тарк кунанд”.

Чампа Пател, мудири созмони Афви Байнулмилал дар умури Осиёи Ҷанубӣ қабл аз муаррифии гузориш бо таассуф изҳор намуд, дар ҳоле, ки таваҷҷуҳ ба Афғонистон коҳиш меёбад, мо ҳарчӣ камтар дар бораи вазъи сангини афроди аз ин низоъ зарардида фикр мекунем. Вазъи ин афрод баъд аз он бадтар шуд, ки бо хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон дар поёни соли 2014 задухӯрдҳо миёни нерзҳои амниятии Афғонистон ва Толибон шиддат гирифтанд. Афроди зиёде аз оташи ҷанг гурехта дар қароргоҳҳои фирориён дар дохили кишвар муқимӣ шуданд.

Гузориши Авфи Байнулмилал вазъияти фирориён дар қароргоҳҳои муваққатро номуносиб хонда, гуфтааст, ки бо афзоиши теъдоди беҷошудагон вазъи ин қароргоҳҳо рӯз то рӯз бадтар мешавад. Олоф Бломквист, пажуҳишгари бахши Осиёи ҷанубии созмони Афви Байнулмилал, дар идомаи сӯҳбаташ мегӯяд, “воқеан, ин одамон бо як вазъи сангине маҷбур ба тарки манзилҳояшон шуданд ва болои онҳо шароите таҳмил шудааст, ки хело дарднок аст. Дар қароргоҳҳо касе нест, ки аз онҳо ҳимоят кунад, ҳуқуқашонро ҳифз намояд ва ё барояшон кумакҳоеро фароҳам овараду ниёзашонро бароварда созад."

Бино ба гузориши Афви Байнулмилал, қаблан ҳукумати Афғонистон ваъдаи ислоҳи вазъ ва таҳияи стратегияи нави кор оид ба афроди беҷошударо карда буд. Аммо ба назар мерасад, ки ин ваъдаҳо рӯи коғаз мондаанд. Масъулони созмон ба он нукта ҳам таъкид кардаанд, ки вазорати умури муҳоҷирини Афғонистон пайваста ба иттиҳоми фасод ва бемасъулиятии кормандонаш рӯ ба рӯ мешавад.

Олоф Бломквист, пажуҳишгари бахши Осиёи ҷанубии созмони Афви Байнулмилал изҳор намуд, ки ин иттиҳомот ҷомеиаи ҷаҳониро сахт нигарон кардааст.