Созмони “Афви байналмилалӣ” мегӯяд, иҷрои ҳукми қатл дар соли гузашта ба хотири ҳадафҳое, чун мубориза бо ҷинояткорӣ, маҳви терроризм ва ҳифзи суботи иҷтимоӣ афзоиш ёфтааст. Тоҷикистон 10 сол боз ягон ҳукми қатл содир накардааст.
Созмони “Афви байналмилалӣ”(“Amnesty International”) дар гузориши солонааш, ки рӯзи 1 апрел нашр шуд, мегӯяд, дар соли 2014 дар маҷмӯъ дар 55 кишвари дунё дастикам 2466 ҳукми қатл содир шудааст. Дар соли 2013 теъдоди ҳукмҳои қатли содиршуда 25 дарсад камтар, яъне 1925 будааст.
Дар айни замон иҷрои ҳукми эъдом дар соли 2014, бино ба ин гузориш, қариб 22 фоиз коҳиш ёфта, дар ин як сол дастикам 607 маҳкумро эъдом кардаанд. Дар соли 2013, ба ҳисоби “Афви байналмилалӣ”, дар дунё дастикам 778 ҳукми эъдом иҷро шуда буд. Ин оморҳо ба истиснои Чин аст, ки рӯи омори марбут ба судур ва иҷрои ҳукмҳои қатл мӯҳри сирри давлатӣ задааст ва шумори эъдомшудагонро ҳеҷ гоҳ эълон намекунад. Чиара Сангиоргио, мушовири “Афви байналмилалӣ” дар масоили ҳукми қатл дар Амрико, Осиё ва Уқёнусия ба Озодӣ гуфт: “Чин иҷрокунандаи рақами яки ҳукмҳои қатл боқӣ мемонад ва (чун дар солҳои гузашта) танҳо худаш шумори назар ба тамоми кишварҳои дигари дунё бештари
маҳкумонро ба қатл мерасонад.”
Аммо аз мавридҳои маълумшудаи иҷрои ҳукми эъдом дар кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ 90 дарсадаш танҳо дар 3 кишвар – Эрон, Арабистони Саудӣ ва Ироқ – иҷро шудааст. Аз ҷумла дар соли гузашта дар Арабистони Саудӣ 90 ва дар Ироқ 61 муҷримро эъдом кардаанд. Мақомоти Эрон 289 мавриди иҷрои ҳукми эъдомро таъйид мекунанд ва ин дар ҳолест ки аз ин кишвар дар бораи дастикам 454 мавриди дигари иҷрои ҳукми эъдом низ ба созмонҳои ҳуқуқ гузоришҳо расидаанд.
Олуватосин Попоола, мушовири “Афви байналмилалӣ” дар масоили ҳукми қатл дар Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва Саҳрои Кабир ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ба бовари мо, мақомоти Эрон ҳукмҳои эъдомро ба таври махфӣ иҷро мекунанд.”
Акнун ба ин се кишвари минтақа Миср ҳам “баробар” мешавад, чунки дар соли 2014 додгоҳҳои ин кишвари арабӣ дастикам 509 ҳукми эъдом содир карда, дар Миср дастикам 15 чунин ҳукм иҷро шудааст.
Дар соли гузашта дар маҷмӯъ танҳо 22 кишвар, яъне тақрибан даҳяки кишварҳои дунё даст ба иҷрои ҳукми қатл задаанд. Шумори чунин кишварҳо дар соли 1995, барои мисол, 41 адад буд.
Дар соли 2014, ҳамин тавр, ба ҳисоби “Афви байналмилалӣ”, дар Афғонистон 6 ҳукми қатл, дар Миср – дастикам 15, дар сарзаминҳои фаластинии навори Ғаза, ки таҳти назорати гурӯҳи Ҳамос қарор дорад – дастикам 2, дар Ҷопон – 3 ва дар Яман – 22 ҳукми эъдом иҷро шудаанд. Бино ба ин гузориш, аз байни кишварҳои Аврупо ва Шӯравии собиқ танҳо Беларус то ҳол рӯи иҷрои ҳукми қатл мораторий ҷорӣ накардааст. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар соли гузашта дар ин кишвар 3 ҳукми қатл иҷро шуд.
Киро ва барои чӣ эъдом мекунанд?
