AI: Шиканҷа дар Тоҷикистон фарогир боқӣ мемонад

“Amnesty International” мегӯяд, шиканҷаву бадрафторӣ дар Тоҷикистон як зуҳуроти фарогир боқӣ мемонад ва омилони шиканҷа дар ин кишвар хеле ками дар кам ба ҷазо мерасанд.

Мақомоти Тоҷикистон вуҷуди мавридҳои ҷудогонаи шиканҷа ва бадрафторӣ нисбат ба боздоштшудаҳоро эътироф мекунанд, вале мегӯянд, ин чунон падидаи фарогире нест, ки созмони “Amnesty International” дар гузориши солонааш тасвир мекунад.

Созмони “Amnesty International” (AI), як гурӯҳи байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон, марказаш дар Лондон рӯзи 25 феврал дар гузориши солонааш таҳти унвони “Вазъи ҳуқуқи башари ҷаҳон” соли 2014-ро як соли фалокабор барои миллионҳо нафаре номид, ки ин солро ҳам дар шароити пур аз хушунат ба сар бурдаанд. Ин созмон дар гузоришаш посух, ба таъбири муаллифон, “шармовар ва беасар”-и дунё ба низоъҳо ва бадрафтории ҳукуматҳо ва гурӯҳҳои силоҳбадастро маҳкум карда, аз давлатҳо хостааст аз ин иддао, ки гӯё “ҳимояти мардуми мулкӣ хориҷ аз салоҳияти онҳост” даст бикашанд.

Дар бахши Тоҷикистон гузориши солонаи “Amnesty International” гуфта мешавад, шиканҷа ва дигар навъҳои бадрафторӣ нисбат ба боздоштшудагон дар ин кишвар ба сурати густарда боқӣ монда, омилони шиканҷа ҳамчунон беҷазо мемонанд. Ҳукумати Тоҷикистон, бино ба ин гузориш, дар роҳи озодии баёну озодии гирдиҳамоиҳо маҳдудиятҳои боз ҳам бештар эҷод кардааст.

Муаллифон аз нооромиҳои моҳи майи соли 2014 дар Хоруғ ёд овардаанд, ки сабабаш кушта шудани се нафар дар ҷараёни як амалиёти пулис буд ва эътирозҳои густарда дар маркази вилояти мухтори Бадахшон печид. Аммо таҳқиқи ин қазия то поёни сол анҷом наёфт. Ҳамин тавр, таҳқиқи даргиирҳои моҳи июли соли 2012 дар шаҳри Хоруғ, ки мунҷар ба ҳалокати даҳҳо нафар, аз ҷумла дастикам 22 тан аз мардуми мулкӣ шуд, низ то ҳол анҷом наёфтааст ва як маълумоти мӯътамад дар бораи шумори қурбониёни ин ҳаводис низ, бино ба гузориши “Amnesty International”, дастрас нест.

Дар бахши шиканҷа ва бадрафториҳои гузориш гуфтаа мешавад, ки бо вуҷуди таҳияи Барномаи амали ҳукумат бар асоси тавсияяҳои соли 2013-уми Кумитаи зидди шиканҷаи СММ, шиканҷа ва бадрафториҳои дигар дар Тоҷикистон як зуҳуроти фарогир боқӣ мемонад. Созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2013 то 8 октябри соли 2014 24 мавриди шиканҷа нисбат ба боздоштшудаҳоро сабт ва санад кардаанд. Аммо бисёре аз наздикони қурбониёни шиканҷа аз тарси таъқибот аз шикоят ба мақомот парҳез мекунанд ва ҳамин тавр, бисёре аз мавридҳои дигари шиканҷаву бадрафторӣ сабт намешавад.

Маҳмадалӣ Ватанов

Аммо Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони парлумони Тоҷикистон рӯзи 25 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, натиҷагирии созмони “Amnesty International” дуруст нест. Ӯ эътироф кард, ки мавридҳои ҷудогонаи бадрафторӣ нисбат ба боздоштшудагон ҳанӯз мушоҳида мешавад, “вале ин мавридҳои ҷудогона аст, на як падидаи фарогир. Аз тарафи дигар, мо тамоми заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо шиканҷаро фароҳам овардаем ва ҳанӯз дар соли 2012 дар Кодекси ҷиноӣ бахши махсуси шиканҷаро ворид кардем.”

