Раъйи парлумони Украина барои пароканда сохтани Шӯрои Олии Қрим

Парлумони Украина барои пароканда сохтани Шӯрои олӣ ва ё парлумони минтақавии Қрим раъй дод.
Аз 278 нафар намояндагони Верховная Рада аксарият ба ҷонибдорӣ аз пароканда кардани Шӯрои Олии минтақаи худмухтори Қрим раъй доданд. Ин дар ҳолест, ки фардо якшанбеи 16-уми март дар минтақаи худмухтори Қрим барои таъйини сарнавишти ин минтақа, ҳамапурсӣ доир мешавад.

Ҳамзамон интизор меравад, ки Шӯрои Амнияти СММ барои ҳифзи тамомияти арзии Украина қатъномае ба тасвиб расонад. Тарҳи ин қатъномаро барои баррасӣ Амрико ба Шӯрои Амният пешниҳод кардааст ва дар он ҳамчунин гуфта мешавад, ки новобаста ба натиҷаҳои райпурсиии рӯзи якшанбе, ки пайвастани Қрим ба Русияро пешбинӣ мекунад, ин райпурсӣ “эътибор нахоҳад дошт”.

Ҷонибдорони тарҳи қатъномаи Шӯрои Амният хуб медонанд, ки Русия ба ин тарҳ вето хоҳад гузошт. Аммо Саманта Повер-намояндаи Амрико дар СММ гуфт, ин кор ба хотири он анҷом мегирад, ки Русия дар инзиво қарор доштани худро бубинад, зеро “роҳи ғайри сулҳомези” ҳали масъаларо пеш гирифтааст. Ҷонибдорони ин тарҳ медонанд, ки аз 15 узви Шӯрои Амният 13-тои он ба ҷонибдорӣ раъй медиҳанд, вале умед доранд, ки Чин-ҳампаймони наздики Русия аз раъйдиҳӣ худдорӣ мекунад.

Русия ва Амрико дар бораи Украина ба тавофуқ нарасиданд

Амрико мегӯяд, ки натиҷаҳои ҳамапурсӣ дар нимҷазираи Қримро нахоҳад пазируфт, аммо Русия бори дигар таъкид кард, ки ба натиҷаи ин ҳамапурсӣ эҳтиром қоил аст.


Ба дунболи дидори вазирони умури хориҷии Амрико ва Русия барои гуфтугӯҳо дар бораи буҳрони Украина, Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА таъкид кардааст, ки натиҷаи ҳамапурсии Қримро ба расмият нахоҳад шинохт ва Русия гуфтааст, ки ба натиҷаҳои ин ҳамапурсӣ эҳтиром мегузорад.

Ҷон Керрӣ рӯзи ҷумъаи 14-уми март пас аз ҳудуди шаш соат мулоқоту гуфтугӯ бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар Лондон гуфт, Амрико ва ҷомеаи байналмилалӣ ҳамапурсии Қримро ба расмият намешиносанд ва афзуд, ки қабули ин ҳамапурсӣ аз сӯи парлумони Русия ба маънои талоши "ғайримустақим"-и ин кишвар барои пайвастани Қрим ба Русия аст.

Ӯ гуфтааст, ки ҳамапурсӣ дар Қрим ба иловаи ин, ки нақзи қонунҳои байналмилалӣ аст, мухолифи тамоми талошҳои қонунӣ барои ҳифозат аз манфиатҳои сокинони Қрим ва ҳамчунин дар мухолифат бо ҳаққи ҳокимият ва тамомияти арзии Украина аст.

Ин дар ҳолест, ки Сергей Лавров, пас аз ин дидор таъкид кард, ки Русия ба натиҷаҳои ин ҳамапурсии Қрим эҳтиром хоҳад гузошт. Оқои Лавров дар нишасти хабарии худ эълом кард, ки Русия ва Амрико бар сари Украина "дидгоҳҳои муштарак" надоранд. Вай бо вуҷуди ин, гуфтугӯҳоро "муфид" номид.

Қарор аст фардо, якшанбеи 16-уми март дар нимҷазираи Қрим дар бораи сарнавиштаи ин бахш аз кишвари Украина ҳамапурсӣ баргузор шавад. Аксарияти аҳолии ин минтақа дар ҷануби Украинаро русзабонон ташкил медиҳанд.

Давлати Украина аз қабл ҳамапурсӣ дар Қримро ғайриқонунӣ хондааст. Дар ҳамин ҳол Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо низ таъкид кардаанд, ки баргузории ҳамапурсӣ дар ин нимҷазира, ки ду миллион аҳолӣ дорад, нақзи Қонуни асосии Украина ва қонунҳои байналмилалӣ аст. Агар мардуми Қрим раъй ба ҷудоӣ аз Украина бидиҳанд, Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо дар назар доранд, то таҳриҳоеро алайҳи мансабдорон ва бахши тиҷории Русия ҷорӣ кунанд.