“Афви байналмилалӣ” мегӯяд, аксари ҳукмҳои қатл дар шароити махуф иҷро шуда, хешовандону вакилони маҳкумин танҳо баъди иҷрояш хабардор мешаванд. Гуфта мешавад, аксари ҳукмҳои эъдом аз сӯи додгоҳҳое содир мешаванд, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалии муҳокимаи одилона нестанд. Гузориш мегӯяд, дар бархе мавридҳо нафарони ба қатл маҳкумшуда ба гуноҳи худ таҳти шиканҷаву бадрафториҳои дигар “эътироф” кардаанд.
“Афви байналмилалӣ” менависад, мардумро то ҳол барои ҷароиме, чун “куштори барқасдона”, ки тибқи меъёрҳои байналмилалӣ, ҷинояти сангин
маҳсуб намешаванд, маҳкум ба қатл мекунанд. Дар Эрон барои қочоқи маводи мухаддир, дар Покистон барои “тавҳин ба Худо” ва дар Афғонистон барои таҷовуз ба номус низ ҳукми қатл пешбинӣ шудааст.
Вазъи ҳукми қатл дар Осиёи Марказӣ
Дар Осиёи Марказӣ - Узбакистон, Туркманистон ва Қирғизистон судури ҳукми қатлро барои тамоми анвои ҷиноят аз қонунгузориашон бардоштаанд ва дар рӯйхати “Афви байналмилалӣ” дар байни кишварҳои “ABOLITIONIST FOR ALL CRIMES”, яъне кишварҳое ки ҳукми қатлро пурра лағв кардаанд, меоянд. Ин се кишвари Осиёи Марказӣ ба протоколи
дуюми иловагӣ ба Паймони байналмилалии ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ имзо кардаанд, ки истифодаи ҳукми қатлро истисноан танҳо дар замони ҷанг иҷозат медиҳад.
Қазоқистон дар гузориши “Афви байналмилалӣ” дар рӯйхати “ABOLITIONIST FOR ORDINARY CRIMES ONLY”, яъне миёни кишварҳоест, ки ҳукми эъдомро танҳо барои ҷиноятҳои муқаррарӣ бекор кардааст. Аммо Тоҷикистон дар рӯйхати “ABOLITIONIST IN PRACTICE”, яъне кишварҳое ки дар амал аз иҷрои ҳукми қатл даст кашидаанд, қарор дорад. Қазоқистон аз декабри соли 2003 ва Тоҷикистон аз 15 июли соли 2004 иҷрои ҳукми қатлро таҳти мораторий гузоштаанд.
Ҳукми қатл барои терроризм, таҷовуз ва куштор
Дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ҳукми қатл ҳамчун ҷазо барои дастикам 3 навъи ҷиноят – одамкушӣ, таҷовуз ба номус ва терроризм - боқӣ мондааст. Дар моддаи 47-уми Кодекси ҷиноӣ (Намудҳои ҷазо) дар баробари ҷарима, ҳукми зиндон, мусодираи молу мулк ва амсоли ин ҷазои қатл ҳам зикр шуда, дар моддаи 59-и Кодекс гуфта мешавад:
1) Ҷазои қатл дар шакли паррондан ҳамчун чораи истисноӣ танҳо барои ҷиноятҳои зерин муқаррар карда мешавад: одамкушӣ (қисми дуюми моддаи 104), таҷовуз ба номус (қисми сеюми моддаи 138), терроризм (қисми сеюми моддаи 179),
2) Қатл ба зани ҳомиладор ё шахси то синни ҳаждаҳсолагӣ ҷиноят содирнамуда таъин карда намешавад.
3) Ҷазои қатл ба тариқи бахшиши ҷазо мумкин аст ба якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати бисту панҷ сол иваз карда шавад.
Аммо дар моддаи 1.1 аз 15 июли соли 2004 таъкид шудааст, ки минбаъд дар Тоҷикистон ҳамчун алтернативаи ҷазои қатл ҳукми абад истода
шавад.
Ҳоло дар кишвар баҳси мавзӯи лағви комили ҳукми қатл идома дорад. Ҳукумат дар соли 2010 ба ин хотир гурӯҳи махсусеро таҳти раҳбарии мушовири раисиҷумҳур дар масоили ҳуқуқӣ Ҷумъахон Давлатзода созмон дода буд. Ба гуфтаи як манбаъ, ин гурӯҳ корашро алакай анҷом додаву хулосаҳояшро ба гурӯҳи кории парлумон супурдааст.
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, инки Душанбе ба эҳёи ҳукми қатл дигар бар нахоҳад гашт, дар сатҳи сиёсӣ пурра ҳалшуда аст, вале мушкил ин аст, ки ҳукми қатл дар Қонуни асосӣ ҳам зикр шудааст ва барои тағйири он бояд райъпурсии саросарӣ барпо кард.