Моддаи 117-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои шиканҷа ҳамчун ҷазо аз 3 то 7 соли зиндонро муқаррар кардааст. Вале “Amnesty International” дар гузориши солонааш мегӯяд, таъқиботи ҷиноӣ алайҳи маъмурони интизомии муттаҳам ба шиканҷа ангуштшуморанд ва пайваста тӯл мекашанд ваё нотамом мемонанд. Бо гузашти 3 сол аз ворид кардани банди шиканҷа дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне то поёни соли 2014, бино ба гузориши “Amnesty International”, дар ин кишвар танҳо 4 афсар бо ҷурми шиканҷа маҳкум шудаанд ва ду нафари онҳо - шартан.

Дар моҳи апрели 2014 мақомот тафтиши парвандаи ду афсареро, ки ба шикнаҷа нисбат ба Исмонбой Бобоев айбдор мешаванд, ба далели ... бад шудани вазъи саломатии яке аз гумонбарон мутаваққиф карданд. Бобоев ҳанӯз моҳи феврали соли 2010 дар боздошт даргузашт, вале то ҳол омилони марги ӯ ба муҷозот кашонда нашудаанд.

Тоҷикистон, бино ба ин гузориш, талабҳои СММ дар мавриди парвандаҳои алоҳидаро низ иҷро намекунад. Дар моҳи июни соли 2013 як ниҳоди нозири боздоштҳои худсарона дар СММ раҳоии Илҳом Усмоновро талаб кард, ки гуфта мешавад, дар ноябри соли 2010 худсарона боздошту шиканҷа шудааст. Аммо ӯ то поёни соли 2014 ҳамчунон дар боздошт қарор дошт.

Бино ба гузориш, вакилони мудофеъ пайваста аз имкуони мулоқот бо муваккилонашон дар боздошт ҳатто барои чанд рӯз маҳрум карда мешаванд. Бахусус дар боздоштгоҳҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ.

Гузориш ҳамчунин аз Умед Тоҷиев, узви 34-солаи ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон ёд овардааст, ки рӯзи 19 январи соли 2014 дар боздошт даргузашт. Тоҷиев рӯзи 30 декабри соли 2013 дар Исфара дастгир шуда, рӯзи 4 ноябр ба ташкили гурӯҳи ҷиноӣ айбдор шуд, вале вакилаш танҳо рӯзи 13 ноябр тавонист бо вай мулоқот кунад. Наздиконаш мегӯянд, ки ӯ дар боздошт мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор дошт ва бо вуҷуди онки ҳарду пояш шикаста буд, то 4 январ ӯро бо кӯмаки тиббӣ таъмин накардаанд.Таҳқиқи парвандаи марги Умед Тоҷиев низ, бино ба гузориши “Amnesty International”, то поёни соли 2014 ҳанӯз анҷом нашуда буд.

Дар бахши озодиҳои баёни гузориш гуфта мешавад, дар Тоҷикистон сиёсаматдорон, фаъолони ҷомиаи шааҳрвандӣ ва хабарнигорон барои танқиди ҳукумат мавриди таъқиб қарор мегиранд.

Муаллифон аз ҷумла 15 даъвои додгоҳӣ алайҳи расонаҳо дар солҳои 2013-214, аз ҷумла ба пардохти 30 000 сомонӣ товон маҳкум шудани ҳафтаномаи “Азия Плюс” ва хабарнигораш Олга Тутубалина дар феврали соли 2014, бо вуҷуди нигаронии Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ба 26 соли зиндон маҳкум шудани раҳбари ҳизби мухолифи Тоҷикистони нав Зайд Саидов, бо гумони ҷосусӣ дастгир шудани Александр Содиқов, созмони экстремистӣ эътироф ва манъ шудани фаъолияти “Гурӯҳи 24” дар моҳи октябр, муваққатан ва батакрор масдуд кардани дастрасӣ ба даҳҳо сомонаи интернетӣ, бо шумули шабакаҳои иҷтимоӣ ва манъи фаъолияти созмони “Ампаро”-ро дар ҷумлаи мавридҳое ном бурдаанд, ки ба ақидаи онҳо, аз эҷоди маҳдудиятҳои бештар дар роҳи озодии баён ва озодии гирдиҳамоиҳо дар Тоҷикистон дарак медиҳанд.