Дар моддаи 18-уми Қонуни асосии Тоҷикистон дар ҳақиқат ин нукта ҳаст:
"Моддаи 18. Ҳар кас ҳаққи зиндагӣ дорад. Ҳеч кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин.”
Аммо Нигина Баҳриева, раиси созмони ҳомии ҳуқуқи “Нота Бене” мегӯяд, “ҳукми қатл дар Қонуни асосӣ фақат шартан оварда шудааст ва дар сурати лағви он аз Кодекси ҷиноӣ шарт нест, ки Қонуни асосиро тағйир диҳем.”
Ҳукми қатл дар Тоҷикистон дар солҳои 90 ва ибтидои солҳои 2000-ум фаровон корбурд мешуд. Охирин мавриде, ки дар соли 2004, дар арафаи мораторийи ҳукми эъдом ҳомиёни ҳуқуқ дар бораяш садо баланд карданд, сарнавишти 8 ҷангии собиқи фармондеҳи кушташудаи нирӯҳои мухолифин дар шарқи пойтахт Раҳмон Сангинов, мулаққаб ба “Раҳмон-Гитлер” буд, ки баъди саркӯби ин гурӯҳ бо ҷароими сангине, чун қатлу ғорат ва гаравгонгирӣ маҳкум ба қатл шуданд.
Додгоҳҳои Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2005 дигар ягон ҳукми қатл содир накарда, маъмулан муҷримонро якбора ба ҳабси абад маҳкум мекунанд.
Фалсафаи лағви ҳукми қатл
Дар ин авохир дар ҷомиа, бахусус дар пасманзари чанд моҷарои пурсарусадое, чун таҷовуз ба номуси духтарони хурдсол, садоҳо бо талаби эҳёи ҳукми қатл дар Тоҷикистон аз нав баланд шуданд. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ҳам дар соли 2013 гуфта буд, “шахсан мухолифи лағви ҳукми қатлам, зеро баъзан дар кишвар ҷиноятҳои даҳшатоваре сар мезананд, ки бахшидани онҳо имкон надорад ва мумкин ҳам нест.” Аммо Нигина Баҳриева мегӯяд, талаби эҳёи ҳукми қатл баъди ҷиноятҳои пурсарусадо бештар як табиати эҳсосотӣ дорад ва дар асл фикри ҷомиа дигар аст. Бар асоси назарсанҷие, ки созмони “Нота Бене” ду сол пеш анҷом додааст, 67 фоизи мардуми Тоҷикистон алайҳи
эҳёи ҳукми қатл будаанд. Бисёриҳо дар ин назархоҳӣ ҳамчунин гуфтаанд, ҳаётро ба инсон Худо медиҳад ва инсон ҳаққи куштани як инсони дигарро надорад. Хусусан бо дарназардошти инки дар шароити низоми додгоҳии Тоҷикистон эҳтимоли ба қатл маҳкум шудани одамони бегуноҳ хеле зиёд аст.
Нигина Баҳриева мегӯяд, фалсафаи асосии тарафдорони аз байн бурдани ҳукми қатл низ ҳамин аст: “Ҳатто дар кишварҳои соҳиби низоми додгоҳии пешрафта имкони иштибоҳ дар судури ҳукм вуҷуд дорад. Вале вақте кас ба қатл маҳкум ва ҳукмаш иҷро мешавад, онро дигар ислоҳ кардан имкон надорад. Ҳатто агар баъди чанд сол маълум шавад, ки ин нафар бегуноҳ будааст.”
Имрӯз дар дунё 130 кишвар аз баҳри ҳукми қатл гузаштаанд. Аз ин шумор 95 кишвар ин навъи ҷазоро пурра аз байн бурда, 35 кишвар дастикам 10 сол боз рӯи он мораторий гузоштаанд. 9 кишвар ҳукми қатлро танҳо барои ҳолатҳои истисноие, чун замони ҷанг, нигоҳ доштаанд. Аммо 58 кишвар то ҳол ҳукми қатлро ҳам дар қонунгузорӣ ва ҳам дар таҷрибаашон ҳифз кардаанд.
Масъалаи лағви ҳукми қатл аз ҷумлаи тавсияҳои СММ ба ҳукумати Тоҷикистон аст, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, зимни баррасии гузориши навбатии ҳуқуқи башари ҳукумат дар моҳи январи соли 2016 аз нав дар миён гузошта хоҳад шуд.